4.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 14:13 дақиқа.
1 умр дар ин ҷаҳон фақат мелутем,
Дар хоки хунук оқибат меғутем.
Лутидану ғутидани мо фалсафа нест,
Меҳмон ба ҷаҳонем, ягон кас хафа нест.
Хайрандеш, шоир
Чӣ тавр талабаҳо Мафтунаро табобат карданд
4.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 18:01 дақиқа.
Мафтуна-хонандаи синфи 4-и мактаби №30-и деҳаи Лоёбаи н.Рашт тирамоҳи соли 2015 аз дарди гурда шикоят кард. Падараш ӯро ба беморхонаи марказии ноҳия мебарад. Аз он ҷо ба падари ӯ роҳхат дода ба беморхонаи Медгородок мефиристанд ва он ҷо аз акои Ибодулло маблағи калон мепурсанд, аммо ӯ ин пулро надошт. Ба хонааш баргашта мехоҳад, ки аз мардум қарзу қавола карда Мафтунаро табобат кунад. Вақте дар шуъбаи маориф мешунаванд, ба мудирони тамоми мактабҳо дархост мефиристанд, ки қудрат ба тавоноӣ кумак кунанд. Вақте ман пас аз табобат бо акои Ибодулло вохурдам, хурсандона гуфт, ки “бо кумаки шуъбаи маориф аз тарафи хонандагон дар байни 3-4 рӯз кумакпулӣ ҷамъ шуд ва дар муҳлати муайян пулро супорида, духтарамро табобат карда, хона овардам. Аз ҳамаи коркунони шуъбаи маориф, муаллимону хонандагон сипосгузорам, ки дар ин кори хайр ёрии худро дареғ надоштанд”. Бояд гуфт, ки ин маблағ аз тарафи ҳамаи хонандагони н.Рашт бо тарзи ихтиёрӣ танҳо ба воситаи 1 эълони мудирони мактабҳо дар муддати 3-4 рӯз ҷамъ карда ба падари Мафтуна дода шуд.
Шокир Наимов, хабарнигори мардумии СССР дар водии Рашт, тел: 98 107 02 81
Шокиров соябони ятимон
5.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 9:26 дақиқа.
Салом, СССР! Бояд гуфт, ки дар пайравӣ ба амалҳои гуманистии президент Э.Раҳмон соҳибкори мардумӣ-Шамсиддин Шокиров сари ятимони куллро сила мекунад. Мавсуф дар арафаи идҳои диниву ҷашнҳои миллӣ дасти кӯмак ба оилаҳои камбизоат, пирони барҷомонда дароз мекунад. Ва яке аз хислатҳои шоистаи ӯ аёдати беморону маъюбон аст. Тарғибу ташвиқи соҳибкорони бо нангу номус дар шароити феълӣ айни муддаъост.
Абдукарим Ғайюров,Муаллими ҷавон, н.Ҷ.Румӣ, тел: 93 158 54 84
Чаро Зардушт кофир шуд?
5.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 16:02 дақиқа.
Дуруд! Бо шарофати арабпарастиамон Зардуштия ва ориёӣ синоними куфру ҷаҳолат шудааст. Имрӯз наберагони Чингизхон худро ориёӣ гирифта, Зардуштро паёмбари ниёгони худ эълон карданд. Дар Қуръон 2 шахсият бо номи Иброҳим омадааст: Яке Зардушт, Зороастр-аз 2 вожа «зар» ва «устра» (ситора), яъне ситораи заррин; 2 оят-37, 49 сураи 53-уми Каломуллоҳ аз ин далолат медиҳад. Мисраҳои Аҳмади Тӯсӣ низ ҳаст:
Паёмбар Бироҳим буд он замон,
Ба номаш Зардушт аз осмон.
Соли 2014 дар шаҳри Африни Сурия, дар арафаи Наврӯз ҳайкали Зардуштро яке аз қабилаҳои Тоҷик-курдҳо гузоштанд. Ҳама халқҳое, ки бо забони порсӣ гап мезананд, аз сарқабилаи ориёӣ-Тоҷ ҳастанд, яъне Тоҷиканд ва забонашон низ Тоҷикист. 2 млн халқи турктабори Эрон-қашқоиҳо ҳам дар ин ақидаанд…
А.Ӯзбек, Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Ваҳдат, тел: 93 141 08 12
Тоҷикистон ба Русия мепайвандад?
6.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 13:05 дақиқа.
Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Дирӯз овозаеро дар байни мардум шунидам. Оё рост бошад, ки ба қарибӣ Тоҷикистони мо низ ба Иттиҳоди гумрукии Русия шомил мешавад ва бо ин роҳ нархи андозу патент низ поин меравад? Ва ё ин ҳамту овозаи беасос бошад? Газетаи мардумии СССР дар ин бора чӣ медонад?
Дилшод Саломов, Узви Ихвон-ал-СССР, н.Рӯдакӣ
Аз СССР: Мо, албатта, ҷонибдори дилхоҳ иттиҳоду иттифоқем. Вале дар шароити кунунӣ, ки Путин Русияро душмани тамоми дунё кардан дорад, пайвастан бо дилхоҳ иттифоқи путинӣ барои кишвари мо оқибати маргбор дорад. Мо Метавонем!
Номро аз «Гулбоғи муаттар» ҷӯед!
6.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 19:07 дақиқа.
Салом, СССР! Бароям соли 2009 2 бор иттифоқ афтод, ки дар курси такмили бозомӯзии омӯзгорони минтақаи Кӯлоб аз рӯи тахассуси роҳбаладӣ ва усулҳои фаъоли таълим 28 рӯз бозомӯзӣ кунам. Дар курсе, ки мо таълим мегирифтем, тренерони барнома-Азизи Фаттоҳ ва Ҳалима Валиева буданд. Дар рӯзи 2-юми омӯзиш огаҳ шудам, ки Азиз инчунин шоир ва журналист будаанд. Устод А.Фаттоҳ китоби тозанашрашон «Гулбоғи муаттар»-ро тақдимам намуда, инчунин оид ба фаъолияти эҷодии банда, дар рӯзномаи «Фараж» мақолаи пурмӯҳтавоеро дарҷ намуданд. Ин тӯҳфаи устод дар деҳаи Кафтархона рисолаташро иҷро карда тавонист. Нафароне, ки барои гузоштани номи муносиб барои атфоли навзод аз каминаи камтарин мепурсанд, ҳамин китобро манзурашон мекунам. Месазад, ки ин китоби пурарзишро ба феҳристи номҳои миллӣ шомил намоем.
Даврони Айниддин, шоир ва муаллими маъюб, н.Восеъ, тел: 93 123 09 39
Чаро баъди Паём нархҳо хест?
7.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 7:28 дақиқа.
Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Паёми имсолаи президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама нақшаи амал барои масъулини Ҳукумат роҷеъ ба тадбирҳои боло бурдани иқтисодиёт аст! Вале муаммо ин аст, ки чаро дар бозорҳо нарху навои маҳсулот баъди паём ҷаҳида истодаанд?
Ҳоҷӣ Мухтор, Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Истаравшан, тел: 98 731 01 74
Дар Хонаи Худо ҳама гуна дуздӣ ҳаст!
7.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 12:53 дақиқа.
Аҳсант, Сайёф! Дар матлаби «ҷавс-ҷавс» истодаву хондани намоз он чиро, ки валлоҳ, ягон имомхатиб на дар асри гузашта ва на имрӯз нагуфтааст, гуфтед! Дар бораи намозгузорони яквақта, яъне танҳо рӯзи ҷумъахонӣ шумо чӣ назар доред, мехоҳам, бидонам! Ман шоҳиди попӯшдуздию телефондуздии баъзе намозгузорон низ ҳатто будам.
Узви Ихвон-ал-СССР, тел: 901 03 96 96
Фаросати телефонӣ надорем!
8.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 8:41 дақиқа.
Салом, СССРи гиромӣ ва ҳақиқатнигор! Ман шукр мекунам, ки дар 1 Давлати тинҷ зиндагӣ дорам, зеро дар дигар кишварҳои ҷангзада Сулҳро 2 аср боз орзу доранд. Аммо мо-мардум ончунон лоқайд-бетараф шудаем, ки ҳатто салом ба якдигарро фаромӯш кардаем. Иззату эҳтиром-ку нисбати калонсолон аслан нест! Шарму ҳаё дар занону духтарон ва ҳурмати модарон паридагӣ! Ба ин ҳама телефонро айбдор медонам. Ин ҳама албатта ба шаъни миллат ва мусалмонии мо доғ меорад. Хоҳиши ман аз ҷавонон ин аст, ки одоби муоширати телефониро омӯзанд. Фаросат даркор!
Н.Мунавваров, сокини ноҳияи Исфара, тел: 92 851 33 85
Чаро Неймар надорем?
9.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 10:34 дақиқа.
Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Барои чӣ тими футболи мо дар Ҷоми Ҷаҳонӣ, ё ақаллан дар бозиҳои Осиё ширкат намекунад? Ман чанд бозиҳои Ҷоми Осиёро тамошо кардам, аммо Тоҷикистонро дар ҳайати онҳо надидам. Ин айби мураббиҳо аст, ё бозингарон? Ва барои чӣ мо бозингаре мисли Неймар надорем?
Ёқуб Исматов, Мухлиси футбол, н.Рӯдакӣ, тел: 501 17 42 76
Ваҳдати яздон хоҳем
9.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 18:19 дақиқа.
Мо ҳамонем, ки хушнудии Раҳмон хоҳем,
Мо ҳамонем, ки хушҳолии даврон хоҳем.
Ин яқин аст барорад ҳама дам ҳоҷати мо,
Ба ҳама халқи ҷаҳон ваҳдати яздон хоҳем.
Гулнора Абдуллоева, Узви Ихвон-ал-СССР, н.Шаҳритус, тел: 93 344 81 10





