30.11.2018 Арчаи солинавии кӯчактарин дар редаксияи газетаи мардумии СССР мустақар гардид! Мо метавонем! Дар ороиши Арчаҷон-Арча ба мо коромӯзи газета, Сакина Абдуллоева, ки тӯли моҳҳои ахир чанд матлаби хонданӣ низ нашр кардааст, кӯмаки бевосита расонид, ки аз ӯ сипосгузорем (ниг.ба акс)…
Дар ҳамин ҳол бо амри Рустами Эмомалӣ дар майдони Дӯстии ш. Душанбе бузургтарин Арчаи солинавӣ дар таърихи давлатдории Тоҷикон насб шуда истодааст. Аҷиб аст, ки ҳар 2 арчаро дар 1 рӯз ба бунёдаш шуруъ кардаанд. Арчаи шаҳрдорӣ 28 метр баландӣ ва 13 метр паҳно дошта, ба таври бесобиқа зебову ранга ва барқӣ хоҳад шуд. Хотиррас мешавем, ки Арчаи солинавии порсола дар ҳамин майдон 25 метр баландӣ дошт.
Ҷои зикр аст, ки Арчаи Солинавиро маҳз Рустами Эмомалӣ ба пойтахт баргардонидаву бори дигар ба оламиён собит карда буд, ки Душанбе пойтахти 1 давлати дунявӣ ва замонавист, ки ҳалолаш бод!