22.05.2019. Беш аз 200 нафар сокинони маҳалли аҳолинишини Равоти кабуди деҳаи Қаробоғи н.Боткон бо ҳамроҳӣ ва таҳти ҳимояти гурӯҳи мусаллаҳи сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара ҳадафмандона ворид шуданд. Бино ба иттилои Иқбол Илёсзода-котиби матбуоти раиси ш.Исфара, пас аз тирпаронии огоҳкунандаи сарҳадбонони тоҷик ба ҳаво, қисми зиёди онҳо аз ҳудуд берун рафта, роҳбарияти шаҳр ва мақомоти марбутаи кишвар ҷиҳати ба низом ва эътидол овардани вазъ дар марз корбарӣ карданд. Бояд тазаккур дод, ки ин ҳодисаи ягона дар вақтҳои ахир нест, 10 рӯз қабл аз ин, яъне 12.05.2019 низ гурӯҳи 6-нафараи мусаллаҳи марзбонони қирғиз марзро убур карда буданд.
Ҳадаф-тасарруфи сарзамини Тоҷик
Мақсади асосии сокинони маҳалли аҳолинишини Равоти кабуди деҳаи Қаробоғи н.Боткон азхудкунии заминҳои минтақа аст, ки аслан ҳудуди баҳснок набуда, ба марзи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад. Агар қаблан қонуншиканиҳо ва амалҳои иғвогарона дар деҳаи Оқсойи н.Боткон бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ворухи ш.Исфара, деҳаҳои Ортобозу Коктоши н.Боткон бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ зиёд рух медоданд, пас вақтҳои ахир ин гуна амалу ҳаракатҳои иғвогарона деҳаҳои наздимарзии ҷамоатҳои деҳоти Лаккон ва Чилгазиро низ фаро гирифтааст. Аз ҷумла, аз тарафи сокинони деҳаи Чонталааи н.Боткон то ҳол корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон дар минтақаҳои делимитатсиянашудаи сарҳади давлатӣ идома ёфта истодааст. Ҳамин зайл, сокинони н.Боткони Қирғизистон таҳти ҳимояти мақомоти қудратии ин кишвар бо ҳаракатҳои иғвогаронаи худ ба кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия монеа эҷод мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикон ҳатто 1 см хоки қирғизро тасарруф накардаанд…
Хонаи Тоҷикро вайрон карданду роҳро бастанд
23.05.2019 бошад, сокинони маҳаллаи Кок-Тоши деҳаи Оқсойи н.Боткон девори манзили истиқоматии сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ шаҳрванд Анвар Иброҳимовро вайрон карда, афтонданд. Пас аз он, нисфирӯзӣ бошад, 100 сокини маҳаллаи Кок-Тош, ки аксарият ҷавонон буданд, дар ҳудуди чорроҳаи Кок-Тош, назди бинои қисми маҳаллии милитсия, воқеъ дар деҳаи Оқсойи н.Боткон ҷамъ омада, роҳи гузар аз маҳаллаи Сомониёни боло ба сӯи маркази ҷамоати деҳоти Чоркӯҳро аз соати 14:00 то 16:00 баста, ба равуои мардум монеа эҷод карданд. Дар натиҷаи корбарӣ ва гуфтушунидҳои раиси ш.Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо роҳбарияти н.Боткон ва тадбирандешии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу дигар сохторҳои марбута роҳ дигарбора боз шуд. Вале то кай? Ин суоли риторикист.
Тоҷикистон Роҳ месозад! Аммо кай?
Бояд таъкид намуд, ки бар асоси мувофиқаи дуҷониба, ки пас аз 5 рӯзи музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 14-18.03.2019 дар Исфара ба даст омада буд, қарор шуд, ҷониби Қирғизистон ба бунёди қитъаи роҳи ҷанҷолбарангези Ботканд-Оқсой-Тамдиқ "ба хотири убури чорво" идома дода, ба сокинони Тоҷикистон иҷоза мешавад, ки дар 2-километрии ҷанубтари ин қаламрав дар қитъаи роҳи Ворух-Сомониён-Исфара роҳи худро бунёд кунанд. Ёдовар мешавем, дар натиҷаи муноқиша байни тоҷикону қирғизҳо, ки рӯзҳои 13-14 марти соли ҷорӣ дар марзи 2 кишвар, байни деҳаҳои наздимарзии Хоҷаи Аъло ва Оқсой сар зад, 2 кушта ва 25 захмӣ бор оварда, 30 нафар аҳолии мулкии тоҷик аз тарафи қирғизон гаравгон гирифта шуданд. Сабаби асосии муноқиша ин оғози бунёди роҳи Оқсой-Тамдиқ аст, ки ҷониби кишвари ҳамсоя бе огоҳӣ ва иҷозат сар карда буд. Инак, бо гузашти беш аз 2 моҳи ин музокирот ҷониби қирғиз ин мувофиқаи байниҳукуматиро шатта зада, дағалона ва ҳадафмандона ба хоки мо по ниҳод. Оё замоне фаро нарасидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид ба додгоҳи байналмилалӣ муроҷиат намояд!?
Иғво чаро яктарафа аст?
Ҳеҷ гоҳ касеро таҳрик доданӣ нестем, вале 1 муаммоест, дар ин гирудор. 6 сол беш шуд, қирғиз ба оҳистагӣ, вале ҳадафмандона метр ба метр сарзамини моро тасарруф карда меояд, шаҳрвандони одиро мекушад, марзбононро беяроқ месозад, одамонро мезанад, мошинҳоро мешиканад, хонаҳоро чаппа мекунад, дӯконҳоро месӯзад ва мо танҳо 1 баҳона пеш меорем: Иғво!!! Правокатсия мекунад, қирғиз. О, то кай, ин иғворо қурт кунем? Шояд соате расида, ки аз барои 1 каф хоки бобоӣ аз баҳри дипломатия гузарему 1 бор дандони хешро нишон диҳем?
Мапурс аз дил, ки бими тарснок аст,
Ҳам аз бими худаш бими ҳалок аст!
Қирғизистон: демократия ё фанатизм?
Дар ҳамин маврид ахбори расмӣ ҳокӣ аз онанд, ки Бишкеки расмӣ комилан ба коми вандализм ва фанатизми асримиёнагӣ рафтааст. Дар ин кишвар хаос, вандализм, анархия ва беҳокимиятии кулл ҳоким мегардад (вақте президентро дар байни мардум бангие шаппотӣ мезанад, магар ин демократия аст?!). Фарзи мисол, ҳизбу ҳаракатҳои дар ҷаҳони муосир мамнуъ, ки ба феҳристи террористӣ ва экстремистӣ шомиланд, дар ин мамлакат озодона амал мекунанд.
«Ҷамоати Таблиғ» ва «Нурчилар» беш аз 100 мадрасаи худро кушодаанд ва ҳамарӯза садҳо ҷавонро ба суфуфи хеш қабул мекунанд. Беш аз 80 фонди мазҳабӣ фаоланд, ки аз хориҷа маблағгузорӣ мешаванд. World Assambley of Muslim Youth, WAMY ё худ Бунёди Маҷмааи байнулмилалии ҷавонмусалмонон, дар маҳдудаи собиқ СССР, танҳо дар Қирғизистон озодона амал менамояд. Ин ҳамон ширкатест, ки ҷумбиши Толибон, Анҷумани Диндор, Ҷамъияти исломии Ҷамму Кашмир ва даҳҳо ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиро маблағгузорӣ мекунад. Сарпарасти ин Бунёд Арабистони Саудӣ, яке аз шарикони Амрико дар Халиҷи Форс аст. Бунёди мазкур ба «дӯсти ҳукумати Бишкек» табдил ёфта, дар биноҳои ҳукуматӣ намозхона ва дар пойтахт Институти исломӣ барои бонувон кушодааст.
Имрӯз аксарияти ҷавонони қирғиз мехоҳанд бо қонунҳои шариат зиндагонӣ кунанд. Ба забони дигар эксперименти амрикоӣ-русии «Ҷазираи Демократия дар ОМ» имрӯз ё фардо ба майдони задухӯрди абарқудратҳо ва исломизатсияи 1 кишвари осиёӣ хатм хоҳад шуд. Ин ҳама дар ҳолест, ки Генпрокурори Қирғиз дар пасманзари дархости парламенти кишвараш барои басташавии Ҷамоати Таблиғ ва дигар ҷараёнҳои экстремистӣ гуфт:
-Шумо ягон далел барои бастани онҳо надоред!
Ёд доред, М.Салихов-вазири собиқи ВКД Тоҷикистон, вақти вазирияш ҳаракати Салафия ва Ваҳҳобияро мехост расман иҷозат диҳад? То-та! Мо Метавонем!
Мину Аминзода, СССР