ХАБАРИ ДОҒ

23.02.2021. Соат ба вақти СССР 09:36 дақиқа. Усулан дар ин рӯз, ки ҳамчун рамзи ҷавонмардӣ пазируфта шудааст, ман нафареро табрик намегӯям. Зеро мард мард аст! Ва миёни марДу марГ тафриқа ҳамагӣ 1 ҳарф асту бас. Вале чун мебинам, ки номардон (вожаи ЗАН-ро ҳатто дар баробари ин мардакчаҳо корбаст кардан, таҳқири ҷинси мутақобила аст) зиёд шудан доранд, метавон андеро табрик гуфт. Фарзи мисол, 3 генерали маъруфтарини Тоҷикро. 3 танеро, ки тавассути заҳамоти шабонарӯзии ишон мо дар роҳату фараҳ ва оромиву осоиш қарор дорем: 

1.Генерал-полковник Сайдамир Зуҳуров

2.Генерал-полковник Саймумин Ятимов

3.Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода

Имрӯз, ки Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои амнтарин шомил шудааст, албатта, хидмати 2 вазоратхонаи зертобеи ин 3 генерал бузург аст. Ва агар дигарон фаромӯш кардаанд, ман ёд дорам, ки ҳамагӣ 15-20 сол пеш, маъзарат, вале завҷаи бархе аз «шердилони фейсбукӣ» шабона таваллуд мекард, ин номардакон ҳатто ба кӯча намебаромаданд-аз тарси авбошу боевику силоҳдору дузду ғоратгар. Имрӯз куҷоанд ҳамонҳо? Авбошонро мегӯям. Ҳаминҷоанд. Вале метарсанд. Аз мақомоти қудратӣ!

 Медонам, хуб медонам, ки дар суфуфи мақомот ҳоло низ ҳастанд тасодуфиён. Вале дар нисбат ба солҳои қабл хеле кам. Ба вежа сафи милиса, ки баъди «гражданка» ба «охӯри криминал» табдил ёфта буд, поккорӣ гардид. КэГэБэ бошад ҳатто дар даврони ҷанг низ беолоиш монд. Хидмати назарраси генерали маъруфтарини ин ниҳод-Сайидамир Зуҳуров! Воқеан ҳам генерал Зуҳуров ҳамин ҳафта ба синни 70 расид (20.02.1951), ки муборакамон бод!!!

Вале баъди Зуҳуров ин ниҳод қариб нимапрофессионал мегашт, ки ба бахти амниятиҳо, генерал Ятимов омад. Нафаре, ки то мағзу пӯст амниятӣ буд. 1 далел кифоят аст, то хидмати ӯро иброз дорем:

-Имрӯз ҳадафи №1 барои душманони миллӣ Саймумин Ятимов аст! Худ хулоса кун, хонанда, ки ЧАРО???

Чанде қабл сафари кории генерал Ятимов ба Афғонистон дар сархатти хабарҳо меистод. Расонаҳои «дӯст» бонг мезаданд, ки чаро КДАМ дар ин бора хабаре пахш накард? О, буродарон, КДАМ ҳам барои ҳамин аст, ки хабару иттилооти бисёр пахш намесозад. Шумо, ки зери сарпарастии СРУ, МАССАД, Сипоҳпосдорон, ФСБ фаолед, магар аз ин ниҳодҳо хабари бештару дақиқтаре дар ЯГОН маврид мегиред? То-та! КДАМ низ дигар ун ниҳоди қаблӣ нест, ки ба шумо хабару иттиллоот пешкаш созад-хобатонро ба об гӯед!!! (Воқеан ҳам баъди ин сафар, Ятимов бо масъулини аврупоӣ масъалаи бозгардонии ба ном «фирориёни Тоҷик»-ро аз ИА баррасӣ кард. Меоед. Ҳатман рӯзе меоед. Натарсед, шуморо зиндон намекунанд. Зеро бо ҳама иллату маризиву миллатситезиатон, 1 плюс ҳам доред-мутаассуф тоҷикед ва ватан шуморо қабул ва ҳатто маризии таносулиатонро шифо мекунад, ба шарте такрор накунед-хулиганиро! Мо Метавонем!

 Сафват Бурҳонов-ҳамкори гиромии мо аз Одесса, боре Ятимовро табрик кардаву гуфт, «маҳз хидмати пуршараф ва профессионалии ин ниҳод аст, ки дар Тоҷикистон тақрибан терроризм аз байн рафт!». Шояд нафаре эрод гираду қатли велосипедсаворонро ба хотир орад? Вале магар дар Фаронсаву Англия, Америкаву Германия террор нест? Фаромӯш накуне(м)д, ки дар Тоҷикистон ҳизбе то 7 сол муқаддам сари кор буду дар парлумон низ намоянда дошт, ки имрӯз дар сархатти феҳристи расмии аҳзоби террористӣ меистад. Рӯиҳамрафта дар тӯли ҳамагӣ чанд соат дастгир, маҳву хунсо сохтани ин террористон низ заҳмати КДАМ ва ВКД буд! То одамият ҳаст, терроризм низ дар бараш вуҷуд дорад. Терроре, ки ба ислому насронияву яҳудияву буддоизм ҳич дахле надорад!!!

Ва ана акнун боз ҳам баргардем сари евро-тоҷикакон. Хонашерони майдонғариб. Факт мехоҳед? СССР аз рӯзи аввал дар бораи коррупсия, камбудиҳои ҷамъият менавишту ину он ниҳод, раису вазирро танқид мекарду мекунад (дилхоҳ шумораро хонед!). Вале сарвари ин ҳизб дар парлумон буду дар даҳон 1 сатил об дошту танҳо ба пулу пайсағундорӣ банд. Имрӯз, ки аз ҳама мондӣ, нав ин ҳама «камбуд»-ро мебинӣ?

Рӯиҳамрафта, ин евро-муллоҳо бренди нав зодаанд-Бузи амният… Ва бо ин вожа дилхоҳ партриотро мепечонанд. Сар аз Додоҷон Атовуллоеви нозанин, ки (фикр кун хонанда!) 30 сол дар ғарибист, то Исфандиёру Бахтиёри Аминии беҳамто ва Ҳафиз Бобоёров, ки ба нишони эътироз аз Тоҷикистон рафта буд. Ҷурми ишон ин аст, ки ба ватан, миллат ва давлати хеш содиқанду аз ин сакалтуҳо қимобӣ. Яъне касе ватанфурӯшу хойин нест-буз аст???

Ва инро бузичаҳои охундиву СРУ, фэсбэ ва массадӣ мегӯянд-микси 4 андар 1…

Ягон нафаре нест, гӯяд, о чаро агенти СРУ, МАССАД, Сипоҳпосдорон, ФСБ ва КГБ будан ифтихор будасту ҳамкорӣ бо КДАМ бузигарӣ? Магар ҳар аврупоӣ, урус, укроин, амрикоӣ хидмат ба амнияти ватанро қарзи виждонӣ ва шараф намепиндорад? Шумо 1 филми Голливудиро дидаед, ки фарзи мисол Ҷек Чану Том Крусу Анҷелина Ҷолӣ ифтихор аз агентии СРУ накарда бошанд? Буз ҳамонест, ки зидди ватан, чароғпоя шуда, зери нақораи дигарон мерақсад. 

…Кайҳо фурсате расида, ки бренди «бузи амният» ба унвони шарафманди патриоти  ватану давлат табдил ёбад. То мардум аз ин иттиҳом меҳаросад, ин ҷамъият халалпазир аст! Барои ин кор, журналистони профессионал лозиманд, ки тавони таблиғи ватанпарастиро дошта бошанд. 

-Иди Ҷавонмардони асил муборак, ҳамватан. Мо Метавонем!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter