ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Муҳиддин Олимпур  12 декабри соли 1995 дар назди бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дасти хуношоми қотилони наҳзатӣ - Юсуфов Нозим Юсупович, Тоҳиров Атҳам Кабирович, Ҳамидов Муртазо Муҳаммадиевич, Шаропов Насрулло Нарзуллоевич, Давлатов Назрибек Бекназарович ба таври ниҳоят бераҳмона қатл шуда, ҷасадашро ба нишони қатли тамомии журналистони баъдӣ ин хунхорон дар назди факултаи журналистикаи Тоҷик, воқеъ дар Ҷазира, партофтанд... 

         

02.03.2021 нав 75-сола мешуд...

  Муҳиддин Олимпур 2-юми марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Дар солҳои 1970-1979  вазифаи мудирии бахши Агентии давлатии иттилоотии ТоҷикТА (имрӯза «Ховар»)-ро бар уҳда дошта, дар нашрияҳои бонуфузи вақти шӯравӣ «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Адабиёт ва санъат» (1983) фаъолият кардааст. Ҳамчунин чанд муддат  минҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат карда, ба Тоҷикистон бармегардад ва шурӯъ аз соли 1990 то нафаси вопасинаш ба ҳайси мудири бахши Душанбегии радиои ВВС фаъолият менамояд. Мавсуф муаллифи силсилабарномаҳои радио-телевизионӣ ва 2 китоб, барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи устод Лоҳутӣ буд.

 Устод Олимпур аз ҷумлаи нахустин рӯзноманигорони миллиест, ки ба Аврупою Амрико ва Эрону Афғонистон рафта, бо форсизабонони маъруфи дунё равобити фарҳангию ҳунарӣ барқарор намудааст. Сафардидаҳояш дар қолаби силсилабарномаҳои радиоии “Аз Душанбе то Лос Анҷелос” мавриди истимоъи ихлосмандону ҳаводорони шеъру мусиқии Шарқу Ғарб  қарор гирифтаанд. Ногуфта намонад, ки сарояндаҳои маъруфи эронӣ - Саттор ва Гугуш  маҳз тавассути иқдомоти пайгиронаи  ӯ ба тоҷикон ошно шуданд. Ин аст, ки барномаи “Ситораҳои Шарқ”-и устод Муҳиддин Олимпур  дар муаррифии шоистаи ҳунармандони форсизабон дар муҳити тоҷикӣ нақши бориз гузошт.

Террори Олимпур

Террори Муҳиддин Олимпур ба фаъолиятҳои ҳирфаии ӯ бастагӣ дошт. Вай ҳамчун рӯзноманигор ва журналисти ҳирфаӣ ва дар айни замон озодандеши миллӣ ба бисёр гурӯҳҳои манфиатхоҳ, ки дар пайи лағви барномаҳои рушди тафаккури миллӣ ва манофеи давлатӣ иқдом мекарданд, маъқул набуд. Аз ҷумла, ин чеҳраи  озодандеши миллӣ ба муҷриён ва бозингарони тарҳ-пружаи исломи сиёсӣ дар минтақа сахт нописанд буд. Мурури муҳтавои гузоришот, интишорот ва пружаҳои ҷолиби телерадиоии устод Олимпур  ин нуктаро собит месозад, ки ӯ 1 фарди миллӣ ва ватанпараст буд.  Гузашта аз ин, бо ҷаҳонбинии миллӣ ва дунявие, ки дошт, ҳеҷ гоҳ наметавонист дар хидмати бегонапарастон қарор бигирад ва мавқеъгириҳои миллӣ ва дунявии ӯ чун устухон дар гулӯи ҳавохоҳони режимҳои истибдодии динӣ ва мазҳабӣ буд. 

Аз ин рӯ, гурӯҳҳои манфиатдор бо фароҳам омадани шароити мусоид дар ҳазфи физикии ӯ кӯшиданд. Ҳамин тавр, устод Муҳиддин Олимпур аз дасти қотилони наҳзатӣ террор шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои марбутаи давлатӣ ҳанӯз дар имтидоди солҳои 2003 ва 2007 омилони террори  устод Олимпурро, ки ҳамагӣ аъзои гуруҳи террористии марбут ба ТТЭ ҲНИ буданд, пайдо карда, муҷозот таъйин намуд. 

Қатли 10 журналисти Тоҷик

Гунаҳкорони ин ҷинояти мудҳиш ва тарсуёна дар филми мустанади телевизионие, ки  намоиш дода шуда буд, ошкоро аз ҳузури бевоситаи раёсати ТТЭ ҲНИ ва ҳомиёни пасипардагии он дар ибтидои солҳои навад сухан дар миён оварда, бар он ишора намуданд, ки дар таъсис додан, тамринҳои саривақтӣ гузаронидан ва билохира ба марҳилаи ниҳойӣ расонидани гурӯҳҳои махсуси диверсионӣ  аз ҳисоби раҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиашон даст доштанд. Муҷриёни тарҳҳои дигарии террористӣ ба муқобили аҳли зиёи тоҷик Абдуқодир Абдуллоев, мулаққаб ба "Рустами Норакӣ”, Тағоймурод Ашрапов, мулаққаб ба "Алӣ” ва Саймуҳриддин Қудратов, мулаққаб ба "Авлиё” ва "Эшон” дар филми мустанад сареҳан иқрор карданд, ки якчанд олимону сиёсатмадорони тоҷикро ба қатл расондаанд.

 Ҳамчунин Изҳороте, ки моҳи ноябри соли 2017 аз ҷониби Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пахш гардида буд, ҳокӣ аз он аст, ки 10 журналист бо дастури бевоситаи ТТЭ ҲНИ ва хидматгори он Абдуҳалим Назарзода ба қатл расидаанд. Аз ҷумла, Муродалӣ Шерализода, сардабири нашрияи "Садои мардум” ва вакили Шӯрои Олӣ рӯзи 5 майи соли 1992 дар саҳни ҳавлии Шӯрои Олӣ бо дастури яке аз раҳбарони ТТЭ ҲНИ домулло Абдуғаффор кушта шуд. 

Бад-ин минвол, куштори журналистони маъруф Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Виктор Никулин, Сергей Ситковский ва Раиси Кумитаи РТВ-Сайф Раҳимзоди Афардӣ бар дӯши сардамдорони ТТЭ ҲНИ мебошад. Террорҳои наҳзатӣ, ки бар исми журналистони маъруф ихтисос ёфта буданд, ғолибан ба хотири паркандани тарс ва саранҷом дар ҷомеа тасаллут бахшидани ноамнию бесуботӣ анҷом дода шудаанд. 

 Миллати тоҷик устод Олимпур ва соири журналистони миллатпарастро, ки мавқеи миллӣ ва дидгоҳи дунявӣ доштанду онҳоро маҳз бо ҳамин “ҷурм” ҲНИ-и Кабирӣ кушт, фаромӯш намекунад. Мо Метавонем!

   

Субҳиддин Зиёев,

ходими пешбари илмии АМИТ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter