Аввали моҳи октябри с.1984 тайёриҳо барои ҷашнгирии 60-солагии ташкилёбии РСС Тоҷикистон босуръат мерафт. Бахшида ба ин муносибат консерти устодони санъати ҷумҳурӣ дар ш.Кӯлоб ба нақша гирифта шуда буд. Рӯзи консерт муайян шуд ва 120 нафар ҳунармандон дар якҷоягӣ бо мусиқинавозону хизматрасонҳо ба Кӯлоб омаданд. Аммо гап сари 4 ситораи санъат мерафт: Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Муродов, Мастона Эргашева, Тӯхта Иброҳимова. Кадоме аз онҳо аввал баромад кунад? Ҳарчанд дар барнома оғози консерт аз Одина Ҳошимов сар мешуд, Ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ розигӣ надод, ки пеш аз меҳмонон ҳунарнамоӣ кунад.
Ба хонандаи гиромӣ арз кунам, ки он вақтҳо ин гуна барномаҳоро дар ҷояш комитетҳои партиявии шаҳру район тасдиқ мекарданд. Мисли ҳозира ин қадар продюсеру режиссер ҷалб намешуд. Масъули таҳияи сенария ва иҷрои он мудири шуъбаи пропаганда ва агитатсия буд. Дар ш.Кӯлоб, чун маркази вилоят ин барномаро Бюрои компартияи вилоят ҳам тасдиқ мекард. Мудири пропаганда чун “саги даҳмарда” дар майдон мерафту меомад, тағйироте лозим шавад, бар уҳда мегирифт. Агар ҷуръат накунад, аз роҳбарони идеологии худ розигӣ мепурсид.
Қарор шуд, ки аввал гулрухони санъат ва баъд ба саҳна акаи Ҷӯрабек меомад. Дар пушти саҳна, ки аз мошинҳову тахтабандиҳо оро дода шуда буд, устод Зафар ва Одина Ҳошимов асбобҳояшонро ҷӯр ва бо овози паст замзама мекарданд. Ман дар кунҷе истода аз пушти саҳна ба тамошобинон нигоҳ мекардам. Кадом як корманди театр омаду хабар кард, ки маро бобои Одина мунтазир аст. Рафтам.
Қурбон Зардак хонад!
Ӯ бо дутор машқ мекард. Бори дигар салом карду маро ба гӯшае бурда гуфт:
-Баъди акаи Ҷӯрабек ба Қурбон Зардаков навбат бидиҳед, ақаллан 2 суруд хонад.
-Охир, дар барнома номаш нест. Онро кумитаи ҳизбии вилоят тасдиқ кардааст.
-Инашро медонам, вале аз кор пешат карданд, мудири шуъбаи адабии театр-ҷои кори нават.
-Акаи Одина, ҳамин гапро 2 соат пеш мегуфтӣ намешуд? Охир ҳамин барномаро асосан ба гуфтаҳои шумо сохтаем.
-Медонӣ чӣ, додар, ақли ман ҳам гоҳ-гоҳ кунд аст, то ин ҷои масъала нарасид. Ин хоҳиш ва илтимоси акаи Зафар аст.
Аз кафи по то сар хунам ҷӯшид. Иззати меҳмон, боз чунин ҳунарманд, кумири мусиқии ман. Кас фиристодам, Зардаков зуд омад.
-Қурбон Зардакович, 2 суруд мехонед…
-Бо ҷону дил, баъди консерт дар кабинетам.
-Не, ҳозир, дар саҳна.
-Шӯхӣ мекунӣ, додар? Аз ҷонат сер шудаӣ? Ман куҷову ин саҳна куҷо…
-Не, қарор ҳамин хел шуд!
-Боз мепурсам: шӯхӣ мекунӣ? Ин пешниҳоду хостаи худат аст?
Мехостам гапи устод Одинаро такрор кунам, ки ақли ман ба ин корҳо намерасад, вале аз такрор шарм кардам.
-Ин хоҳиши акаи Одина аст!
-Ту донию худо, рост мегӯӣ? Акаи Одина худаш гуфт?
-Бале, худаш. Рафтем ба назди ӯ.
Акаи Одина бо дутор ҳанӯз ҳам машқ мекард. Ӯ суруди наве иҷро карданӣ буд.
-Бобои Одина, ҳамин Саидзода шӯхӣ дорад, маро мазоқ мекунад ё шумо ягон гап гуфтед?
-Шумо мухлиси худатонро доред, аз мо дида шояд камтар набошад, ҳақ доред, барои онҳо бихонед.
Хонандаи гиромӣ, ҳамин ҷо ҳеҷ гуна иғроқу муболиғаро ҷой доданӣ нестам, асли гап аст. Қ.Зардаков, ҳамон одаме, ки ғурураш иҷоза намедод, ки пеши касе сар хам кунад, ҳоло меларзид. Ӯ одат дошт, ки китфи чапашро ҳамеша боло-боло партояд. Ҳоло ӯ ҳарду китфашро ҳамин гуна кор мефармуд. Ба зону зад, пеши пои акаи Одина. Дар ҳолате, ки сарашро ба зонуҳои ӯ гузошта, пойҳои ӯро оғӯш мекард, бо овози гиряолуд гуфт:
-Медонистам, Одинамад, ки ту ҷавонмарди асилӣ. Ҳунарманди худододӣ, ба ман тангравӣ надорӣ.
Акаи Одина дуторро ба дасти ман дода, хам шуда ӯро дудаста бардошт.
-Чӣ кор мекунӣ, акаи Қурбон? Накун, маро гунаҳгор месозӣ. Ақли ман то ин ҷо намерасад, раҳмат ба акаи Зафар бигӯ.
Зардаков аз ҷо хест. Гиря гулӯгираш мекард. Китфонаш ҳанӯз бозӣ мекарданд. Гарданашро низ ин тарафу он тараф меёзонд.
-Хайр, Зафарҷонро худат салом бигӯ. Лекин агар ман ба саҳна бароям, ҳамон рубоби хотамкориатро медиҳӣ?
-Садқаи сарат, агар хоста бошӣ, ман бо ҳамин дутор дар паҳлӯят истода, якҷоя бо дойрадаст менавозам.
-Не, рубобатро додӣ, бас.
Боз як бори дигар ӯ акаи Одинаро ба оғӯш гирифт, бародарвор бӯсид, маро низ фаромӯш накард.
-Кай? – пурсид ӯ.
Ман ҷавоб додам:
-Ҳамин ки Ҷӯрабек суруди сеюмашро хонд, дар пушти саҳна бошед.
Баъди Ҷӯрабек-Зардак
Рафтам назди саҳна. Барандаи консерт-Мирзоватан Мировро даъват карда, матлабро гуфтам.
- Охир дар барнома нест. Ман масъулиятро ба гардан гирифта наметавонам.
- Масъулият ба души ман. Қаламу коғазатро деҳ, бо дасти худам менависам.
- Не, ғайриимкон аст.
- Набошад, микрофонро бидеҳ, худам эълон мекунам. Мабодо ба шумо ягон гап бирасад.
Мирзоватан дарк кард, ки қарор қатъист, ба саҳна баромад. Ба устод Ҷӯрабек ташаккур гуфта, кӯтоҳ эълон кард:
-Навбат ба ҳофиз Қурбон Зардаков дода мешавад.
Тамоми стадион ором шуд, ин навигарӣ буд дар ҳаёти фарҳангии шаҳр. Зардаков рубоб дар даст, чолокона давида ба саҳна баромад, ӯро одат ҳамин буд. Тамошобинон ҳанӯз ҳам ба худ наомада буданд. Ӯ як суруд хонд, аз Аҳмади Ҷомӣ, Таъзим карда, аз саҳна фуромад. Мардум акнун ба худ омаданд, қарсакзанӣ, ҳаёҳую зиндабодҳо. Ӯро дубора ба саҳна мехонданд. Миров назди микрофон омада, ҳунарманди навбатиро эълон карданӣ буд. Аз ҳолати тамошобинон огоҳ шуда, Зардаков пеши микрофон рафта, тибқи одати маъмулӣ таъзим кард ва дубора аз саҳна поин шуд. Шӯру валвала боз оғоз ёфт. Мирзоватан, ки саҳнаро хуб идора карда метавонист, себора ӯро ба саҳна хонд. Ҳунарманди дӯстдоштанӣ назди микрофон омад, таъзими қаноатмандӣ карда гуфт:
-Дӯстони азиз, ҳамдиёрони гиромӣ, шумо ҳар вақт маро шунида метавонед, ман дар хидмати шумоям, вале ҳоло мо меҳмонони олиқадр дорем. Ҷӯрабек хонд, бигузор, базми моро устодон Зафар Нозиму Одинаҷон Ҳошимов гарм бигиранд. Раҳмат ба Шумо. Сипас, ба З.Нозим рӯ оварда гуфт: -Зафарҷон, Шумо, ҳамаи ҳунармандони аз Душанбе омада имшаб меҳмони манед.
- Мо 120 нафарем, - гуфт З.Нозимов аз паҳлӯи саҳна.
- Бигузор 300 кас бошед!
- Ҳамин қадари дигар моем, - гуфт Одина Ҳошимов.
- Шумо ҳам, баски намондед, ҳамаи нишастагони стадион меҳмони манед. Ман рафтам!
Уқоби кӯҳии Тоҷик
Вақте рубоб дар дасти чап, дасти росташро ба боло бардошта дар саҳна устод Зафар пайдо шуд, мардум аз ҷо хест. Консерт то соати 1-и шаб идома ёфт. Ман медонистам, ки Зардаков ҷиддӣ мегӯяд, лиҳозо то ин вақт мудири шуъбаи маданияти шаҳр Абдулло Бобоев-аз шогирдони асили Зардаковро, огоҳ кардам, ки тамоми ронандагон мусиқанавозони ҳайатро барои рафтан ба хонаи Зардаков огоҳ кунад, тавонад худаш, натавонад каси дигарро фиристад, асли ҳодисаро пешакӣ дар ҷояш бубинад, чанд касро бурдан мумкин аст. Хонаи ӯ дар деҳаи Боғи Ҳабиб, дар масофаи ҳамагӣ 4-5 км аз шаҳр дур воқеъ буд. Абдулло рафта ҳамаи корро ташкил карда, омада буд.
- Эҳ муаллим, гову гӯсфанди чандумро куштааст. Соати 11-уним ба қабули меҳмонон тайёр аст.
Хулоса, баъди консерт ҳама, ҳатто ҳангомаҷӯёни тамошобин ҳам он ҷо рафтанд. На танҳо хонаи худаш, балки якчанд хонаи ҳамсоя барои нишаст омода шуда, тамоми мардуми деҳа дар хидмат буданд. Зиёфат давом мекард. Акаи Зафар ва О.Ҳошим дар по рост истода чун мизбон хидмат мекарданд. Ҷ.Муродов рубобро гирифта, суруд хонд.
-Ин тӯҳфа ба хонаводаи Устод Қурбон Зардаков ва аҳли деҳ, гуфт ӯ ва пешниҳод кард, ки ҳар кас 1 суруд бихонад.
Базми хонагӣ то соати 4-и субҳ идома ёфт. Охирин мошини меҳмононро соати 6 дар деҳаи Олимтойи н.Восеъ гусел намудем.
Ҷӯрабек: Кӯлобиҳо, ба Зарафшон биоед!
Фардояш дар назди Робия Тағоева-котиби компартияи вилоят ҷамъомад доир шуд. Масоили умумии корӣ дар бораи фарҳанг буд, барои муваффақиятҳои консерт аз номи роҳбарияти вилоят ба ҳама ташаккур баён кард. Маҷлис ба охир расид. Вақти баромадан Тағоева гуфт:
-Ту як лаҳза ин ҷо бимон, Саидҷалол!
Ҳама рафтанд, ӯ номаи шикоятиеро ба дастам дода, гуфт:
-Бихон, баъд мегӯям чӣ кор кун. Ҳамин вақт дар тақ-тақ шуд.
-Дароед! -хитоб кард Робиа Аллаёровна.
Дар кушода шуд ва бошитоб О.Ҳошим назди муаллима омад.
-Апа, ин одам ана ҳамин қадар ҳам гуноҳ надорад, - нӯги ангушти ишоратии худро нишон дода гуфт ӯ. – Ҳамааш айби ман аст.
-Чӣ айб, акаи Одина?
-Ҳамон консерти дирӯзаро мегӯям, баромади Қ.Зардаковро… Бачаи бечораро ҷанҷол накунед…
-Ҳа, фаромӯш кардам бипурсам, ин идеяи кӣ буд?
-Гапи ман, хоҳиши меҳмони азизамон Зафар Нозим. Эҳ, апа, медидед, Ҷӯрабек чӣ қадар хурсанд шуд. Ӯ акаи Қурбонро бо тамомии Кӯлоб ба зодгоҳаш даъват кард.
…Мо бо акаи Одина берун омадем.
-Хайрият, масъала ин хел анҷомид. Вагарна штат-пштати роҳбари адабӣ надорем- гуфт ӯ…
Саидҷалол Саидзода,
публитсист