ХАБАРИ ДОҒ

1 кВт барқ 18 дирам мешавад?

  • Чоршанбе, Март 16 2016

8.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 21:03 дақиқа. Салом, СССР! Овозае ҳаст, ки нархи 1 кВт барқ 18 дирам мешудааст.

Мӯҳтарам масъулин! Такроран мегӯям, ба онҳое, ки имконият доранд, барқро бо шартнома ва бо нархи муайян ҳамеша диҳед, то ки онҳо на бо дуздии муташаккилона, балки бо супурдани маблағи муайян ба кассаи давлат светдор шаванд. Бо боло бурдани нарх халқи бечораро боз ҳам қашшоқтар накунед! Зеро дуздро аз қиматшавии барқ парвое нест. Ё мабодо худатон ҳам Худоро фаромӯш карда, бо ин дуздҳо ошатон дар 1 дег меҷӯшад?!

Холмуҳаммади Чархӣ, шоир ва косиб, н.Рӯдакӣ, тел: 917 41 01 98

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter