ХАБАРИ ДОҒ

Кофарниҳон Айвоҷро пурра шустанист!

  • Чоршанбе, Нояб 07 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, Манучеҳр Ҷӯраев, донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, сокини деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус (тел: 501 10 32 31) ба СССР занг задаву гуфт, ки доир ба 2 мушкили сахти мардум гуфтаниям.
1.Хонаи мо, ки дар таҳи дарёи Кофарниҳон аст, хавфу хатари он рӯз то рӯз зиёд шудан дорад. Ҳоло ку ин қадар не, аммо ҳар сол дар моҳҳои марту апрел (шабу рӯзи пахтакорӣ) сатҳи оби дарё мехезад. Имрӯз хатари ба дару хонаи мардум зада даромадани оби Кофарниҳон хело наздик шудан дорад. Фикр мекунам, ба ин мушкил бояд Агентии соҳилмустаҳкамкунии назди Ҳукумати ҶТ сари вақт андеша кунад. Ба қавли Шайх Саъдӣ: Сари чашма бояд гирифтан ба бел!
2.Дар ноҳияи мо дар 1 рӯз ҳамагӣ 6 соат (3 соат саҳарӣ ва 3 соат бегоҳӣ) барқ медиҳанду халос.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter