Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми ҶТ мақолаи «Мактаби фиреб, ё фиреби мактаб?» (СССР, 30.03.2017, №13)-ро, ки аз ҷониби сокинони деҳаи Обҷувози ш.Истаравшан ҷиҳати сохтмони муассисаи таълимии №50 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод. Бояд гуфт, ки аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосӣ сохтмони муассисаи таълимӣ барои 240 ҷои нишаст дар деҳаи Обиҷомаки ҷамоати деҳоти Гули сурх, сохтмони муассисаи таълимӣ барои 300 ҷои нишаст дар ш.Истаравшан ва сохтмони Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ барои 320 ҷои нишаст дар ш.Истаравшан идома дошта, тибқи нақшаи пешакӣ иншооти мазкур соли 2018-2019 ба истифода дода мешаванд. Маврид ба ёдоварист, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ҷиҳати сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва кам намудани теъдоди иншооти сохтмонаш нотамоми соҳаи маориф номгӯи иншооти сохташаванда аз ҳисоби марҳилаи 4-уми Фонди Саудии Рушд таҳия ва бо Ҳукумати ҶТ мувофиқа карда шудааст. Ба ин руйхат сохтмони бинои муассисаи таълимии №15 барои 240 ҷои нишаст дар деҳаи Сӯфӣ Орифи ҷамоати деҳоти Зарҳалоли ш.Истаравшан ворид карда шуда, тибқи нақша сохтмони иншооти мазкур нимаи дуюми соли равон оғоз карда мешавад. Тибқи маълумот сохтмони муассисаи таълимии №50 ба руйхати иншооти сохташавандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ворид шуда, оғози сохтмони иншооти мазкур ба таъхир монда шудааст. Аз ин рӯ, истиқоматкунандагон метавонанд ҷиҳати тезонидани сохтмони иншооти мазкур ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муроҷиат намоянд.
А.Зарипов, сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати
маориф ва илм