Асри муосир, РУШД ва ПЕШРАФТ дар нанотехнология, интернет ва мобил ба психологияи миллии мо 1 ҷанбаи манфӣ замм кард:
-Хабаркаш шудем!!!
Ҳарчанд дар қабл барои ҳар Тоҷик хабар бурдану овардан ор буд, нанг буд, бешарафӣ маҳсуб мерафт. Дар мо чӣ, ки дар олами ислом, ки бадтарин хабаркаши оғози ислом, зани Абулаҳабро худо «ҳаммолаталҳатаб», яъне ҳезумкаш хондааст. Саъдист, ки ҳамин моҷарои қуръониро маҳкум менамояд:
Низоъ миёни 2 тан оташ аст,
Хабаркаши бадбахт ҳезумкаш аст!
Боре, ягон 10 сол қабл, дӯсти бонкирам Сайфиддин Қадамов бо 1 мӯсафеде шиносам кард, ки аз Муъминобод пеши ӯ шикоят омада буд, ки раисашон барои 1 порча замин азияташ медодааст. Сайфиддин гуфт:
-Бобо, саривақт омадӣ, марҳамат, сардабири газетаи СССР ба ӯ шиква кун, кӯмакат мекунад.
Медонед мӯсафед чӣ гуфт? Ӯ гуфт:
-Бачам, пеши ту чун шинос омада будам. Синнам аз 70 гузашту касеро бузӣ накардаам. Акнун мекунам???
Мӯсафеди кӯҳистонии тарбияти ориёии мазҳабӣ гирифта, дар хун шарафе дошт, ки фикр мекард, шикоят аз болои раиси золим низ хабаркашист! Ҳоло чӣ? Насли нав корҳое мекунад, ки на дар табақ мегунҷаду на дар кафлес. Ҷумлагӣ ҳамдигариро… «запис» мекунанд! Яке телефон мекунаду ҳамсӯҳбатро мекобад ва ҳар ҳарфашро сабт карда, ба дигарӣ, нафаре, ки манзури интиқод будӣ, пешкаш месозад. Инро дар таъбири мардумӣ «бузӣ» меноманд. Хабаркашӣ! Ҳама «запискунак» шудаем. Нашудаем? Еще как шудаем!
Кор то ҷоест, ки маъшуқа ошиқро, ошиқ маҳбубаашро запис кардаву ба ину он сабти сӯҳбаташонро нишон медиҳанд. Фахр мекунанд, ки фалонӣ бар ман ҳарфи ишқ мегӯяду талаби издивоҷ ва ё ҳамхобагӣ дорад. «Запис» ва бузии сирри дили ҳамдигарӣ моро бешараф месозад. Иффати миллӣ раҳо шудан дорад. Ишқ барои 1 духтари Тоҷик чӣ буд? Сирри давлатӣ!!! Гулрухсор ин моҷароро хеле хуб дар солҳои 70-и асри 20 ташреҳ додааст:
Чӯҷаҳои хешро гирад ба зери боли тарс,
Мурғ аз тарси уқоби тезчашми чӯҷабар.
Ишқи худро ҳамчу СИРРИ ДАВЛАТӢ пинҳон кунад,
Духтари дилдодае аз Тарсу аз Шарми падар…
Миллати хабаркаш шудан дорем, зеро мутаассуф, «запис» ба калонсолон низ асар кард. Яъне ҷои ислоҳи насли нав, мо-насли солдида низ ба кому доми ҷаҳолати мобил ва интернет ғалтидем:
-Боре кампираке меҳмони дафтари кори мо шуду шиква намуд, ки писарашро гӯиё бе гуноҳ зиндонӣ кардаанд. Мо низ чун модар ӯро дилбардорӣ кардаву гуфтем, очаҷон, ҳатман ҳақ ба ҳақдор мерасаду писари бегуноҳатон (бегуноҳи хок буд, 1 дузду коррупсионер!!! Аммо барои дили модарро бардоштан чунин гуфтем)… ҳатман озод мешавад… Ва оқибаташ медонед чӣ шуд? Ин кампир моро сабт мекардааст! Ва «запис»-ро гирифта ба болотар шиква бурдааст, ки писари ман бе гуноҳ асту марҳамат далел. Мо он модарро, албатта, мебахшем, зеро гуфтаанд:
Фарзанд агарчӣ ҷурмнок аст,
Дар пеши падар (модар) чу ҳурри пок аст!
Аммо далели аҷиб ин аст, ки ҳатто модарони мо аллакай ба «запис», яъне хабаркашӣ одат кардаанд.
Хонум N-гулдухтари нозанине ошиқи ҷавони маҳҷабине буд. Ва он духтар пайваста сӯҳбати маҳрамонаи F-маҳбубашро «запис» мекард. Зиндагонии бе ҷанҷолу хархаша мисли шӯрбои бе намак аст. Хулласи калом боре инҳо ҷанҷол карданд ва рӯзи дигараш он маъшуқа, ки лофи садоқат мезад, «запис»-ҳоро бардошта, ба пулис шикоят бурд. Манзараи шинос. Не? Оқибат чӣ шуд? N+F=Ҷудоӣ… Ҳарчанд дар марзи никоҳу издивоҷ қарор доштанд.
Ҳоло агар аҳамият додаед, мардони мард низ ҳини сӯҳбат ба нохост ба пичиррос мегузаранд. Медонед барои чӣ? Оре, аз ҳамдигарӣ метарс(ем)анд!!!
Бовар аз миёни Тоҷикон бархостааст. Зеро нек медонем, ки агар на худи ҳамсӯҳбат, пас дӯсти ин нафар ва ё сакалтуи бодовардае ҳатман моро «запис» мекунад. Ҷаноби Запис дар ҷомеаи имрӯзаи мо ҳарос, тарс, даҳшат ва таҳлукаро ҳокими мутлақ кардааст. Ҳама аз ҳама метарсад. Зеро ҳама метавонад ҳамаро запис кунад!
Ва акнун 1 қисаи хотимавӣ: Набарди Ҳабибу Макгрегорро дар хотир дорем. Ана ҳамон соате, ки аҳли командаи Нурмагомедов ба панҷара парида, Конори захмиро заданд, онҳоро пулис қаппид. Рӯзи дигар аз Конор даъват шуд, ки ариза нависад то онҳоро суд кунанд. Макгрегор навишт:
-Ман мардам ва бузӣ пешаи ман нест. Онҳоро раҳо кунед!!!
Ақаллан мисли 1 насронӣ шаве(м)д, эй мардум. Хабаркаширо хатм ва миллатро аз ин ҷурм шифо бахшед. Мо Метавонем!
Буз=Хабар+Запис
Психологияи миллӣ-2
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар