05.03.2020. Соат ба вақти Душанбе14:14 дақиқа. Ба бозори “Меҳргон” рафтем. Мардум дар бозор барои хариди орд, ту гӯӣ, қаҳтӣ омада бошад, дар навбат буданд. Барои орд дар бозор ҷангу ҷангҷол, бесару сомонӣ ва “одамхурӣ” буд. Хостем ин ҳолатро ба навор гирифта, ба мардум расонем, ки ҳамаи овозаҳои дар ин маврид шунидаашон дурӯғанду барои хариди орду равған ва дигар маҳсулотҳои хӯрока соатҳо навбат наистанду ба хонаҳояшон раванд. “Паника” байни мардум то рафт зиёд мешуд. Харидоре гуфт, вақте дидам дар хона маҳсулот нест, хостам ба бозор барои харид равам. Омада ин ҳолатро дида ба таҳлука афтодам, ростӣ дар дилам тарс пайдо шуд, ки чӣ гап бошад?
“Шумо ҳаққи навор гирифтан надоред!”
Ҳангоме, ки мо бо гурӯҳи корӣ наворгириро оғоз намудем, кормандони мақомот аз куҷое якбора пайдо шуданду ба мо ҳақу ҳуқуқҳоямонро фаҳмондан хостанд. Ба гуфтаи онҳо мо ҳуқуқи навор гирифтанро надорем. Мо онҳоро ором сохта, худро муаррифӣ намудем ва гуфтем, ки бо супориши редаксия омада, дар кадом вазъ қарор доштани бозору марказҳои савдоро омӯхтанием. Ҳатто ҳуҷатҳоямонро нишон дода, таъкид кардем, ки мақсади мо ором намудани мардум аст, на чизи дигар, вале бе натиҷа. Онҳо яке пайи дигаре монеи кори мо шудан мегирифтанд. Баъзеяшон ҳуҷҷатҳоямонро дида, чизе нагуфта мерафтанд, вале баъзеи дигарашон омада, таъкид мекарданд, ки “Шумо ҳаққи навор гирифтан надоред, мумкин нест!”.
Хулоса, дар ҳар 1 нуқтае, ки наворгириро оғоз менамудем, нафаре омада ҳатман мепурсид, ки кӣ ҳастеду аз куҷоед? Ва ҳатман монеи навор гирифтанамон мешуд. Нафаре омада худро “корманди ҳукумат” хонд, ҳатто худашро муаррифӣ накарда. ба мо амр дод, ки “Наворҳои гирифтаанро тез пок кунед!”...
Бале, вазифаи кормандони мақомот ҳифзи бехатарӣ ва амнияти шаҳрвандон аст, вале баъд аз он ки ҳуҷҷатҳоямонро нишон додем боз ҳам бо мо ба дағалӣ рафтор намуда, ҳатто 1-2 бор ҳамкорам Шералиро аз китфонаш кашолакунон зуроварӣ нишон медоданд. Ба мо аз ҳуқуқҳои худамон мегуфтанд, ки гӯйё мо тамоман иҷозат надоштаем ҷойҳои ҷамъиятиро ба навор гирем. Ҳуҷҷатҳои ҳамкорамон (Ситора Сафарова)-ро гирифта, иҷозат надоданд, ки рафта аз пайи корамон шавем. Ҳамкори дигарамон Шералӣ Давлатовро кашолакунон “биё, биё рафтем”- гуён мебурданд.
“Ма куратори райони Синойум!”
Кӣ будани онҳоро пурсидем, дар ҷавоб якеаш гуфт: “ма куратори ноҳияи Синойум.” Шералӣ хоҳиш намуд, ки “Дасти маро сар диҳед, ман ягон ҷинояткор нестам!” Дар посух бо лаҳни дурушту дағал гуфт: “Ту ҳозир ай приступникда кори безеб кадестӣ, ҳамира медонӣ?!” Ба мо таҳдидкунон мегуфтанд, ки шумо “паника” мекунед, мардумро ба ваҳм меоред, Тоҷикистонро паст мезанед. Вале хидмататон арз кунем, ки паникаи асосиро шумо “кормандони ҳифзи ҳуқуқ” мекардаед. Мардум бо мушкилӣ худ аз пайи хариди маҳсулоти хӯрока овора буданд, вале бо дидани баҳсу ғавғои шумо ҳама ба тамошои мо шитофтанду ҳаросашон бештар гардид. Ба ҷойи оне ки ин “кормандони ҳукумат” ба мардум фаҳмонанд, овозаҳо дурӯғ аст, ҷангу ғавғо ва баҳсҳоро байни мардум кам кунанд, аз дур назорат намуда, бо дидани нафаре бо наворгирӣ ё аксбардорӣ дарҳол чун паланги гурусна ба ӯ дармеафтоданд. О, миссияи мо, супориши мо, шахсан аз сардабир ҳам ин буд, ки паникаро ором кунем. Модоме, ки наметавонед вазъиятро ором созед, монед мо кор кунем?....
Ситора Сафарова, Шералӣ Давлатов,
Хабарнигорони СССР