ХАБАРИ ДОҒ

Мансуров: домулло Абдураҳмонро ман накуштаам!

  • Душанбе, Нояб 06 2017


Ахиран 1 сокини Ҳисор собиқ раиси шаҳри Душанберо дар қатли падари худ муттаҳам кард. Тафтишот шуруъ шудааст…

Автобиографияи Мансуров
Ҷамолиддин Мансуров 16.10.1951 дар деҳаи Қипчоқи н.Ҳисор ба дунё омада, с.1973 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Тоҷик. Маълумоташ олӣ. Дар вазифаҳои сариқтисодчии кумиҷроияи ноҳия, инструктори шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизбии ҳизби Коммунисти ноҳия, солҳои 1979-1984 раиси совхози "Дружба”-и ноҳия, мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқи Кумитаи ҳизбии ҳизби коммунисти ноҳия, раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи ш.Душанбе кор кардааст. Солҳои 1993-1994 шаҳрдори Душанбе ва сипас то с.2000 муовини Сарвазири ҶТ дар корҳои кишоварзӣ буд. Солҳои 2000-2005 дар мақоми муовини раиси Маҷлиси намояндагон-палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Мири собиқи пойтахт дар назди прокурор!
2 ҳафта пеш прокуратураи шаҳри Ҳисор бар асоси аризаи Бадриддин Сафаралиев санҷишеро оғоз кард. Бадриддин дар аризааш аз қатли 25 сол пеши падараш-Раҳмон Сафаралиев (домулло Абдураҳмон) навишта, дар ин куштор Ҷамолиддин Мансуров-собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, собиқ мэри Душанбе, раиси пешини ҳукумати н.Ҳисор ва депутати собиқи парламентро гумонбар донистааст.
Ба гуфти Бадриддин ва очааш-Мастура (зани домулло), Ҳоҷӣ Раҳмон рӯзи 30.12.1992 ба штаби Фронти Халқии ноҳия даъват шуда, баъд аз тақрибан 1 ҳафта ҷасадашро аз наздикии 1 дашти ноҳия гирифтаанд. Табори домуллои марҳум дар ин қатл собиқ раиси ситоди Фронти халқии н.Ҳисорро гумонбар донистаанд...

Автобиографияи домулло
Домулло Абдураҳмон с.1936 дар ҷамоати Лоҳури ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба дунё омада, аз с.1960 дар Қалъаи Ҳисор мезист. Ӯ дар истгоҳи оббарории совхози 50-солагии СССР кор мекард, ҳамзамон имоми масҷиди Махдуми Аъзами ноҳия будааст. Соли 1992 Домулло дар сафи аввалинҳо ба сафари Ҳаҷ рафт. Яке аз маъруфтарин домуллоҳои ноҳия будааст...

Рафти бебозгаши мулло
Икром Мирзошарифов-муфаттиши прокуратураи ш.Ҳисор гуфтааст, ки аризаи фарзанди домулло Абдураҳмонро мавриди санҷиш қарор додаанд ва аз хонаводаи ҷабрдида ва шоҳидон баёнот мегиранд. Аммо муфаттиш ба хотири сирри тафтишот аз шарҳи бештар худдорӣ кардааст. Дар баёноте, ки Бадриддин додаааст, исми Ҷамолиддин Мансуров-раҳбари онвақтаи штаби Фронти Халқӣ дар ин минтақа ҳамчун гумонбарони қатли падараш омадааст. Аммо Мансуров дар расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ иддаои Бадриддинро рад карда, онро туҳмат номид: “Вазъияти он шабу рӯз барои ҳама маълум аст. Ман серкор ва серташвиш будам. Вазъият дар ноҳия тамоман ноором буд ва Раҳмон Сафаралиевро аслан ба ситод даъват накардаам ва ҳеҷ чизро дар ёд надорам.
Он шабу рӯз шабу рӯзи хеле вазнин буд. Ёдам ҳаст, ки рӯзи 26-уми декабр иҷлосияи Шӯрои олӣ шуд ва баъди иҷлосия маро ба ноҳияҳои Кофарниҳону Файзобод фиристоданд. Нерӯҳои ҳукуматӣ аллакай ин минтақаҳоро гирифта буданд, вале корхонаҳо кор намекарданд ва мо вазифадор шуда будем, ки мардумро бо нон таъмин кунем. Ман он шабу рӯз дар Ҳисор набудам, вагарна намегузоштам, ки чунин кор шавад. Ҳоло 1 ҳафта шуд, ки маро дар бораи ин куштор, ки ба ман ягон алоқамандӣ надорад, бозпурсӣ доранд. Ин ҳама буҳтон аст. Аз оғоз шудани тафтишот ҳеҷ ҷои шикоят надорам, зеро дурӯғ будани он ҳатман собит мешавад. Баръакс, мумкин аст, ман алайҳи онҳо барои туҳмат ариза пешниҳод кунам…».
Бадриддин дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки “дар баёнотам ба додситонӣ навиштам, ки Ҷамолиддин Мансуров гунаҳкор аст ва баъд номи Баҳром Суванов-сардори собиқи шӯъбаи тафтишоти ҷиноии ноҳия, Лутфулло Рӯзиев-муовини раиси вақти штаби Фронти Халқӣ ва Камолиддин Бурҳонов-собиқ муовини сардори СИЗО-и шӯъбаи корҳои дохилии Ҳисор гунаҳкорони асосӣ дар қатли падарам ҳастанд.”

Дар ҷустуҷӯи қотили падар
Мавсуф гуфтааст, падараш гӯё бо даъвати Мансуров ба ситод рафта буд ва дигар барнагашт:
"Пас аз 1 ҳафтаи нопадид шуданаш, муовини раиси вақти ситод-Лутфулло Рӯзиев омад ва гуфт, ки 60.000 рубл диҳеду ҷасадро гиред. Баъди додани маблағ ба дашти “Ғори чумчуқҳо”-и ҷамоати Мирзо Ризо рафта, ҷасади падарро гирифтем".
Ҳасан Қурбонов-сокини деҳаи Карим Девонаи ноҳия аз он рӯзҳои пур аз даҳшат ба муфаттиши прокуратура шоҳидӣ дода, гуфтааст, рӯзҳое, ки Раҳмон дар СИЗО буд, ӯ низ он ҷо қарор дошт. Ба гуфтаи ӯ, яке аз кормандони СИЗО фақат бо Раҳмон «чақ» буд ва ҳамеша ӯро лат мекард. Домулло Абдураҳмонро, ба гуфтаи наздиконаш, аввал ба комиссариати ҳарбӣ ва сипас дар ШКДи ноҳия маҳкам карда, сипас ба мавзеъи “Ғори чумчуқ”-ҳои ҷамоати Мирзо Ризо бурда паррондаанд.
Мансуров дар сӯҳбат ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, номи ӯро бе ягон асос ба қатли ҳоҷӣ Абдураҳмон часпонидаанд. Ӯ бовар дорад, ки нафароне мехоҳанд, бо “ҷунбонидан”-и ин қазияи 25 соли пеш ном ва обрӯи ӯро доғдор кунанд:
«Дар он солҳо ҳама ҷо пур аз гурӯҳҳои мусаллаҳи саркаш буд, ягон касро гӯш намекарданд. Ман он рӯзҳои вазнин мисли дигарон фирор накардам аз Ҳисор, бо халқам истодам ва тамоми кореро, ки аз дастам меомад, кардам, ки нисбат ба мардум бедодгарӣ накунанд. Ҷони садҳо нафарро аз мурдан наҷот додам. Вале Домулло Абдураҳмонро ман намешинохтам, ӯро ман ба ситод даъват накардаам ва даъват карда ҳам наметавонистам, чунки худам он шабу рӯз дар Кофарниҳону Файзобод будам, аслан дар Ҳисор набудам».

6 тири 25 сол пеш андохта
Инак, прокуратураи ш.Ҳисор гӯри ҳоҷӣ Абдураҳмонро шикофта, чанд узви баданашро барои экспертиза гирифтаанд. Писари ӯ Бурҳон гуфтааст, бо оҳанрабо-магнит устухонҳои баданашро ташхис кардаанд ва 6 оҳанпораи монанд ба тир ба магнит часпидааст.
Дуруст аст, ки ҳама иштирокчиёни ҷанги гражданӣ афв шудаанд. Ва шояд қотили домулло Абдурраҳмон ёфт ҳам нашавад. Аммо протсес қобили назар аст. Офарин ва сипос бар писаре, ки баъди чоряк аср низ мехоҳад қотили падарашро ёбад. Фикр мекунем, барои ӯ муҳим нест, ки қотил ёфт ва муҷозо мешавад, ё на? Ин шермард барои мо исбот кардан дорад, ки қонун ва ҳукумат пирӯз омадаанд ва 100 сол пас низ бояд ҷинояткорон ҷазо бинанд.
Браво, Бадриддин. Мо Метавонем!

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter