ХАБАРИ ДОҒ

Қатли қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аз ҷониби фашистони наҳзатӣ

  • Чоршанбе, Март 17 2021

 

 

Нафареро, ки Гитлер кушта натавонист, фашистони кабирӣ дар хонааш куштанд. Ин ҳушдорест, ба тамомии миллати Тоҷик, ки фашистони наҳзатӣ аз фашистони Рейхи 3 батаранду беҳтар на. Боз дар мавриде, ки онҳоро Германияву Белгия-сарзаминҳои фашистзо дар домани хеш тарбият кардан доранд. Дар ин бора СССР навишта буду ин матлаб такмили ҳамон қисса аст. Мо Метавонем!

 Ҳайдар Қосимов  07-уми марти соли 1922 дар хоҷагии Севахши Ҷамоати деҳоти «Туғай - Сарай»- и ноҳияи Октябри вилояти Сталинобод (ҳозира шаҳри Душанбе) дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст. Ҳайдар Қосимов фаъолияти кориашро соли 1938 ба сифати ҳисобчии бригадаи тракторчиён дар МТС «Октябр-2» оғоз намуда, бо аҳли оилааш муҳоҷир мешавад ва то охири умраш дар  ноҳияи Вахш, собиқ совхози “Туркманистон” (айни замон Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”), деҳаи “Сохтмон” зиндагӣ намудааст. Ҳоло ҳам дар ин макон набераю абераҳояшон истиқомат доранд.

 Аз Вахш то Берлин

Соли 1941 дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гашт ва дар қатори дигар меҳандӯстони диёр Ҳайдар Қосимови тоҷик низ моҳи декабри соли 1941 ба Артиши Сурх шомил шуда ба ҷанг рафт.  Моҳи сентябри соли 1943 фармондеҳии ротаи миномётии 229-и полки тирандозии фронти марказӣ ба Ҳайдар Қосимов вогузор карда шуд.  Ҳайдар Қосимов дар яке аз муҳорибаҳои хунин, дар убур намудани дарёи “Припять” ғасби майдони миномётҳо, анбори захиравии яроқу аслиҳа ва несту нобуд кардани садҳо аскарони душман, қудратмандии худ ва аскарони шуҷояшро нишон дод. 

Барои ҷасорату мардонагӣ нишон додан бар зидди фашистон ва роҳ кушодан ба Армияи Шӯравӣ ҷиҳати озод намудани шаҳру рустоҳо аз дасти истилогарони фашистӣ бо Фармони Президиуми Советии Олии СССР Ҳайдар Қосимов ба унвони Олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуд.  

300000 қаҳрамонписари тоҷик дар ҶБВ

Дар  Ҷанги Бузурги Ватанӣ 300 ҳазор нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони тоҷик аз Тоҷикистон бо амри дил барои ҳифзи Ватан бар зидди фашизм сафарбар гардида буданд. Аз ин 92 ҳазор нафар аскарони тоҷик аз ҷанг барнагаштанд. Баҳри ба даст овардани ғалабаи оламшумул зиёда аз 60 ҳазор нафар ба гирифтани ордену медалҳои ҷангӣ шарафёб шуданд. 

Аз ҷумла 54 нафар ба унвони Олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 19 нафар бо ордени «Шараф» дараҷаи 1,2 ва 3 қадрдонӣ шуданд. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ Ҳайдар Қосимов дар зиёда аз 1000 муҳорибаи хунини ҶБВ дар солҳои 1941-1945 ширкат варзидааст. Баъди итмоми ҷанг соли 1946 Ҳайдар Қосимов дар асоси фармон аз хизмати амалии ҳарбӣ озод шуда, ба руйхати афсарони эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шуд ва ба Ватан баргашт. 

   Аз Берлин то Вахш

Ҳайдар Қосимов дар корҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолона кор мекард. Дониши хубу маҳорати ташкилотчигии Ҳайдар Қосимовро ба назар гирифта,  ӯро  раиси ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод» - и ноҳияи Вахш таъйин карданд. Баъдан дар вазифаи муовини директори хоҷагии чорвопарварии ноҳияи мазкур кор кард. 1 панҷсола вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш буд.  Ҳайдар Қосимов  ҳангоми фаъолияташ дар мансабҳои давлатӣ, дар созандагию бунёдкории диёр   хизматҳои шоён намудааст.  

Баъди СССР

Баъди пошхурди Иттиҳоди Шӯравӣ ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом  бо дастуру супоришҳои хоҷагони бурунмарзиашон дар Тоҷикистон оташи ҷанги таҳмилиро дар минтақаҳо оғоз намуданд. Оғози алангаи оташи ҷанг аз совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш сарчашма гирифт. Мардуми заҳматкаши кишвар аз тарси ҷанг барои ҳимояи ҷони худ ва наздикон тарки ҷойи зист карда, ба дигар ноҳияҳои нисбатан ором гуреза шуданд. Оилаи каҳрамон Ҳайдар Қосимов низ бо мардуми деҳа ба ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) омада, ба ҳалқаи хешу пайвандонашон пайваст. Соли нави мелодии 1993-ро Ҳайдар Қосимов бо ҳамроҳии оила ва хешу пайвандонаш қайд намуданд. Охири моҳи январ рӯзона гурӯҳи яроқноки наҳзатии ҷангҷӯй ба хонаи муаллим Қаноатшо Абдуллоев, ки Ҳайдар Қосимов дар он ҷо буд, даромада яку якбора бо садои баланд ба сари Ҳайдар Қосимов дод зада, пеш даро гуфтанду аз хона гирифта бурдандаш. Ҳарчанд, ӯ худро ба онҳо муаррифӣ карда бошад ҳам, онҳо «ба мо шумо барин қаҳрамонҳо лозим!» гуфта, ӯро бо дашномҳои кабеҳ ба мошин савор карда, ба сӯи номаълум бурданд.

Дар ҷустуҷӯи қабри қаҳрамон

Хешу ҳамдиёрон, ёри дӯстон ҳарчанд минтақаҳои ноҳияро ҷустуҷӯ карда бошанд ҳам, аз Ҳайдари қаҳрамон хабаре пайдо накарданд. Фасли зимистон гузашту баҳор омад  ва овозае паҳн шуд,  ки ҷасади марде дар паҳлуи пули назди  ПМК-22  пайдо гаштааст. Ин аввали моҳи марти соли 1993 буд. Хешовандони марҳум дарҳол ба ҷойи таъиншуда омада диданд, ки ҷасад аллакай варон шуда буд. 

Танҳо аз либосҳои танаш, ки доимо низомипӯш буданд ва аз рӯйи дигар  нишонаҳояш хешовандонаш шинохтанд, ки   ӯ Ҳайдар Қосимов - охирин қаҳрамони зиндаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ  дар ҶБВ аст ва аз дасти насли фашистии наҳзатӣ  ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст. Оне, ки барои ғасби душман ҷонбозиҳои қаҳрамонона кард, оне, ки барои насли ояндаи худ заминаи сулҳ офарид, номи тоҷикро шарафмандона боло бардошт.  Ҷасади Ҳайдар Қосимов дар мазори деҳаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Ҷамоати деҳоти  «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун  ба хок супорида шуд. Ҳайдар Қосимов  он шабу рӯз ба синни 71-сола расида буданд. 

Мустафо-қумандон қотили Ҳайдар Қосимов...

На даъвои вазифа дошт, на даъвои бойигарӣ, ӯ танҳо қурбони бозиҳои сиёсӣ, қурбони муллоҳои чаласаводу мансабпараст, қурбони наҳзатиҳои хунхор гашт.  Баъдан маълум гашт, ки Ҳайдар Қосимов аз дасти  аъзои  ТЭТ ҲНИ, яке аз бераҳмтарин размандагони ин ниҳод Мустафо  (бо лақаби Мустафои наҳзатӣ), дар хатти сарҳади давлатӣ ба қатл расонида шудааст.

Имрӯз барои абадӣ гардонидани номи ин фарзади фарзонаи миллат-Ҳайдар Қосимов, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и ноҳияи Вахш ба номи ӯ гузошта шудааст. Дар арафаи 75-умин солгарди Ғалабаи ҶБВ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва аз ҳисоби фаъолон ва Иттиҳодияи интернатсионалистони собиқадори ноҳия бо сардории роҳбари он Александр Валентинович Моисеев дар назди оромгоҳи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов лавҳаи ёдгории иштирокчии ҶБВ (солҳои 1941-1945) гузошта шуд.

       

А.Иброҳимзода, сармуҳаррир, М.Сиярзода, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷайҳун»

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter