ХАБАРИ ДОҒ

Тозагии нақлиётро мо таъмин мекунем!

  • Чоршанбе, Окт 17 2018


Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки мақолаи шикоятии шаҳрванди ш.Душанбе Муҳиба Муқимова дар СССР (№35(520), 30.08.2018) «Кӣ тозагии нақлиётро таъмин мекунад?» дар маҷлиси умумии ҷамъият мавриди муҳокима қарор гирифт. Бо ронандагон оид ба ҳамарӯза тозаву озода, дар ҳолати санитарӣ нигоҳ доштани нақлиёт, курсиҳои ҷои нишаст, дастқапакҳо, шишаҳои нақлиёт… корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Мутахассисон ва духтурони ҷамъият вазифадор карда шуданд, ки ҳамарӯза пеш аз баромадан ба хатсайр назорат оид ба дар нуқтаи шустушӯи ҷамъият тоза намудани воситаҳои нақлиёти мусофирбарро таҳти назорати қатъӣ гиранду дастқапакҳо ва салони нақлиётро бо маҳлули хлор безарар гардонанд.

Директор Т.Х. Каримов

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter