
Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Самеъуллоҳ Дӯстмуродов-ронандаи таксӣ бо СССР телефонӣ дар тамос шудаву гуфт, ки дар 2 мавзуъ мухтасар ибрози назар карданиям:
1. Хуб мешуд, дар боби номгузории миллии тоҷикӣ якҷоя бо Вазорати адлия ва дигар мақомот дастури амалӣ ба ҷамоатҳо ирсол гардад. Бинед, мо дар ин ҷода аз дигар ҷамоҳири Назди Балтика (Латвия, Литва, Эстония) ва Гурҷистон хело ақиб мондаем. То мо ифтихори миллиро дар зеҳн ва хуну рӯҳи миллат бедор накунем, хӯи ғуломӣ боло меравад.
2.Имрӯз тавре маълум, на ҳар кас қудрати фарзандашро ба лагерҳо равон кардан дорад. Барои 1 хонанда камаш 700-1000 сомонӣ лозим, то ки ба саршавии дарс тайёр шавад. Дар ин шароите, ки кризиси иқтисодӣ ҷаҳонро печидааст, аксари муҳоҷирон аз Русия депорт шудаанд, магар зӯри 1 падар ба 1 оилаи калон мерасад? Пас гузоред, ки кӯдак худаш кор кунад! Ба ҳисоби миёна 1 бача 15-20 сомонӣ дар бозор кор мекунад, ҳам ба садҳо нафар ёрӣ дода дуо мегирад ва асосаш ба корҳои бад даст намезанад ва аз ҳама муҳимаш ҳалол хӯрданро ёд мегирад, коргару пухта мешавад. Магар ин бад аст?
Кӯдак кор кунад!!!
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар





