ХАБАРИ ДОҒ

  

 

Шинос шавед:

Розиқова Озодамоҳ Сарҳатовна, маъруф бо лақаби Марҷина. Лақаби ӯро Бобои Сангак Сафаров дар рӯзи аввали шомил шуданаш дар ҳайати Фронти Халқӣ мегузорад, зеро хело паричеҳра будаву ба Ҳема Малини-Марҷинаи ҳиндӣ монанд аст. 26.12.1970 дар кӯчаи ЧГП, шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Хатмкардаи мактаби миёнаи №4 ба номи В.И.Ленин. Ҳоло маъюб аст ва ҳатто намедонад маъюби гурӯҳи чанд, зеро ба кадом мақомоте муроҷиат кунад, ПУЛ мепурсанд ва дигар безор шудааст аз ҳуҷҷати маъюбӣ! Хонашин ва бе фарзанд аст, аммо дар солҳои ҷанг навзоди ширмакеро меёбад ва бузургаш мекунад. Фарзандаш-Шаҳноза дастёри ӯст…

Аз рӯзҳои аввали ҷанги гражданӣ шавҳарро аз даст дода, ба хунбаҳои шавҳар ба ҷанг пайваст! Ба сифати ҳамшираи шафқат дар ҳама ҷангҳо ҳамроҳи дед Сангак ширкат карда, садҳо маҷрӯҳро аз майдони ҷанг бароварда, садҳо мурдаро ба соҳибонаш расонидааст, ин дар ҳолест, ки маълумоти тиббӣ надошт.

Дар 1 муҳосираи мухолифини мусаллаҳ, дар совхози Файзалӣ Саид афтид ва то омадани гурӯҳи Лангарӣ Лангариев хело азият дид ва бо азобе раҳид…

Дар 1 переговор ҳамроҳи бобои Сангак бо афғонҳои он сӯи Омӯ, Мазори Шариф рафт, зеро муҷоҳидини афғон 16 нафар аз ҷанговарони Фронти халқиро гаравгон гирифта буданд…

Дар ҷанг чандин бор тир хӯрда, дар сару гарданаш то ҳол «осколка»-ҳо боқист. 2 маротиба «контузия» гирифта, мубталои дарди «эпилепсия» аст. Бо ин қадар қаҳрамонӣ дар майдони ҷангу хунрезӣ ва даҳшат ҳоло бе хонаву дар, дар 1 таҳхона, дар кӯчаи Ваҳдати маҳаллаи Умари Хайём «иҷоранишин» аст. Ҳини сӯҳбат ҳар лаҳза мегиряд ва мегӯяд:

 «Агар бобои Сангак зинда мебуд, ман ба ин аҳвол намеафтидам. Ин 31-умин иҷораи ман аст, ки то ҳол бору кӯчамро иваз мекунам…». 

Газетаи мардумӣ хотироти ин зани шуҷоъро пешкаши хонанда месозад. Мо метавонем!

 

Занги сархӯри хушдоман

20.09.1988. Бо ҷавонмарде нозанин-Маҳмудҷон Қодиров, с.тав.1965, сокини совхози Вахши ноҳияи Вахш, издивоҷ кардем. Ӯ донишҷӯи факултаи забони русии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буд. Маро диду дӯст дошт. Ба ҳамдигар маъқул шудем. Хело дӯсташ медоштам. Дар 4-ум рӯзи оиладорӣ шавҳарам маро ба Красноярски Русия бурд, бо мақсади коркунӣ. 4 сол истодем. Моҳи ноябри соли 1992 хушдоманам дар 1 занги телефонӣ ба писараш бо нолаву фиғон гуфт, «биёед, ки ҷанг сар шудаст, моро мекушанд, ними хонаҳои ҳамсояро кафондаанд…». Маҳмуд саросема гӯшии тилфонро партофт: «Занак, хез рафтем, ки хонаводаи моро мекушанд. Ҷанг сар шудааст ва бояд падару модарро халос кунам». Саросема аэропорт рафтем, билетҳо қимат. Ноилоҷ, сӯи вокзали Маскав шитофтем. Вақти аз аэропорт баромадан сиганзане дасти шавҳарамро қапида хост фол бинад. Мо, ки дар такудав будем, сиган гуфт: «Эй, марди нозанин, ту медонӣ, ки аз пушти марг медавӣ?». Аҳамияташ надодем…

Гуноҳи мо-кӯлобӣ будан!!!

Дар поезд билет гирифтему нишастем. Дар 5 рӯз ба н.Колхозобод (ҳоло н.Ҷ.Балхӣ) расидем. Вақте поезд ист кард, 1 гурӯҳ бо автомат дар вагон даромада, паспорт пурсиданд. Паспорти маро кушода, аз мӯи сарам сахт дошта, якеш гуфт: «Ту, кӯлобии колбасахӯр, ин сӯ гузар». Вақте ин ҳолатро шавҳарам дид, хост ӯро бо шатта бизанад, аммо 2-3 нафар пои ӯро дошта, аз зинапояи вагон ғелонида фароварданд. Дигар надидам, ки ҳамсарамро куҷо бурданд. Маро бошад ба Жигулии ВАЗ-011 (рангаш зард) тела дода савор карданд ва ҳамон хунхор ба ҳамраҳонаш фармон доданд, ки «ӯро штаб баред». Бо роҳи Колхозобод маро ба Вахш, ба штабашон оварданд. Дар роҳ  нафаре маро зада, бо ҳақорат пурсид: «Ту аз куҷои Кӯлобӣ?» Дар ибтидо тарсидам, зеро намедонистам, чӣ гап аст ва дурӯғ гуфтам: «Аз Кӯлоб не, аз Шӯрообод». Аз он тарс доштам, ки яке мераванду дар Кӯлоб хонаводаи маро мекушанд. Бо ғазаб ба марде, ки дар курсии пеш менишаст, гуфтам: «Э, ака, магар ту ҳам мисли ман хоҳару апа надорӣ? Шавҳари маро куҷо кардед?» Гуфт: «Шавҳаратро ба яғмо бурданд». Ростӣ, нафаҳмидам, ки «яғмо»-яш чӣ бошад? Боз такрор кард: «Ба яғмо бурданд, фаҳмидӣ?…».

1 рӯз дар оғилхона

Хуллас, маро дар хона-ҳавлие, ки штаб карда буданд, оварданд ва дар хонаи бе тиреза руст карда, аз болоям қулф заданд. 1 рӯз шиками гурусна нишастам. Хона тип-торик, чароғ надошт. Аз бӯи хона фаҳмидам, ки оғилхона аст. Рӯзи дигар аз куҷое бо мошини УАЗ мардҳо омада, 2-3 тир ба ҳаво паронданд. Аз роғи дар нигаристам, ҳама дар даст чизе дуд медоданд. Баъд фаҳмидам, ки банг будааст. 1 нафари онҳо занеро фарёд кард, ки «рав, аз Чапаев ба мо авқот биёр!». Чун овози занро шунидам дарро сахт бо дастам кӯфтам. Нафаре назди дар омаду пурсид: «Чӣ мегӯӣ?» Гуфтам: «Мехоҳам, берун равам». Ин мард холаро наздаш даъват карда гуфт: «Ӯро то ҳоҷатхона ҳамроҳӣ кун». Вақте зан маро туалет мебурд, роҳ ба роҳ ва оҳиста дар гӯшам гуфт: «Ҳозир бо трактор маро барои авқот мефиристанд. Ту аз пушти туалет тайёр шав, ҳини трактор гузаштан, ба болои прицеп бипар. Фақат ҳушёр шав, ки шофёр муҷоҳиди гизала аст, набинад. Лекин маслиҳат ҳамин: агар наҷот ёфтӣ туфлиҳоятро ба ман медиҳӣ». Гуфтам: «Холаҷон, ҳатто либосҳоямро гир, аммо наҷотам деҳ».

Туфлӣ бар ивази ҷон

Хуллас, ба ҳоҷатхона даромада, 2-3 дақиқа нишастам, ки трактор омад. Зуд аз болои девори кафидае, ки хело паст буд, худро болои прицеп партофта, назди кострулу косаву табақ пинҳон шудам. Занаки ғармӣ низ он ҷо буд ва оҳиста ба пушташ, сӯи ронанда нигоҳ кард, ки маро  дидааст ё на? Гуфт, ки кострул калон асту 1 бало карда худро дарунаш ҷо кунам, аммо нашуд, зеро зарф майда буд. Зан дид, ки дигар илоҷ нест, бо ишора таъкид намуд, ки «пушти косаву табоқҳо руст шавам». Хуллас, дар 20-30 дақиқа аз гардиши Колхозобод (назди пости Узун) гузаштем, ки гуфт: «Туфлиро аз поят барору худро ба замин парто ва бо ана ҳамин раҳ, бо миёни ҷӯякҳои пахта то вокзали Қӯрғонтеппа меравӣ».

Туфлиро аз по бароварда додам ва худро ба канори роҳ, ки ба назарам заҳбур буд, ҷар кардам. Чанд лаҳза истодам, трактор аз назар дур шуд, баъд даруни пахта даромада, бо ҷӯяки калон қарибиҳои намози шом ба вокзал расида, дар пост бачаҳоро бо автомат дидам, ки пешашон тонку БТР қатор аст. Рӯз қариб ба торикӣ наздик мешуд, садои бачаҳо аз тонку БТР ба гӯш мерасид. Интизор нишастам, ки торик шаваду баъд пинҳонӣ ба вокзал бароям. Аз хунукӣ дир-дир меларзидам, зеро ҷӯяки пахтаҳо намнок буд. Яке буд, ки аз роҳ 1 мошини УАЗи болояш кушода омаду дар пост истод ва сӯи бачаҳо гуфт: «Пост тинҷай?». Ман, ки чанд метр ба пост наздик будам, садои шинос ба гӯшам расид. Бо диққат нигаристам, ки Давлат-ҷияни Бобои Сангак аст, ҳамсояамон, сӯяш аз шодӣ ва бо гиряву нола давида дод задам: «Ҳе, акаи Давлат, ин манам, мара шинохтӣ?!». Ӯ маро дида бо ҳайрат пурсид: «Э, духтар, ту дар Маскав набудӣ?». Тамоми ҳодисаро ба тафсил нақлаш кардам. Давлат ба Шер (ӯ ҳам ҷияни Сангак) фармон дод: «Инро ба штаб, пеши мӯсафед бар». Шер маро ба штаб овард, ки дар бинои КГБ вилоят ҷойгир буд. Дар штаб маро ба кабинети бобои Сангак бурданд.

 

Сангак: Марҷина Алибоборо меҷӯяд?

Мӯсафедро аз кӯдакӣ мешинохтаму «Бобои Санг» мегуфтам, маро дида ҳайрон шуд: «Ин ҷо чӣ кор мекунӣ?». Бо гиря ҳамаро нақл карда, хоҳиш намудам, ки шавҳарамро ба ман ёфта диҳанд. Ин ҳамаро шунида, нимшӯхӣ гуфт: «Агане, бугу, Марҷина Алӣ-бобора кофтест? Ин хел намешавад! Ту ҳозир Кӯлоб меравӣ, мо баъд шавҳаратро ёфта наздат мефиристем». Гуфтам: «Бобои Санг, то шавҳарамро намеёбед, ҳич ҷо намеравам». Аз куҷое кроссовкие оварда, ба поям пӯшониданд. Бобои Санг таъкид кард: «Шаб ин ҷо меистӣ, пагоҳ саҳар бачаҳо аз Кӯлоб меоянд, рӯзона ба Колхозободу Вахш операция мегузаронем, агар шавҳарат зинда баромад, ба дастат оварда медиҳем». Гуфтам, «майлаш, лекин ман ҳамроҳи шумо меравам». Гуфт: «Не, духтари оча! Он ҷое, ки мо меравем, қатлу куштор асту хунрезӣ. Ман бояд туро зинда ба дасти очату отат супорам».

Сангак: Кулоб Ватани шумо нест!

Соати 4-и саҳар 2 Камаз бачаҳо аз Восеъ ва Кӯлоб вориди штаб шуданд. Бархе дар даст камони 16, камони шикорӣ ва 5-тира доштанд, баъзе бо худ досу олоти рӯзғордорӣ. Муҳим ин буд, ки онҳо силоҳ надоштанду заррае тарс ҳам дар дилашон набуд! Баъди нафасросткунӣ ҳамаро бобои Санг дар 1 саф (развод) гузошт:

«Хайр, ҳама тайёред?!» Гуфтанд: Ҳо, командир! Бобои Санг каме «пауза» карду гуфт: «Акнун шумо ба ман бигӯяд, ки кистед???» Ҳама бо 1 овоз гуфтанд: «Мо солдатем!». Бобои Санг гуфт: «100% дуруст! Барои чӣ омадед?» Гуфтанд: «Барои муҳофизати Ватан!!!» «Офарин!!!» гуфт дед ва боз суол кард: «Ватани шумо куҷост?» Гуфтанд: «Ватани мо Кӯлоб!!!». Аз посухи ғайриинтизори «солдатҳо» бобои Санг гизала шуд, мисле ки чашмаш аз косахонаи сар баромада бошад, сӯи онҳо дод зад ва дашноми сахт ҳам дод: «Ватани шумо Кӯлоб аст?!!! Кӯлоб Ватан бошад, дар Қӯрғонтеппа номаъқул мекунед? Барои чӣ омадед???». Дед каме хомӯш истоду боз давом дод: «Неъ, ҳаргиз! Нодуруст!!! Фаромӯш накунед, ки Ватани шумо Тоҷикистон аст!!! Шумо маро фаҳмидед??? Мо бояд барои Тоҷикистон биҷангем! Ё не???» Ҳама бо овози баланд ва самимӣ гуфтанд: «Ҳо, фаҳмидем, дед!»

Баъд 1 нафарро амр дод, дари 1 ҳуҷраи штабро кушода, ба касоне, ки аслан дар даст силоҳ надоштанд, автомат диҳад. Силоҳҳоро гирифта, ба мошинҳои Вилюс, ВАЗ, КамАЗ… нишаста, пеш-пеш ба роҳ баромаданд. Ман ҳам аз қафо дар мошини РАФИК мерафтам. Шофёри ман Мурод (аз колхози Шатали Кӯлоб ва ҳоло дар Раёсати БДА ш.Душанбе кор мекунад. Ӯро бо лақаби «Муроди РАФИК» мешинохтанд) буд.

Ҷанг дар Чапаеви Колхозобод

Хуллас, то гардиши Чапаев рафтем, ки яке тирпаронӣ сар шуд ва худи ҳамон лаҳза чанд тан аз силоҳдорони мо дар пеши назарам аз по афтиданд. Бори аввал садои тир, хунрезиро дида, сахт тарсидам. Аммо мақсади ман ҷустани шавҳарам буд… Ақиб нишастем, зеро теъдоди гурӯҳи Сангак Сафаров кам буд: Қариб 100 нафар. Ҷангиёни оппозитсия ҳам беҳисоб ва ҳам бо силоҳҳои вазнини ҷангӣ мусаллаҳ буданд.

Ин ҷо мехоҳам 1 лаҳзаро аз ин амалиёт бигӯям:

Дар ин ҷанги даҳшатноки Колхозобод талафоти зиёд додем. Аҷибаш ин ки бачаҳои оппозитсия хуб медонистанд, кӯлобиҳо чӣ ному лақаб доранд. Тасаввур мекунед, дар вақти тиршапӣ байни мо ва мухолифин ҳамагӣ 1 девори калони бетонӣ (забор) буду 4-5 метр масофа: Аз ин тараф мо, аз он тараф онҳо! Онҳо бо лаҳҷаи ба худ хос «Зафарча» гуфта, мехостанд садои бачаҳои моро бишнаванд. Вақте бачаҳои мо фикр мекарданд, ки моро аз байни худамон касе фарёд дорад, «чӣ мегуй?» гуфта сар аз замин мебардоштанд, дар ҳамин ҳол аз ун тарафи девор бо снайпер «мечиданд». Маҳз дар ҳамин найранг ва тактикаи ҷангии онҳо хело бачаҳои мо фавтид ва захмӣ шуд. Ахир мо ҳам аз усули онҳо истифода бурда, «Маҳмадалии ҷу» мегуфтем, онҳо фикр мекарданд, ки бачаҳои худашон даъват дорад, яке сарашро мебардошт: «Ҳо, чӣ мегуй?». Мо низ бо автомат мезадем.

Сангак: Чунгули Фосро биёред!

Ягона чизе, ки моро аз ин муҳосираи сархӯр халос кард, Чунгули Фос буд. Он 1 навъ силоҳи худсохтест, ки аз ҷониби 1 марди немис дар заводи КОЗТО-и Кӯлоб сохтаву ба Фронти халқӣ тақдим шуда буд. Сохташавии он сабаб дошт. Бачаи марди немисро, гурӯҳи оппозитсия дар Қурғонтеппа, кофир гуфта, ваҳшиёна қатл мекунанд. Ӯ барои қасос гирифтан 1 адад силоҳро аз «трубаи батарея»-и гармидиҳӣ сохта, ба дасти бачаҳои Фронти Халқӣ месупорад. Воқеан, тавре худам шоҳид будам, вақте дар амалиёт «кручок»-и Чунгулро зер мекунед, бо садои «фус-фус» аз дохил тир баромада, ҳадафро зада, дар ҷояш нобуд мекунад. Баъди тинҷ шудани авзоъ шунидем, ки он марди немис аз Тоҷикистон кӯч баста Олмон рафтааст.

Андар шарҳи Чунгул Фос

Аз мусанниф: Воқеан ҳам Чунгули Фос дар ҷанги гражданӣ хеле нақши бориз гузошт. Зеро дар шароите, ки Фронти халқӣ силоҳи вазнин надошт, маҳз бо ҳамин Чунгул, ки баъдан дар қиссаву асотир ҷо гирифт, душманро саркӯб мекард. 

Файзулло Бадарғаев, узви собиқи Фронти халқӣ аз ш.Кӯлоб дар хусуси аз куҷо ва аз ҷониби кӣ сохта шудани Чунгули Фос мегӯяд: «1 марди немис дар ш.Қӯрғонтеппа бо насаби Фос мезист. Соли 1992 вақте митингу гирдиҳамоиҳо дар майдонҳои Озодӣ ва Шаҳидон сар шуданд. Писари Фосро оппозитсия бе ҳеҷ гуноҳе кушт. Ӯ аз Қурғонтеппа ба Кӯлоб гурехту барои ҳимояи ҷонаш силоҳ сохт, танҳо 1 дона. Баъдтар тибқи дархости мардум чанд донаи дигар истеҳсол кард. Силоҳаш ном надошт ва аз ин сабаб онро Чунгули Фос ном карданд. Силоҳ 18 кг вазн дошт ва тираш то 1700 метр мерафт. 2 навъи тир дошт: яке барои хонаву мошин ва дувумӣ барои одам задан. Чунгули Фосро мисли автомат рост истода паронда намешуд, зеро қундуқи он метавонист ҳангоми парондан бо зарбааш шикаматро кафонад. Аз ин рӯ, ҳини парондан қундуқи онро дар замин гузошта, чунгурак менишастем ва баъд мепарондем. Аз ҳамин ҷо ном гирифт Чунгули Фос…».

Бобои Сангак ва Чунгули Фос

Бобои Санг амр кард, ки аз мошин Чунгули Фосро биёранд, то «забор»-ро зада чаппа кунанд. Чунгулро оварданд. Бовар кунед, бо 1 тир, хело монанд ба зарбаи гранатомёт, девор афтида тит шуд. Бо чашмам дидам, ки вақте забор афтид, бачаҳои оппозитсия автомату пистолету камонро партофта, чунон гурехтанд, ё тавба! Ман 1 чизро дар ҳамин вақт ҳис кардам: Бачаҳои оппозитсия ҷуръату ғайрат ва гурдаи ҷангӣ надоштаанд. Зеро ба ҳадде ба пушт нанигариста мегурехтанд, ки ҳич боварам набуд, мардак бошанд...

Сангак: Ҳамаатонро алов мезанам!

Маҳз ҳамон ҷо дидам, ки тамоми силоҳбадастони мухолифин дар пешонӣ латтаи сафед доштанд ва ҳини афтидани девори бетонӣ бархе «успет» карда гурехтанд, баъзеяш бо чолокӣ латтаи сафеди пешониро канда, ба замин партофта, таслим шуданд. 2-3 ришдорак латтаи сафеди пешониро сӯе ҳавод дод ва пеши пои бобои Санг афтида, бо гиря мегуфтанд: «Бобоҷон, дар хоки пот садқа, мора ина ҳамин муллоҳо маҷбур ба дастамон автомат доданд, агане, ба номи Худо, мо ҷанг карданӣ нестем. Илтимос, мора накуш, раҳм кун». Бори аввал медидам, ки мард ҳам гиря мекунад.

 Бобои Санг воқеан раҳмдил буд, аммо он лаҳза, ки хело талафоти зиёд дод, дар ғазаб шуд ва сӯи ҳамроҳон амр кард: «Инҳоро бареду болои Камази худашон бор кунеду ба штаб баред, ҳамаашонро ҷамъ карда алов мезанам!!!». Бовар мекунед, амри дедро шунида, бачаҳои таслимшуда дар ҷояшон «тар» карданд. Яке гуфт: «Бобоҷон, охир, ба ман дилат намесузад? Ман ҳам аз Кӯлобам». Ранги рӯи Бобои Санг тағйир ёфту пурсид: «Аз куҷои Кӯлоб?». Таслимшуда гуфт: «Аз Орҷоникидзеободи Даҳана». Дед аз посухи ӯ дар ҳайрат афтида, дигар намедонист, аз ҷавоби ӯ бихандад, ё бигиряд, зеро Даҳана Орҷоникидзеобод ва Орҷоникидзеобод Даҳана надорад. Маълум буд, ки ӯ аз тарс дастону лабонаш ларзида, худаш чӣ мегуфт, дигар намедонист. Бобои Санг пурсид: «Ҳе, паъати аблаҳ, Даҳана Орҷоникидзеобод надорад, рута сиёҳ накун!» Ришакии дар арақ тар, аз гап монд, гунг шуд, аз тарси он ки ӯро ҳамин ҳозир бурда оташ мезананд… Хуллас, бачаҳои таслимшударо бор карда, ба штаб бурданд ва дигар тақдири онҳо барои ман номаълум монд, ки бо онҳо чӣ шуд. Бачаҳои аз зарби тир фавтида ва захмишудаҳои моро бошад ба мошинҳо бор карда, ба Кӯлоб бурданд.

1 чиро ҳатман бояд ёдрас шуд. Вақте ҷасади 1 кӯлобиро мебурданд, ба даъвои хунбаҳо ва қассос 7-8 нафар бародару хешу табораш ба ҷанг меомад. Сафи мо ҳамеша меафзуд. Сафи оппозитсия бошад рӯз то рӯз камтар мешуд…

Файзаливу Ёқуб ба мадад мерасанд

Дар зери фишори оппозитсияи исломии то дандон мусаллаҳ ва бешумор гурӯҳи бобои Санг маҷбур ақиб нишаст. Дар ин лаҳзаи ҳассос ва даҳшатбор аз пушти мо 5 гурӯҳ омаду дар 1 они воҳид ҳама 6 шудем:

1.Гурӯҳи интернатсионалистони Кӯлоб бо роҳбарии Ҳикмат Мирзоев («Ҳикмати Фронти Халқӣ» бо ин ном газетаи СССР чанд матлабе аз сӯҳбати ӯ чоп карда буд) аз самти Кӯлоб зуд даррасид.

2.Бачаҳои Восеъ бо роҳбарии Сӯҳроб Назаров (маъруф бо лақаби Сӯҳроби Буққа. Ҳоло ӯ дар қайди ҳаёт аст. Ин ҷо ба маврид аст, таъкид кунам, ки Сӯҳроб дар амалиёти сентябрии соли 2015-и зидди Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит низ фаъолона ширкат дошт).

3.Гурӯҳи мӯъминободиҳо бо роҳбарии Аслам (маъруф бо лақаби Аслами вино. Ӯ дар деҳаи Мичурини н.Муъминобод мезист ва бо мошинаш вино мекашид).

4.Бачаҳои Калининобод (ҳоло н.Сарбанд) ва Қизилқалъа (н.Хуросон) бо роҳбарии Хӯҷа Карим ва Файзалӣ Саидов.

5.Гурӯҳи бачаҳои Вахш бо роҳбарии Ёқуб Салим.

6.Гурӯҳи бачаҳои Кӯлоб бо сарварии бобои Сангак.

Занҳои ба қассоси шавҳар омада…

Маврид ба зикр аст, ки дар гурӯҳи Бобои Санг ба ҷуз камина чанд нафар аз занони кӯлобӣ низ аз сари номус ба даст силоҳ гирифта буданд:

1.Шарифа (зани командир Сафар-маймун аз н.Восеъ. Шавҳари ӯро санаи 28.10.1992 дар яке аз набардҳои шадид дар атрофи шаҳри Қӯрғонтеппа ваҳшиёна куштанд. Ӯ барои қасди қатли шавҳараш боевик шуд. Шарифа дар 1 амалиёти шадиди ҷангӣ контузия гирифт ва ҳоло бемор асту дар яке аз қаровулхонаҳои н.Восеъ зиндагӣ дорад. Рӯзгораш ниҳоят вазнин асту ғамангез, 

2.Назира, 

3.Анора, 

4.Наргис, 

5.Зуллӣ (ин зан аз н.Вахш аст ва дар охир ба гурӯҳи Ёқуб Салим пайваст), Тағайгул ва Маҳтоббӣ (ҳар 2 аз ш.Кӯлоб). 

6.Тағайгул ва

7. Маҳтоббӣ-ин 2 зани охир, вақте дар ПТУ-36 штаб ташкил шуд,  назди бобои Санг омада принсип мондаанд, ки «мо ҳам то мурдан дар бари шумо меистем». Ин 2 зан  дар 1 садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Кӯлоб, ки мехостанд ба аёдати фарзандонашон раванд, фавтиданд…

Хулоса, 6 гурӯҳ 1 шуда фардояш амалиёти кулл-сартосариро оғоз карданд. Аз пеш бачаҳои Вахш зери раҳбарии Ёқуб хеста, мавқеи мухолифинро ба ҳадде танг карданд, ки онҳо то Панҷу Қумсангир гурехтанд...

Ҳайати Сангак Сафар

Дар гурӯҳи бобои Санг инҳо буданд (шояд баъзеяшро фаромӯш карда бошам): Шер, Давлат, Хол-ҷиянҳои Сангак Сафаров, Хуршед аз Восеъ, Ҷумъаи Зард, Бахтиёр, Ҳасан, Ҳамза, акаи Алам, Азиз, акаи Мизроб, Мурод (шофёри бобои Сангак), Комил, Маҳмадулло, Хайрулло, Рамазон, Ҳаким, Сафар аз кӯч.Куйбеш, Тоҷиддин, Калтаи Сафар, Давлат Сардоров, Ҳайдар Саид, акаи Боймаҳмад Файзов аз Восеъ, Саидшо Шамол аз Ховалинг, Фаррухи футболист аз н.Колхозобод, Зоир Қаландаров (маъруф бо лақаби Титаник, ки дар баталиони милитсияи Кӯлоб кор мекард ва сентябри соли 2010 дар Тавилдара аз ҷониби гурӯҳи Мулло Абдулло кушта шуд), Саид Тоҷ (он замон старшинаи ГАИ дар ш.Қурғонтеппа буд, ҳоло дар БДА вил.Хатлон фаъолият дорад. Ӯро он шабу рӯз вовчикҳо гаравгон гирифта, то ағбаи Фахробод мебаранд, ки ҳарчӣ худро аз мошин партофта мегурезад ва зинда мемонад). Ҳамчунин ҳамроҳи мо, Шералӣ Сабзов (генерал-лейтенанти милитсия, ҳоло дар Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият дорад), Анвар Тағоймуродов (генерал-майори милитсия) ва дигарон буданд…

Хуллас, 6 гурӯҳ 1 шуда, то Панҷи Поён мусаллаҳони мухолифинро зада-зада бурдем. Дар Қумсангир Саидшо Шамол аз мо ҷудо шуда, гурӯҳ ва штаби худро ташкил карду дар Қумсангир монд…

Дар асорати мухолифин

Ҳоло аз он қисса мекунам, ки чӣ тавр ману Назира (ӯ ҳам баъди кушта шудани писарчаи 4-солаи дар оғӯшаш аз ҷониби 1 хунхори наҳзатӣ, дар н.Калининобод, боевик шуд. Ӯ аз н.Фархор буд ва ҳамин чанд соли пеш аз 1 бемории тӯлонӣ дар н.Калининобод, дар хонааш фавтид) дар асорати мухолифин, дар совхози Файзалӣ Саидови н.Бохтар мондем. Вақте амалиёти Колхозобод хатм ёфт, ба бобои Санг гуфтем, ки ману Назира ҳич ҷо намеравем ва ҳамроҳатон меистем. Бобои Санг гизала шуда гуфт:

 «Шумо раведу дар штаб дам гиред ва шустушӯ кунед. Маро фаҳмидед? Ин ҷо баъзе бетартибиҳо шудан дорад, яке зарар нарасад».

Ману Назира ҳини пои пиёда ва танҳо омадан ба сӯи штаб, дар светофори «НИХИ» (маҳаллаи Дружба Народов, ҳоло ин совхоз ба номи Ф.Саидов аст), дар сари роҳ 1 занеро дидем, ки дар даст аробаи якчархадор, орд мебурд. Мо ҳамту бо мақсади кӯмак, ба ӯ гуфтем, ки «хола, ёрдамат кунем?!». Ӯ ҳам хурсанд шуда, аробаро дар замин монд ва гуфт: «Худо, баракатат диҳад, кошкӣ». Ману Назира бо навбат аробаро то «гаражи тракторҳо»-и поселкаи Будёный овардем. Занро пурсидем: «Хола, то хонаат чанд қадам монд?». Зеро хело хаста шудем. Ӯ гуфт: «Ана қариб омадем, 10 қадам мондаст…». Ба ҷои гуфтааш расидем, ки зани айёр 2 кафи дасташро бардошта, сахт-сахт чаппак зад. Ин сигнал ва ё пароле буд, ки намедонистем. Ҳамин замон аз пушт 4-5 автоматдор пайдо шуд. То ба қафо гаштам, ки аз пушт бо қундоқи автомат ба сарам заданд. Аз ҳуш рафтам. Дигар намедонам, бо мо чӣ шуд. Вақте ба ҳуш омадам, дастонам боло, дар токи ангури гараж бо банди гов бастагӣ. Бароям ин лаҳза сахт мушкил аст, ҳатто ҳамин ҳоло барои нақл карданам (Ин лаҳза мусоҳиб бо гиряе аз ҳуш рафт-Ш.А.).

Бо корди тафсон поямонро сӯзонданд

Нав ба ҳуш омадаву яке чашмам ба Назира афтод, ки ӯ низ дар паҳлӯям, сару рӯяш пури хун, дар токи ангур овезон аст. 1 нафараш дар пешамон, дар печкаи ҳезумсӯзӣ, ки болояш дар 1 карсон авқот меҷӯшид, корди хоҷагидориро сурх карда, ба брюки зарди ҳарбии ман зер кард. Брюк сӯхт ва корд даруни гӯшт даромад. Сахт дод задам. Кордро гирифт ва боз болои печка монду ин навбат рони Назираро сӯзонд. Доду войи ӯ ҳам пардаи гӯши фалакро дарронид!!!

Марди кордбадаст савол дод: «Дар штаб чанд нафаред?». Гуфтем: Намедонем! Боз кордро гирифту пойҳоямонро сӯзонд ва бо қундоқи автомат ба сари сина ва шикамамон чандто зад. Боз аз ҳуш рафтем. Оби хунукро ба сару рӯямон пошиданд, ба ҳуш омадем. Боз савол доданд: «Дар штаб чӣ қадар яроқ доред? Граната доред? Чунгули Фос доред?» Гуфтем, ки мо намедонем. Ин дам, 1 нафар, ба фикрам посбони онҳо дар кӯча қарор дошт, ки аз берун ҳаккас зада давида омад ва садо дод, ки «Гурезед, Лангарӣ омад!!!».

Онҳо 4 тараф пош хӯрданд. Яке аз онҳо барои дилашро хунук кардан, назди мо давиду сӯямон чанд тир холӣ карду гурехт ва ӯ гумон дошт, ки мо кушта шудаем. Ҳамин лаҳза, 1 тири автомати ӯ ангушти ишоратии дасти Назираро аз бехаш канд. Хун аз даст ба поин, болои сар ва рӯяш мешорид.

Рӯ ба сӯи Назира кардаву гуфтам: «Зиндаӣ, э, бева?» Гуфт: «Ҳова, зиндаюм, ангушти ман парид, дидӣ?»...

Лангарӣ: Онҳоро таҷовуз кардаанд?

Мо қариб 15-20 дақиқа овезон истодем, ки нохост бачаҳои Лангарӣ ба гараж зада даромаданд. Моро дида, аз БТРҳо фаромаданд. Болои стулҳои дароз хез карда, бандҳоро бурида, раҳоямон карданд. Акнун мехоҳам, ки дар по қарор истам, намешавад. Аз поям тир задаанду худам бехабар. Гӯштҳои поям аз брюк баромадаву кашол, зонуям қатъ намешавад. 

Назираро Бахтиёри Лангарӣ ва маро Исмоил ном ҳамраҳи Лангарӣ бардошта болои БТР хобониданд. Ун тарафаш дар ёдам нест, зеро дигар аз ҳуш рафта будам… Замоне ба ҳуш омадам, ки дар Беморхонаи Қарияи Боло (имрӯз ин беморхона ба номи Б.Воҳидов аст)-и Қӯрғонтеппа хобаму тамоми бадан хунолуд ва бинтпеч. Лангарӣ асабӣ омаду аз сардухтур пурсид, ки аъзои онҳоро расидаанд (ба маъное, ки «таҷовуз накардаанд?»)? Духтур гуфт: «Не, фақат тир хӯрдаанд».

2 рӯз ҳамроҳи Назира дар Қарияи Боло бистарӣ шудам. 1 ангушти ӯ аз зарби тир парида буд. Вақте табибон диданд, ки хунравӣ (кровотичение) аз узви дарунии ман зиёд аст, тавсия доданд, ки «зуд ба беморхонаи Калининобод (ҳоло н.Сарбанд) баред, он ҷо шароит беҳтар аст, зеро оппозитсияи исломӣ дар мо қариб тамоми асбобу дастгоҳҳои тиббиро зада шикастаанд».

Маро ба беморхонаи Калининобод бурданд. Зуд аз куҷое 1 бону-табиби солхӯрдаеро оварданд. Ӯ ҳолати бади маро диду 1 таблеткаи карахткунандаи «морфин»-ро дар укол рехта, дар баданам зад. Бо ҳамин дурудароз аз ҳуш рафтам. Вақте ба ҳуш омадам, хунравӣ пурра қатъ шудааст. Он ҷо 2 ҳафта хобидам. Пойҳоямро бо алебастра-маҳсули сохтмонӣ бастанд, зеро «гипс»-и тиббӣ набуд. Баъди 2 ҳафта ба штаби бобои Санг омадам, ки 1 БТР ба Колхозобод раҳакӣ буд ва бояд ба ҷанговарон тир мебурд. Болои БТР бароварда шинониданд. Маро дар штаби Колхозобод фароварда, гуфтанд, ки «ту ин ҷо исто, дар сурати вазъияти фавқулодда даъватат мекунем» ва рафтанд ба самти Қумсангир. Ман дигар бо чигас роҳ гашта, аллакай контузия гирифта будам.

Мурдакаши Фронти халқӣ

Дар амалиёти Вахшу Колхозобод даҳҳо нафар аз ҳамсилоҳҳони ман аз тири мухолифин кушта шуданд. Ҷасади онҳоро ба дасти наздиконашон бурда расонидан, тибқи амри бобои Санг, бар зиммаи ман буд. Ба қавле, «мурдакашак» будам. Бисёр лаҳзаҳои мушкил. Ҳамин ҳоло намедонам, ки «кадр»-ҳои пур аз даҳшатро чӣ хел пеши рӯ биёраму бароятон тасвир кунам. Дар пеши чашмам вақте ҳамяроқонамро дар по, сару шикамаш… тир мезаду лахт-лахташ мекард, мағзи сараш пош мехӯрд ва бо овардани 1 калима-«очаҷон!», ҷон медод. Он вақт, ростӣ, барои ман, Зан-Модар дигар ҷои гиристан ҳам намонда буд, чун чашми ман шоҳиди зиёди қатлу куштор будӣ. Ман бошам ҳамроҳи акаи Мурод дар мошини «Рафик»-аш ҷасадҳои дар хун шип-шиттаро ба шаҳру минтақаи Кӯлоб мебурдем. Тани беҷони «фронтавик»-ҳоро хона ба хона бурда, зери гапу дашном ҳам мемондем. Соҳибони ҷасадҳо бо рӯю мӯканӣ фикр мекарданд, ки ҷигарбанди онҳоро мо кушта бошем. Бархе аз падару модарони ҷигархун, ҳамсарони бахтгумкарда дар сари ғазаб «девонавор» ба ману акаи Мурод (Муродалӣ Раҳмонович Ризоев, ҳоло корманди БДА дар вил.Хатлон аст) дарафтода, аз гиребону мӯи сарамон дошта, оҳу фиғон мебардоштанд, ки «чаро бачаю шавҳари ман зинда рафту мурдааш омад?». Ин ҳолат то ҳозир барои ман даҳшат аст!!! 

Ростӣ, мо ҳам дар баробари онҳо мегиристем ва тасаллият мекардем. Ҳатто рӯзҳои пурҳарорате дар ёдам то ҳол боқист, ки болои ҷасадҳои дар хун тар, аз ноилоҷӣ спирт мерехтем, то бӯ накунанд ва пашша нашинад. Зеро борти «Рафик» бо кабинааш пайваст буда, дар бӯи мурдаҳо истода намешуд ва мошинро рондан басо мушкил буд. Маврид ба зикр аст, ки соли 1993 дар 1 амалиёти шадиди Колхозобод Бахтиёр-командири бохтарӣ (аз гурӯҳи Файзалӣ Саид) аз шикамаш тир хӯрд. Ӯ низ ҳамроҳи мо якҷоя буд. Вайро шахсан Файзалӣ бо вертолет бардошт ва хело талош кард, ки ҷонашро харад, аммо натавонист. Баъд маълумамон шуд, ки тир ҷигарашро сӯрох кардааст.

Бо амри дед 100-граммӣ мезадем!

Дар амалиёти Колхозобод зимни «очистка» (поккорӣ) хонаи наҳзатиеро «бомбит» кардем, ки дари подвалаш кушода шуд. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, аз дари подвал то охири подвал арақ, коняк ва Наполеон (навъе аз коняк, ки бӯи шоколад мекард) рӯи ҳам тал задагӣ. Бо амри бобои Санг ҳамаро дар 1 Камаз бор карда, ба штаб бурданд. Мисли ҳамин, даҳҳо магазинро дар ш.Қӯрғонтеппа, навоҳии Вахшу Колхозободу Қумсангир ва Панҷ зада, бору маҳсулоташро ба штаб мекашидем. Вақте дар «порт»-и Панҷ 1 складро задем аз дохилаш садҳо адад ҷинсҳои «Меркурий», чойникҳои сафолину оҳанин, асбоби рӯзғордорӣ, садҳо утюк, носкиҳои пашмин, мӯзаҳои чармин, кроссовкиҳо… ёфт шуд. Бояд гуфт, ки ин ҳама молу колои тариқи ғорат ҷамъкардаи исломистон буданд. Ҳамаро ба штаб бурда, байни ҷанговарон тақсим кардем ва дед фармуд, ки либосҳои ғафсро пӯшед, то сармо назанатон.

Нӯшокиҳои спиртиро бошад деди Фронти Халқӣ шахсан назорат мекард ва дар арафаи зодрӯзи сарбозон ва ё пеш аз амалиёти шадид шахсан иҷозат медод, то 100-граммӣ бизананд: Барои шердилӣ, на мастӣ! Ва ҳич гоҳ намегузошт, ки сарбозон аз пеши худ мастигарӣ ва бедодӣ кунанд. Ҳатто дед шадидан зидди он буд, ки сарбозон баъди «чистка» ба ҷиҳоз (кӯрпаву болишту қолину сандуқ…)-и хонаҳои мухолифин дастдарозӣ кунанд!!!

Ҳамроҳ бо дед барои переговор

Қиссаи дигар. Бо супориши махсус 13 нафари мусаллаҳро барои разведка ба Панҷи Поён фиристоданд. Онҳоро бошад дар поси шаб афғонҳое, ки бо наҳзатиён якҷоя меҷангиданд, қапида, он сӯи дарё мебаранд. Ин ҳолатро 1 нафар сержанте мебинад, ки дар ҳамон лаҳза дар гӯшае қазои ҳоҷат мекард. Вақте пештар меояд, садои ҳамяроқонашро аз ун тарафи дарё шунавида, хабарро ба боло расонид. 

Пагоҳ саҳар Бобои Санг омаду 16 нафарро барои переговор дар Афғонистон ҷудо кард. Афғонҳо бо Бобои Санг аввал аз лаби соҳили Омӯ музокирот барои табодул карда, шарт мегузоранд, ки «Ба мо 6 адад Чунгули Фос биёред, гаравгонҳоро раҳо мекунем». Бобои Санг розӣ шуд ва фармуд, Чунгули Фосро биёранд. Дар ин байни 16-нафара камина, Шералӣ Сабзов, Аскар, Мурод (шофёри Бобои Санг), ҷияни ӯ Давлат, Шералӣ Нуралӣ (ҳоло генерал асту дар нафақа) ва чанд каси дигар низ будем, ки ҳоло ному насабашон дар ёдам нест…

Хуллас, мо ба хоки афғон тавассути «балон»-ҳо гузаштем. 4 нафар афғон моро бо роҳбаладӣ ба штаби худ, ба Мазори Шариф бурданд. Рафтем ба штаб. Афғонҳо гуфтанд, ки «ҳама яроқҳоро дар 1 ҷо супоред ва бидуни силоҳ дароед». Дед ҳамроҳи Шералӣ Сабзов ба штаб даромаданд. Ману чанд нафари дигарро барои вуруд иҷозат надоданд. Ҳатто надидем, ки лидери афғонҳо кӣ буд. Моро бошад пеши 1 биное бурданд, ки аз 2 тараф дар дошт (мисли коридор). 1 кас-1 кас ва бо навбат ба ҳуҷраи 2-дара медароварданд. Барои ман то навбат расидан номаълум буд, ки андаруни ҳуҷра чӣ гап аст.

Мо барои афғонҳо кофир будаем

Вақте навбат расид, то назди дари ҳуҷра рафтан, 1 афғонбаччаи чолок сари роҳамро дошта гуфт: «Эй заифа, яке сари нонро бипурсанд, бигӯ, ана ҳамин сари нон аст». Ба ҳуҷра даромадам. Салладори афғоне ришаш то нофу дар пешаш 1 автомати Калашников, болои столаш 1 нони бишкастае истодааст. Салом додам, алейк нагирифт ва гуфт: «Сари нонро нишон бидеҳ!». Нонро гирифта гуфтам: «Бисмиллоҳи раҳмонир раҳим, ана ҳамин сари нон аст». Дар дохил ғайр аз ӯ боз 2 нафари фармонбардор меистоданд. Ӯ ба онҳо бо сар ишора кард, ки «инро ун тараф баред». Яъне касе сари нонро намеёфт, ба сӯе мебурданд, ки зинда намеомад. Ҳар 1 нафарро дар алоҳидагӣ афғон фақат 1 савол медод: «Сари нонро нишон деҳ!». 

Ин савол ба он хотир буд, ки дар Афғонистон гумон доштанд, мо-мардуми Тоҷикистон дар қаламрави Шӯравӣ будему мусалмон нестем ва сари нонро намедонем. Ҳол он ки нон «сар» надорад. Аммо «сари нон»-и афғонҳо баҳона буд ва дар ин ҳолат ҳам мехостанд, чанд нафари моро гаравгон бигиранд. Хуб, вақте маро аз дари дувумӣ бароварданд, 4-5 нафар ҳамраҳонамро наёфтам. Яке, аз сӯе бобои Санг бо Шералӣ Сабзов давида баромада гуфтанд: «15 дақиқа вақт додаанд, зуд бароед, дар атрофи хона мина гузошта, дар риштае бастаанд, ҳозир метаркад!».

Гурезаҳо пеши дед афтиданд

Вақте аз хона дуртар рафтем, мина таркид ва хоку чанги хона ба ҳаво хест. Ҳамин замон 1 кӯдаки 3-4 солаи тоҷик аз фарзандони гурезаҳо дар пеши хона будааст, ки мо надидаем. Дар вақти таркиш аз зарби «осколка»-и мина ними дасти кӯдак парид, кӯдак дод зада гирист, аммо дар чангу хок ӯро дида намешуд. Бобои Санг гуфт: «Гиред кӯдакро, ки хунаш рафт…». Аз тарафе очаи кӯдак бо гиряву нола давида омад ва кӯдаки бе 1 дастро ба оғуш гирифту бардошт. Бобои Санг аз сари зан рӯмолашро кашида гирифту хост, дасти кӯдакро бубандад, аммо нашуд. 

Баъд 1 сими тунукро аз кисааш бароварда, дасти кӯдакро маҳкам баст, то хунрезӣ манъ шавад. Бовар мекунед, то вақте дасти кӯдакро мебастем, очаи кӯдак тамоми зану мардҳои гурезаи зери хаймаро бо худ оварда, зери пои бобои Санг афтида, бо оҳу нола мегуфтанд: «Бовои ҷун, ба риши сафедут садқа, мора ба Ватанмон бубар, ки ай гушнагиву ташнагӣ мемурем! Мо аз дасти афғонҳо ин ҷо рӯз надорем. Номуси мора бихар, бобо! Дар номут садқа, Бобои Сангак, мора ҳамроҳут бубар, ки ба хоки Ватан зор шидем». 

Ростӣ, ашку нолаи онҳоро дида, ман, ҳатто Бобои Санг ва кулли сарбозони мо гиристанд!!! Бештар занон пеши пои Бобои Санг афтида, хоки пояшро бӯсида, ба дида мемолиданд.

Сангак: Тоҷик ҳиҷ вақт ғулом набуд!!!

Бобои Санг бо ашки шашқатор ва пур аз ғазаб сӯи афғонҳое, ки моро аз дур нигоҳ мекарданд, гуфт: «Магар инҳо барои шумо даркоранд?». 1 афғоне пештар омада гуфт: «Оғо, инҳо барои мо ғуломанд ва ҳаргиз даркор нестанд, хоҳед баред, ихтиёратон…». Бобои Санг гуфт, ки «халқи ман ҳич вақт ғулом набуд ва ғулом ҳам намешавад!». 

Вақте таркиши хонаву гиряву нолаи занҳо ва ними дасти паридаи кӯдакро бобои Санг шоҳид шуд, сӯи афғонҳо бо ғазаб «То вақте ман зиндаям, ягон дона аз Чунгули Фос намегиред!» гуфту ангушти байнашро нишон дод. Афғонҳо аз тарс шах шуда, намеҷунбиданд. Баъди ин дед «уфффф»-и чуқур кашиду ними бачаҳоро бо рӯи камери балон ба ун тарафи дарё-сӯи н.Панҷ гузаронд. Ҳамчунин, оҳиста-оҳиста ба миқдори 2 Камаз ва 1 тележкаи трактор муҳоҷирон, аз қабили занҳо, мӯсафедҳо, кӯдаконро ба самти Панҷ гузаронидем ва ахиран худи Бобои Санг, баъди ҳама гурезаҳо, тани танҳо марзро гузашт. Афғонҳо ҷаовнмардии бобои Сангакро дида, ҳайрон монданд...

Баъди гузашти 25 сол низ ун ҳодиса бароям даҳшат аст. Хуллас, гурезаҳоро назди кинотеатри Ватани ш.Қӯрғонтеппа овардем ва хона ба хона тақсим кардем. Бовар кунед, гурезаҳои тоҷик, ки дар ғарибӣ рӯю бӯи нонро надидаанд, нону хлеби Қурғонтеппаро ба дида молида, гириста-гириста мегазиданд, бӯ мекашиданд…

Чӣ тавр 1 занро таҷовузи гурӯҳӣ карданд

1 нафар зани гуреза, ки паҳлӯи ман, дар салони Камаз менишаст, то омадан ба хонааш дар ш.Қӯрғонтеппа, бо гиря қисса кард, ки чи тавр ӯро дар хаймаҳои Кампи Сахӣ 7 нафар афғон таҷовузи гурӯҳӣ кардаанд. 

Ба гуфти ӯ, ҳини таҷовуз ҷонаш ба нӯги биниаш омада, бо дастпонааш олоти марди 8-умро аз бехаш мебуррад. Чун афғон доду вой мекунад, аз берун боз 3-4 афғони дар навбати таҷовуз истода давида медароянд ва занро аз пушт 8 халаи корд мезананд, ки ҳарчи намемурад. 

Ин зан нақл мекарду бо товба гиребонашро медошт, ки ҳар рӯз афғонҳо дилхоҳ зани тоҷикро аз даруни хайма бурда, таҷовуз мекарданд. Ӯ қисса мекарду мегирист, ки чаро ба Афғонистон фирор кард, зеро бигзор дар Ватан мемурду ба дасти беномусон намеафтид. Аз нақли ӯ, ин зан дар зодгоҳаш қории Қуръон будааст…Зан ба 77 пушти наҳзатиён лаънат мефиристод.

Баъди ин ҳам Бобои Санг чанд бори дигар барои переговор ба Афғонистон рафт, аммо ман ҳамроҳаш набудам. Баъди бори аввал рафтанаш ба Афғонистон то 1 ҳафта Бобои Санг ба худ наомад. Ростӣ, ҳолу аҳволи ҳузнангези гурезаҳои Тоҷикро дида, одами зинда девона мешуд. Ман дар Мазори Шариф бо 2 чашми сар дидам, ки бузургтарин қабристон дар Афғонистон гӯристони гурезаҳои бесоҳиби Тоҷик буд, ҳамагӣ дар 1-2 сол пайдо шудааст. Он ҷо, ба нақли занҳои фирорӣ, ҳар рӯз то 10-15 нафар бо ҳар иллат мефавтиданд, ғайр аз он, ки даҳҳо нафари онҳо дар рӯди Панҷ ғарқ шуда, ба коми наҳангҳо рафтаанд…

Ҳамсарамро ёфтам: Бе ними тана!

Баъди ин қадар даҳшатҳоро бо чашм дидану минтақаҳои зери хатар мондаро аз дасти силоҳбадастони оппозитсия халос кардан, ба Вахш, хонаи шавҳарам-Маҳмудҷон омадам ва фикр доштам, ки зиндааст. Аммо аз куҷо??? Дар ҳамон шабу рӯзи амалиёт дар Вахш хонаи хусурамро бо тонк зада титу пит мекунанд. Дар ин хона ғайр аз хушдоманам ҳама бе дасту по шудаву фавтидаанд. Очаи шавҳарам аз он зинда мемонад, ки ба ҳоҷатхона меравад. Ҳамин дам, хонаро гулӯлаборон мекунанд. Баъди чанд рӯз, аз куҷое ҷасади Маҳмудҷони маро ёфта оварданд, ки аз ним поёнаш набуд. Ҷасадро бурдему ба хок супоридем. 

Ин қадар даҳшату фоҷиаи ҷангро дида, пас чӣ гуна ба бемории эпилепсия гирифтор намешавӣ??? Болои ин 2 бор контузия гирифтам. Ягон рӯзу соати зиндагии ман бе дору нест, зеро ҳар лаҳза нафасам мегирад ва аз ҳуш меравам. 

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!

Хело шодам, ки имрӯз аз ҳамяроқони Фронти халқӣ дар ҳар лаҳза бо ман дар тамосанд ва каму беш кӯмак мерасонанд. Мо-собиқ аъзои Фронти Халқӣ имрӯз мисли акаву додару хоҳар шудаем ва ҳич гоҳ хизмати ҳамдигарро барои ҳифзи Ватан, барои барқароркунии Ҳокимияти конститутсионӣ аз ёд намебарем! 

Ҳамон шиори советӣ то ҳол шиори мост:

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад! 

Мо бо сари баланд мегӯем, ки барои Ватан хизмат кардем!!! Аммо сахт ғамгинам, ки хонаву дар-сарпаноҳ надорам ва ҳоло дар 1 таҳхонаи намноки Қӯрғонтеппа зиндагӣ дорам. Хайр, чӣ илоҷ, дигар чорае нест!!! Вале 100 шукр, ки Ватанам тинҷ асту 1 луқмаи нон аз гулӯям ширин мегузарад! Ин худ давлат аст!!!

Тамом!

 

Мусанниф Шаҳрзоди Амин

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter