ХАБАРИ ДОҒ

Блогерҷангак дар Германия

  • Чоршанбе, Март 03 2021

 

Ахиран ҷавонони ҳаводори ҲНИ дандонҳои хешро ба Аврупо намоиш доданд: онҳо бародари ҳамхуну ҳамзабону ҳаммазҳабу ҳамватани худро бо таппонча парронданд... Акнун чӣ расад ба бедину кофару яҳудиву тарсову  ғайримазҳабони сокини Олмон???

17.02.2021. Шаб. Дар Олмон суиқасд ба ҷони блогери тоҷик Музаффар Бобораҳматов (barada.tj), ки муҳоҷир мебошад, сурат гирифт. Сабаб дар он аст, ки мавсуф баъд аз зиёрати Ватан, пас аз 6 соли муҳоҷират, дар Олмон барномаи хубе дар бораи Тоҷикистон, хосса рушду пешрафти кишвар ва пойтахти он-ш. Душанбе омода сохта, дар Ютуб-каналаш гузошт. 

16 феврал аъзои фирории ташкилоти экстремистӣ ва террористии ҲНИ, ки дар Ҷумҳурии Олмон паноҳ мебаранд, ин видеороликро дида, эътироз мекунанд. Дар ин замина яке аз аъзои ин ташкилоти террористӣ-Орзуев Сулаймон Маҳмадкаримович, писари узви раёсати олии ТЭТ ҲНИ Орзуев Маҳмадкарим Аврозиқович, дар канали ютубаш «Shef.TJ» навореро пахш карда, блогери тоҷик Музаффар Бобораҳматовро барои пахши ин навор ва тавсифу таърифи Тоҷикистон дашном карда, нисбати ӯ суханҳои қабеҳ мегӯяд.

Ютуб-ҷанҷол

   Дар ин замина байни Музаффар Бобораҳматов ва Сулаймон Орзуев тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозира ба миён меояд. М.Бобораҳматов дар 1 навори видеоии дигар дар хитоб ба Сулаймон Орзуев мегӯяд, ки таърифу тавсифи Ватан ва меҳанпарастӣ аз гӯшаи имондорӣ, мардигарии ҳар 1 мусулмон аст ва ӯ, чӣ ободиҳоеро дар Тоҷикистон дидааст, ҳамонро ба навор гирифта, 1 видеоролик омода карда, дар канали Ютубиаш гузоштааст. Дар ин раванд блогери тоҷик ба Сулаймон Орзуев хитоб кардааст, ки оё ӯ матавонад ҳамин дашному тавҳинашро дар рӯ ба рӯи ӯ бигӯяд ва худаш посух додааст, ки не, наметавонад, чунки наҳзатиён ба монанди саге ҳастанд, ки вақте дар занҷир бастаанд, баланд аккос мезананд, вале агар он сагро аз занҷир кушоӣ, хомӯш мешавад.

   Блогери тоҷик М.Бобораҳматов ҳамчунин дар хитоб ба роҳбарон ва аъзои ТЭТ ҲНИ мегӯяд, ки ӯ низ дар Олмон зиндагӣ мекунад ва нағз медонад, ки ҳамаи  наҳзатиён аз партовҳои Олмон ғизо мехӯранд ва аз ҳисоби 350 еврое, ки Ҳукумати Олмон ба зану фарзандони онҳо медиҳад, зиндагӣ доранд. 

 Barada.tj-ро кӣ 4 тир зад?

  17.02.2021. Соат ба вақти Берлин 01:56 дақиқа.  Бо супориши ҲНИ, барои дар бораи Тоҷикистон воқеиятро гуфтан,  Сулаймон Орзуев сӯиқасд ба ҷони “Барада” мекунад. Ӯ, соати тақрибан 2-и шаб ба хонаи Музаффар Бобораҳматов ба шаҳри Зоест, кӯчаи Нидерберҳаймер меояд ва аз ӯ талаб мекунад, ки поён фарояд. Музаффар ҷавонмардиро аз даст намедиҳад ва назди ӯ мефарояд. Дақиқае аз сӯҳбати онҳо нагузашта, боз 1 мошини тамғаи “БМВ” ҳозир шуда, аз он 4 нафар мефароянд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон Шерзод Маҳмадҷонов бо тахаллуси “Абдураҳмон 09”, Комрон,  Хуршед ва Беҳруз будаанд. Музаффарро бо корд ва пистолет таҳдид ва таҳқир мекунанд. Ғавғои онҳо сокинони кӯчаи Нидерберҳаймерро ба по мехезонад. 

Ин манзара, барои олмониҳо бегона буд, чунки онҳо хӯю хулқи террористони наҳзатиро намедонистанд. Сокинони ба ваҳшат афтода, фавран ба полис хабар медиҳанд. Аз огаҳии полис хабар ёфта, террористони наҳзатӣ ҷониби Музаффар 7 маротиба тир меандозанд, 4 тири он ба ҷабрдида мерасад. Онҳо ба ин қаноат накарда, Музаффари беҳушро зери лағат мегиранд ва сипас фирор мекунанд.    

   Сокинони кӯчаи Нидерберҳаймер ба полис аз тафсилоти ҳодиса ва рақами мошине, ки бо он террористон фирор карда буданд, хабар медиҳанд. Полис ба ҷойи ҳодиса мошини ёрии таъҷилиро даъват мекунад ва Музаффар Бобораҳматовро ба беморхона интиқол медиҳанд.

Шармандагӣ дар дили Аврупо

    Ҳамон шаб дар натиҷаи ҷустуҷӯй полиси криминалии шаҳри Соест аъзои гурӯҳи террористии ҲНИ-Сулаймон Орзуев, Шерзод Маҳмадҷонов-«Абдурахмон 09», Комрон, Хуршед ва Беҳрӯз, ки дар суроғаҳои Гуммерсбах-29, Кирспе-23, Дюсселдорф-31 ва Ҳаан-24 дар Ҷумҳурии Олмон зиндагӣ мекарданд, ҳангоми фирор дастгир ва ба идораи полис интиқол дода шуданд. Айни замон террористон дар боздоштгоҳи муваққатии полис мебошанд.

   Ин ҳодиса бозгӯи амали нангин ва нишондиҳандаи чеҳраи аслии наҳзатиён мебошад. Ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он гашт, ки ҲНИ ба чӣ корҳо қодир аст. Ҳамакнун, Аврупо-сарпарасти асосии наҳзатиён чеҳраи аслии ба ном “оппозитсияи исломӣ”, вале дар асл фирориёни тарсуро хубтар шинохт.  

Дар ҳар сурат, шахсан ман фикр дорам, ки ин амали террористии “шербаччаҳои кабирӣ” охири кор нест. Зинда бошем, мебине(д)м!

Камолиддин Каримов, 

омӯзгор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter