ХАБАРИ ДОҒ

Ҳомидов намехост Сессияи 16 баргузор шавад!

  • Чоршанбе, Авг 07 2019

 

 (ҷараёни Иҷлосияи 16 аз дурбини 1 шоҳид)

 Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Камина ҳамчун шоҳид дар Қасри Арбоб аз ҷараёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии с.1992 гуфтаниям. Дар рӯзҳои Иҷлосияи мазкур осмони Тоҷикистон ҳам ба ҳоли мо-тоҷикон мегирист. Мӯсафедону афроди барҷомонда, бачаҳои бепарастору ятим, маъюбон, иштирокдорони ҶБВ сӯи парвардигори худ нигариставу ашк рехта мегуфтанд, ки «ба мо раҳм кун, ба мо сардоре фирист, ки сулҳ оварад». Зиндаёд Лоиқ Шералӣ мегуфт:

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги шармандавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

 

Адолати ҷасур ва ҳақгӯ

Он замон баргузории Иҷлосия аслан номумкин буд. Вакилон аз тарси ҷон ба ҷаласаҳо омаданро рад карданд. Гурӯҳҳои мухталиф ва раёсати Шӯрои Олӣ ба чунин қарор омаданд, ки Сессияи навбатиро дар ш.Хуҷанд доир намоянд. 16.11.1992 дар оғози сессия, дар Қасри Арбоб 230 нафар вакил ҳузур дошт. Ҷаласа аз рӯзҳои аввал тезутунд ҷараён гирифт. Мухолифин талаб мекарданд, ки «аввал фалон вакилро биёреду баъд ҷаласа оғоз шавад». Муроди онҳо ба ҷаласа даъват намудани собиқ раиси комиҷроияи вил.Қурғонтеппа Қадриддин Аслонов буд. Толор бошад ноором буду орухонаро мемонд. Яке ин мегуфту дигаре он. Бонуи пурдил Адолат Раҳмонова лаҷоми суханро ба даст гирифт. Адолати покдил ва ватандӯст ҳама дам росту ҳақ мегуфт ва ба Ватан дилаш месӯхт. Ӯ гуфт, «чаро дар хусуси дигар вакилони Шӯрои Олӣ, ки имрӯз дар ин ҷаласа ширкат надоранд, сухан намегӯед? Онҳо низ депутати Шӯрои Олӣ буданд. Прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Муродулло Шерализода, муовини раиси идораи гумрук Олим Мавлон, раиси колхози ба номи Калинини ноҳияи Куйбишев Қурбон Имомов ва дигарон куҷоянд?...»

 

Ҳомидов: Сессияи 16 нагузарад!

Абдуҷалил Ҳомидов-собиқ раиси вил.Ленинобод (ҳоло Суғд) баҳона пеш овард, ки «ҳанӯз ҳамаи вакилон омода нестанд, биноан пешниҳод менамоям, ки кори сессияро мавқуф гузорем, ба моҳҳои оянда…». Адолат аз чунин муносибат ва беэътиноӣ барошуфта, ба минбар баромаду гуфт: «Биёед, манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳиро 1 сӯ гузорем. Лаҳзае фаро расидааст, ки Раиси Шӯрои Олиро интихоб намоем, кумитаву вазоратҳоро таъсис диҳем». Ӯ хомӯш нишастанро ба худ ор медонист. Яке аз намояндагони мухолифин аз ҷо барҷаста, чунин иброз намуд: «Дар ин Ҳукумати 15-рӯзаи шумо кӣ кор мекунад? Ба мо вазифа даркор нест!» Лаҳзае толорро хомӯшӣ фаро гирифт. Ахиран Адолат ба минбар баромада гуфт: «Муҳтарам намояндаи мардумӣ! Кӣ шуморо фолбини ҷумҳурӣ таъин кардааст? Шумо аз куҷо медонед, ки умри Ҳукумат кутоҳ аст? Ин Ҳукумат садсолаҳо ба халқи тоҷик хизмат хоҳад кард!»

 

Раиси нави Шӯрои Олӣ

19.11.1992 гурӯҳи вакилон пешниҳод намуданд, ки Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шӯрои Олии ҶТ интихоб шавад. Бо ҳамин бо 186 овоз Раҳмонов Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид ва дар ҷаласа гуфт: 

«Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки Ватан ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Эмомалӣ Раҳмонов дар Иҷлосия ҳамчунин бо итминони комил гуфт: 

«Мо вазифадорем, ки хатоҳои гузаштаро ба ислоҳ оварем, захмҳои дили мардумро шифо бахшем, кинаҳоро аз дили мардум берун намоем, миллатамонро сарҷамъу саришта кунем. Ватанамонро аз таънаву маломат раҳо сохта, ободу шукуфон гардонем, зиндагии шоистаро барои мардумон муҳайё созем». 

Ва Раҳмонов вақте ба сухан баромад, аксари иштирокчиёни Иҷлосия ашк рехтанд. 

 

Иҷлосияи тақдирсоз

Дар ҳақиқат Иҷлосияи XVI тақдирсоз, Иҷлосияи бахту саодати мардуми тоҷик буду ҳаст. Бахт омад карду дари сулҳу амонӣ ба рӯямон во шуд. Эмомалӣ Раҳмонро Худованд Пешвои мо хост. Мо халқи тоҷик бояд хизматҳои Қаҳрамони халқи тоҷик Президентамон, Пешвои халқ Эмомалӣ Раҳмонро қадр кунем.

Мулоқоти рӯ ба рӯ бо роҳбари мухолифон Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Афғонистон бо миёнаравии Президенти Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ ҷаҳиши бузург ва нотарсии Сарвари миллат буд. Бо дастгирии Э.Раҳмон 38.000 хонаю ҷои зисти харобшуда барқарор карда шуд. Шахсе, ки умраш доимо сарфи меҳнати ҳалол аст, ба пояи баланди эътибор мерасад. Эмомалӣ Раҳмон шахсест, ки тамоми ҷавононро ҳавасманди илм намуд. Аз боғчаҳои бачагона то мактабҳои олӣ ҳар 1 фарзанди тоҷик мехоҳад дар бораи Сарвари миллати худ эҷод кунад, самимона! Ҳукумати шуравӣ дар 70 соли ҳастӣ тунели ағбаи Анзобро кушода натавонист. Бисёр одамон зери тармаву барф монда, аз хунукӣ мурданд. Имрӯз бошад аз н.Айнӣ то Душанбе ҳамагӣ 2 соат роҳест ва бо як руҳияи тоза ба пойтахт мерасем!!! Сохтмони ГЭСҳои Сангтӯтаву Роғун шоҳкориҳои дигари Пешвои Миллати мост, ки албатта дар таърих сабт шуд!

Гадобой Раҳматуллоеви 83-сола,

собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи халқ, н.Айнӣ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter