ХАБАРИ ДОҒ

ТАҲДИДИ БЕ ТАҲРИР (РАДДИЯ БА МАҚОЛАИ ҲАФТАНОМАИ “СССР” ЗЕРИ УНВОНИ “ШИРКАТҲОИ ҲОҶИБАР Ё БОЗОРИ БЕ РАҚОБАТ?”)Т

  • Чоршанбе, Март 17 2021

Дар асоси талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи нашргардида дар ҳафтаномаи “СССР” зери унвони “Ширкатҳои ҳоҷибар ё бозори бе рақобат?”-ро мавриди муҳокима қарор дода, бо дастрасии моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” раддия пешниҳод менамояд ва аз идораи нашрияи “СССР” тақозо мекунад, ки онро бидуни таҳрир ва дар ҳамон саҳифае, ки матлаби болозикр чоп шудааст, нашр намояд!.  

“3273 ҳоҷӣ дар соли пандемия”! Наход?!

Ҳафтанома чун ҳарвақта талош кардааст, бо гузоштани зерсарлавҳаи “воҳиманок” таваҷҷуҳи хонандаро ҷалб намояд. Ва он ҳам чӣ номе?! “3273 ҳоҷӣ дар соли пандемия”. Воқеият ин аст, ки дар соли 2020 ҳамагӣ аз Тоҷикистон 303 нафар ба маросими умра сафарбар шудаанд. 3273 ҳамватани мо дар соли 2019 маросими умраро адо намудаанд, ки худи нашрия ҳам бар он қоил аст: “Тибқи иттилои Кумитаи дин ва танзими расму ойини назди ҳукумати ҶТ, соли гузашта, то басташавии дарҳои Каъба, 3 ҳазору 273 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷҷи умраро анҷом додаанд”. Зимнан, дуруст навиштани номи расмии Кумитаро ёд гиред!

Китоб хондан даркор!

“СССР” дар идомаи матлаб, дар зерсарлавҳаи “монополистони ҳаҷ” аз он “нороҳат” аст, ки умури ҳаҷ танҳо дар ихтиёри Кумитаи дин асту гузашта аз ин, гȳё Кумита дар интихоби ширкатҳо ба монополия роҳ додааст. Нашрия бояд бохабар бошад, ки тартиби ҳаҷ ва умраро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил, гузаронидан ва танзими раванди сафари шаҳрвандон барои сафари ҳаҷ ва умра ба зиммаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Кумита вуҷуди монополия дар танзиму ташкили ҳаҷ ва умраро сароҳатан рад мекунад ва омодаи ҳамкорӣ бо ҳамаи ширкатҳои ватанист! Ин ки нашрияи “СССР” ба масъала баҳои “монополия” медиҳад, яқинан аз ноогоҳист. Масъулин бояд аз қарору тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мебуданд!. Ба таъбири худи нашрия, оддӣ карда гӯем “китоб хондан даркор!”. 

Як кӯшиш кунед-чӣ!)

Вобаста ба арзиши хизматрасониҳо барои адои маросими ҳаҷ, Кумита борҳо мавқеи худро баён доштааст. Ба суолҳое ҳам, ки чаро нахри ҳаҷи Тоҷикистон аз нархи дигар кишварҳои минтақа фарқ дорад, борҳо ин ҷониб изҳороти расмӣ нашр кардааст, ки он қисман дар ҳамин матлаби болозикри “СССР” ҳам омадааст. Аммо мо дар тааҷҷубем, “СССР” дар кадом асос иддао кардааст, ки гӯё бо далели арзон будани арзиши ҳаҷ дар Қирғизистон “аксари сокинони вилояти Суғд талош мекунанд, тавассути Қирғиз ба ҳаҷҷ раванд”?. 

Дар ҳоле ки тибқи талаботи кишвари мизбони ҳаҷ ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, аз тариқи кишвари дигаре ба маросими ҳаҷ сафарбар шавад!  Шояд дар “СССР” будаҳо истисноянд? Ба ҳар сурат, масъули муҳтарами “СССР”, як кӯшиш кунед-чӣ, яке мешавад?!).

Баъдан, ташкили дарсҳои омӯзишӣ бо ҳаҷравандагон барои дар сатҳи хуб ва комил анҷом гирифтани маносики марбут ба ҳаҷ мусоидат менамояд ва чунин омӯзишҳо мантиқан ҳеҷ иртиботе ба “наздиктарак” ё “дуртарак” будани мардум ба дин надорад. 

Дар хусуси нархи ҳаҷ бояд дар назар гирифт, ки аслан иддаои ҳамасола гарон шудани нархи ҳаҷ дар Тоҷикистон асос надорад. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки қарордодҳо бо ҷониби ширкатҳои хизматрасони кишвари мизбон бо доллари амрикоӣ баста мешавад. Аммо азбаски тақрибан ҳамасола қурби доллари амрикоӣ дар бозори асъори Тоҷикистон боло меравад, табиист, ки арзиши умумӣ бо пули миллӣ зиёд мешавад. Аммо ҳудуди 10 соли охир нархи ҳаҷ дар Тоҷикистон бо доллари амрикоӣ бетағйир (ҳудуди 3700-3750 доллар) боқӣ мондааст. Ҳамин омилро аснои баҳогузорӣ ба масъалаи арзиши хизматрасонии маросими умра низ бояд ба эътибор гирифт. Аммо дар чанд соли охир ҳеҷ гоҳ арзиши хизматрасониҳои ҳаҷ тавре дар матлаби “СССР” меохонем, 3 ҳазор доллари амрикоӣ набуд. 

Дар мавриди муқоисаи нархи ҳаҷи Тоҷикистону Қазоқистон бояд муаллифи матлаб ин нуктаро ба эътибор мегирифтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳудуди як моҳи пурра дар маконҳои муқаддас боқӣ мемонанд. Дар ҳоле ки аз рӯи маълумоти мо Қазоқистон шаҳрвандони худро ҳамагӣ барои ду ҳафта ба ҳаҷ сафарбар мекунад, ки бешак дар ин ҳол хароҷот камтар мешавад. Нархи хизматрасонии ҳаҷ дар ҳамсоякишвари Ӯзбекистон дар соли 2019 ҳудуди 4 ҳазор долларро ташкил медод, ки ҳамоно нисбат ба нархи ҳаҷ дар Тоҷикистон гаронтар мебошад. 

Ёде аз дафтари хотираҳо...

Сардабири “СССР” дар дафтари хотираҳои худ бо номи “Сафардидаи макавӣ” хизматрасониҳои ба таъбири худашон “ширкати ҳоҷибар”-ро хеле таърифу тавсиф ҳам карда буданд. Аҷаб нест? Сабаб чӣ бошад, ки ҳоло дар нашрияи зери назорати Ҳоҷӣ Сайёф ин ҷумларо мехонем: “Хизматрасонии ширкатҳои ҳоҷибар низ ба гуфти бархе, чандон дар сатҳи баланд нест. Барои мисол, порсол чандин зойири тоҷик, ки тавассути ширкати “Ормон” ба ҳаҷҷи умра рафта буданд, аз ними роҳ баргаштанд”. Бархе яъне кӣ? Дигар ин ки зоирини мавриди назари шумо бо хоҳиши ширкати “Ормон” аз ними роҳ барнагаштанд. Балки бо дарназардошти вазъи пандемиявӣ ва бо дархости оҷилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зоирини ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла ҳамватанони мо ба Ватан баргардонида шуданд. Зимнан, дар матлаб “дар бораи “Ормон” мо иттилоъе надорем” мегӯед, баъзе чизҳоро медонед-ку!

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдори ҳамкорӣ бо намояндагони ҳамаи воситаҳои ахбори омма мебошад. Кумита дар навбати худ аз таҳлилу танқиди воқеӣ ба хотири пешрафти кор иститиқбол намуда, ҳама гуна навиштаи ғайри касбӣ ва ҳадафмандонаро маҳкум менамояд. 

Маркази матбуотии Кумитаи дин,  танзими анъана ва ҷашну маросими 

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Аз СССР: Диктатураи Маркази матбуоти Кумитаи дин...

Мо аслан медонем, ки кадом оқилак (ба таъбири бобои Ғулом “ақлак”) ин посухро навиштааст. Нафаре, ки худро ҳомии Кумитаи дин... медонад ва бовар дорем, раиси Кумитаро низ ин оқилак (ҳамоно “ақлак”) мутмаин кардааст, ки зери ин посух имзо гузорад ва аз номи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба редаксия расид. То ин ҳадд диктатор будани 1 корманди маркази матбуотро худ дигар шарҳу тафсир кунед, хонандаи гиромӣ. Ва ин ҳам дар мавриде, ки чун Тоҷикистони азизро евро-оппозитсия барои “фишор сари дину мазҳаб” танқид мекунад, ин оқилак боре ҳам посух нанавиштааст. Воқеан аҷиб наменамояд? Шояд Маркази матбуотии ин ниҳод бо фикри наҳзатиён розӣ бошад ва ё ягон сирри дигаре ин ҷо ниҳон аст? 

Ва ин оқилак моро маҷбур мекунад, ки матлабро ҳаволаи баррасии Агентии мубориза бо коррупсия ва Палати Ҳисоб созем. Мо бар боварем, ки ирсоли зойирин тавассути танҳо 1 ширкат (ширкати 2 нав ба ин маросим рабт гирифт), МОНОПОЛИЯ аст! Ва зимнан аъмоли 30 солаи ин ширкати ҳаҷбар ва кору фаъолияти Кумитаи дин дар 5-10 соли ахир БОЯД баррасӣ гардида, расман ва фошофош пешкаши умум гардад. Зеро оқилакҳои Кумитаи дин ва Маркази матбуотии он, ба пиндори мо ана ҳаминро мехоҳанд. Мо низ зидд нестем. Бигзор чунин бошад. Рӯиҳамрафта, мо омодаем, дар сурати баррасии кор ва фаолияти Кумитаи дин... низ ширкат варзем ва аъмоли ин ниҳоди хеле муҳимро ба вежа дар ҳамин шабу рӯз, дар саҳафоти худ, инъикос созем.

 Воқеан ҳам, матлаби фавқ, ки оқилакони Маркази матбуот матраҳ кардаанд, ба шахсияти сардабир ЯГОН рабте надорад, мисле, ки муллое, хатибе, фолбине ё ҷодугаре ба даст афтод, гуноҳаш бар дӯши Раиси кумитаи Дин...нест-ку?! Инро бояд “ақлак” ё худ оқилакҳои Маркази матбуотии ин ниҳод дарк мекарданд. Вале чун Кумита, ба фикри сирф фардии мо ва ба таъбири кӯҳансолон,  “шаҳри бедарвоза”, ки шудааст, ҳар оқилаке, ҳар хеле хоҳад мавзуъро баррасӣ мекунад, ки боиси таассуф аст.

Боиси таассуф аст, ки дар арафаи Рӯзи Матбуот, Маркази матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ раво мебинад, ки таҳдид карда, матлабашро чунин пешкаш созад, ки 1 газетаи хусусӣ набояд онро таҳрир намояд ва сипас чоп. Мо бе таҳрир чоп кардем. Хатову дағову дағалии корманди Маркази матбуотии ин кумитаро худ баҳо деҳ хонанда. Гуфтаи Бобои Ғуломи таърихӣ “ина ҳамӣ-да-усунуш”...

Ва аз ҳама охир: Барои “китобхонӣ” мо кормандони Маркази матбуотии ин Кумитаро ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” пешбарӣ мекунем. Вале ба шарте, ки гӯянд чанд матлаби Муҳаммадиқболи Садриддинро хондаанд (дарёфти лайку линкҳои даромаду баромад ба ин сайти мамнуъро мушаххас ҳам мекунем)...

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter