ХАБАРИ ДОҒ

Хонаҳои «эронӣ» доғи Душанбе

  • Чоршанбе, Нояб 28 2018

Тақдири лоиҳаи «бузург»-и Эрон
Тибқи қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки 7.11.2018 ба тасвиб расид, тамоми корхонаҳои хусусигардонидашудаи пойтахт, аз ҷумла, бинову иншоотҳои то ба имрӯз нотамом бояд дар муддати 6 моҳи оянда барқарор ва тибқи таъинот истифода бурда шаванд. Агар роҳбарони чунин объектҳо то 1.04.2019 ин камбудиҳои роҳдодаро ислоҳ накунанд, ҳукумати ш.Душанбе нисбати онҳо чораҳои ҷиддӣ андешида, масъалаи ба манфиати давлат бозпас гардонидани ин корхонаҳо ва қитъаҳои заминро дар асоси талаботи қонунгузории кишвар хоҳад дид. Яъне тамоми ин корхонаҳо ва лоиҳаҳои нотамом, агар то мӯҳлати додашуда ба истифода дода нашаванд, ҳатман ба тавозуни шаҳрдорӣ ва давлатӣ хоҳанд гузашт. Ин ҳушдори раиси ш.Душанбе саривақтист, зеро айни замон дар пойтахт даҳҳо корхонаву лоиҳаҳои нотамому бекорхобида арзи вуҷуд дошта, бо намуди зоҳирии хеш ҳусни шаҳрро мекоҳонанд. Яке аз чунин иншоотҳо Маҷмааи «Саъдӣ» дар хиёбони С.Шерозӣ, шафати бинои «Шарқи Озод» аст, ки наздики 3 соли охир нотамом хобидааст. Ҳафтаи гузашта ман тасмим гирифтам дар бораи ин лоиҳа, аниқтараш оқибати он ва сармояҳои мардум, ки ҳанӯз 10 сол қабл дар оғози ин сохтмони мӯҳташам пули зиёде дода, аз ин биноҳои «эронӣ» барои худ хона харидаанд, маълумоти бештар пайдо намоям.

Ҳусейнхонӣ ва $25 миллиони ӯ
Лоиҳаи бунёди Маҷмааи «Саъдӣ» дар хиёбоне, ки номашро ба он гузоштаанд, рамзӣ буда, санги асоси он с.2006 ботантана гузошта шудааст. Ин лоиҳаро, ки ширкати «Совтехник Интернешнл Тоҷикистон» ба ӯҳда дошта, ба ҳайси пудратчии асосӣ яке аз тоҷирони эронӣ Муҳаммад Ризо Ҳусейнхонӣ баромад мекард. Баъдан мегуфтанд, ки маблағгузори асосии ин лоиҳа низ эшон аст. Маҷмааи «Саъдӣ» дар ҳудуди 1 га замин ҷойгир ва аз 3 бинои 16-ошёна иборат буда, ҳуҷраҳои истиқоматии биноҳо аз 180 то 220 метри квадратӣ масоҳат дошт. Дар ҳар 1 ҳуҷра тибқи лоиҳа 2 ҳоҷатхона ва 2 утоқи ҳамом-ванна ва душ ҷойгир буда, арзиши ҳар 1 метри квадратии ин хонаҳо аз $900 оғоз мешуд. Таҳхонаи ин биноҳо аз таваққуфгоҳи 2-табақа барои воситаҳои нақлиёт, маҷмааи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва сауна иборат буда, меъморони лоиҳа архитекторони эронӣ Фарзоди Далер ва Умеди Ғуломпур буданд. То с.2011 амалиёбии ин лоиҳа хуб анҷом меёфт ва ҳар 3 бинои баландошёна пурра афрохта шуд. Нархи ҳар метри квадратии биноҳо дар баробари афзудани мизоҷон боло мерафт ва то ба $1800 рафта расид. Новобаста аз нархи гарон мардум барои харидани хона аз ин маҷмаа навбат мегирифтанду ба қиммати аз 200 то 700.000 доллари ИМА-нархи 1 ҳуҷраи 6 утоқаи 195 метрӣ нигоҳ накарда, барои худ хона мехариданд. Инро дида, ширкати «Совтехник Интернешнл Тоҷикистон» ба бунёди боз 1 маҷмааи дигар сар кард ва он ҳам бинои истиқоматӣ дар кӯч.Ҷ.Расулов буд. Дар байни ин солҳо ширкат барои шаҳрдории Душанбе 1 бинои дигари истиқоматиро дар х.Ҳ.Шерозӣ, дар шафати биноҳои «Қайроққумӣ» бунёд карда, ба истифода дода буд.

 «Совтехник Интернешнл Тоҷикистон» куҷост?
Аз рӯзи гузоштани санги аввали ин маҷмаа 12 сол сипарӣ шудааст. Агар то с.2011 корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот фаъолона идома дошт, баъдан сол аз сол кор дар ин маҷмаа камтар шуда, ҳоло тамоман мондааст. Хосса, дар 3 соли охир боре ҳам нашудааст, ки бубинем, касе дар ин биноҳои замоне шӯҳратёр коре ба анҷом расонад-сохтмони нотамом агар мурдааст гӯем ҳам, ҳато намекунем. Хостам дар бораи тақдири минбаъдаи ин маҷмаа аз масъулони ширкати «Совтехник Интернешнл Тоҷикистон» бипурсем, вале аз ин ширкат ва роҳбарияти он, хосса, хонум муҳандис Ҳусейнхонӣ, ки мудирияти ширкат ва ин сохтмонро тамоми ин солҳо бар ӯҳда дошту пеш мебурд, дараке наёфтем. Нахуст барои ёфтани иттилоот ба сафорати ҶИЭ дар ҶТ муроҷиат намудам. Дар сафорат гуфтанд, ин маҷмаа ва ин лоиҳа сармоягузор ва мудирияти алоҳида дораду ба сафорат марбут нест, бояд аз худи ширкат дар бораи ояндаи ин биноҳо пурсам. Гуфтанд, ки намояндаҳои ин ширкат ва хонум муҳандис Ҳусейнхонӣ ҳанӯз дар Тоҷикистон ҳастанд.
Дар гузашта ширкати «Совтехник Интернешнл Тоҷикистон» дар бинои «Вефа-сентр» дафтари намояндагӣ дошт, вале ҳоло аз ин бино рафтааст. Саҳифаи интернетии ин ширкат низ пок карда шуда, дар шабакаҳои интернетӣ дар бораи ширкат ва маҷмааи «Саъдӣ» ба ҷуз чанд хабар аз с.2006 ва 2011 дигар чизе нест. Лек дар гузашта сомонаи «Совтехник Интернешнл Тоҷикистон» хеле фаъол буд. Чанд ширкати дигари Тоҷикӣ, аз ҷумла, «Креатив», ки тибқи маълумоти ба даст омада, ба яке аз мансабдорони баландпояи кишвар дахл дошт, бо ин ширкат ҳамкорӣ карда, дар бунёди ин маҷмаа саҳми хешро гузоштаанд. Имрӯз аз он ҳам ҳеҷ хабаре нест ва 1 ҳафтаи ҷустуҷӯи мо аз ин ширкату масъулонаш натиҷа надод.

2 моҳ мӯҳлат!
Чуноне ки ба мо дар Раёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ш.Душанбе иброз доштанд, тақдири ояндаи маҷмааи «Саъдӣ» зери назорати бевоситаи шаҳрдорӣ буда, ба ширкати «Савтехник Интернешнл Тоҷикистон» аз ҷониби ҳукумати кишвар 2 моҳ мӯҳлат дода шудааст, то ин, ки сохтмонро пурра ба охир расонида, биноҳоро барои истифода ба соҳибонаш супорад. Яъне, то охири соли ҷорӣ ширкати мазкур бояд таъмири намуди зоҳирӣ ва дохилии биноҳоро ба анҷом расонида, хатҳои муҳандисиро низ кашида, ҳуҷра ба ҳуҷра тақсим ва ҷобаҷо намояд. Ширкати «Савтехник Интернешнл Тоҷикистон» бояд биноҳо ва ҳуҷраҳоро тибқи шартнома бо муштариҳояш иҷро намуда, ба онҳо хонаҳои тайёрро супорад. Агар ин кор анҷом нашавад, шаҳрдорӣ нисбати ин лоиҳа ва масъулонаш чораҳои ҷиддӣ хоҳад андешид, амсоли он, ки маҷмаа ба тавозуни ш.Душанбе гузаронида шуда, шояд баъдан ба пудратчиёни дигар дода шавад ва ё худи шаҳрдорӣ сохтмони онро ба пуррагӣ тамом намуда, ба истифода диҳад. Мисли он, ки маҷмааи дигари ин ширкат дар к.Ҷ.Расулов пас аз гузаштан ба тавозуни шаҳрдории Душанбе, пурра сохта ба истифода дода шудаасту имрӯз дар он мардум зиндагӣ доранд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР   

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter