ХАБАРИ ДОҒ

Афғонистон ва паёмади бозиҳо дар он… (фарзияи сиёсӣ)

  • Чоршанбе, Июл 28 2021

 

Аз 7-ум то 14 июл беш аз 1500 афсару сарбози афғонӣ бе кушодани 1 тир сӯи Толибон марзи кишвари моро убур карда, чун гурезаи низомӣ вориди хоки Тоҷикистон шуданд. Сар аз 14 июл, яъне 1 ҳафтаи баъди «разведка боем» 347 қирғизи афғонистонӣ марзҳои моро шикаста бо гову молу зану кӯдаку маводи мухаддира маскуни Тоҷикистон шуданд. Ва ин аввали кор аст, вақте садҳо ҳазор фирорӣ мостҳои амрикоиро убур кардаву вориди хоки мо мешаванд, ана он вақт қиёмат қоим хоҳад шуд…

Боби 1. Тоҷикистонро платсдарм карданианд…                                                                                                                    

Воқеан ҳам ба назар мерасад, қудратҳое ҳастанд, ки мехоҳанд Тоҷикистон зинаи нахустин барои эсколатсияи даҳшатпаркандагӣ гардад. Мо мавзуъро пайгир шуда, дар ҳолати шокӣ қарор гирифтем, вақте муайянамон шуд, ки афсару асокири афғон, ки бо силоҳу муҳимоти ҷангии муосиртарини амрикоӣ ва НАТО муҷаҳҳазанд, бе кушодани 1 тир сӯи Толибон аз кишварашон фирор кардаанд. Гузоришҳо ҳокӣ аз онанд, ки марзбонҳо силоҳу муҳимотро партофта, фирор мекунанд. Зеро қувваҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бархӯрд бо Россияро ба марзҳои Осиёимиёнагии шарикони он кашанд.

Боби 2. Ҷанге, ки 100 сол давом дорад

ОМ табъану зотан, тӯли 3 даҳсолаи ахир, мавзеъи зертаъсири Русия буд. Касе фаромӯш кардааст, хотиррас мешавем, ки ҳаракати босмачигарии осиёиро дар солҳои 1920-30 Англия ва муттафиқинаш спонсор буданд. Он даврон бо шикасти комили АНТАНТА ва босмачиҳош хатм шуд. Вале ин ба маъное набуду нест, ки НАТО-меросбари АНТАНТА аз ОМ даст шуста бошад. Яке аз муҳимтарин иқдоми Ғарб ин шикасти СССР ва ба ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол ҷудо кардани кишварҳои ОМ буд.  «Дальше-больше!». Чу диданд, ин кишварҳо «ба хубӣ» аз зертаъсири Маскав намебароянд, дар Тоҷикистон ҷанги гражданӣ сар зад. Ҷанге, ки на танҳо зидди Тоҷикистони дунявӣ буд. Ёд доред, наҳзатиёне, ки ҳоло дар Аврупо ба сар мебаранд, сароғоз аз чӣ оғоз карданд? Оре, аккурат, аз қатлу террори русҳо, немисҳо, коресҳо, ӯзбеку қирғизу қазоқу украину белорусҳо-куллияи халқиятҳое, ки дар СССР ба сар мебурданд. Ва агар ҳокимияти онҳо, ки 6 моҳак давом дошт, ним соли дигар идома меёфт, Тоҷикистон кишвари мономиллӣ мегардид, чун Арманистон. Хушбахтона чунин нашуд.

Боби 3. Ҷанг дар ОМ

Водии Фарғонаро на беҳуда Збигнев Бжезинский-сиёсатмадори аршади амрикоӣ, ба нисбат Барбароси НАТО, «Балкани №2» мехонд. Қораи Балкан дар Аврупо дар авохири асри ХХ ба пойгаҳи ҷанг табдил ёфта, давлатҳоро барҳам хӯронд, ки фаромӯш накардаем.  Лоиҳакашон мехоҳанд маҳз водии Фарғонаи Осиёи Миёнаро ба Балкан, яъне минтақаи доғ табдил кунанд. Нахустин пайки ба минтақаи ҷанги бузург кашидани ОМ ин ба ҳудуди Қирғизистон лашкаркашии Ҷумъаи Намангониву Тоҳир Юлдошев-пешвоёни Ҳаракати исломии Ӯзбакистон гардид.

 Талоши дигари Ғарб ин таваллуд, тарбият ва ба ҷанг баровардани проекти нав-Давлати исломӣ буд, ки олами Арабро барҳам зад. Аммо ин проект дар ОМ дастгирӣ наёфт. Зеро таври маълум дар тӯли 100 соли ахир ақвоми осиёи пасошӯравӣ тарбияти дунявӣ-интернатсионалистӣ дидаанд. Давлати исломӣ, ки дар Сурия саркӯб шуд, ба таври мармуз дову дастгоҳашро ҷамъ карда, дар Афғонистон пайдо шуд; кишваре, ки таҳти тасаллути НАТО қарор дошт. Вале ин қудрат бо муқовимати сахти Толибон ва муҷоҳидони афғон рӯбарӯ шуд.

Боби 4. Толибон дар Шимол

Пайдоиши Толиб дар Шимоли Афғонистон ба мисли он аст, ки Хирси Сафедро дар Африқо бинӣ. Ашраф Ғанӣ хубтар аз дигарон медонад, ки чаро Толибон, ки умре даъвои маркази Афғонистону Кобул мекарданду ҳатто  мехостанд давлати паштунҳоро бе ҳузури Шимол таъсис диҳанд, дар ин мавзеъ ба ғалабаҳои паиҳамӣ ноил мегарданд. Зеро Армияи расмии Афғонистон бо супориши ниҳонӣ шаҳру қасабаҳои Тоҷику ӯзбекнишинро бе садои тире супорида, фирор мекунанд. Ин муаммоест, ки сиёсатшиносони Афғонистон посухашро медонанд: Ашраф Ғанӣ мехоҳад Толибон-он же паштунҳо, дар Шимол дасти тасаллут ёбанд ва дар оянда Тоҷике, ӯзбеке, ҳазорае даъвои Афғонистон накунад. Муаммоест 2х2…Вале ин проблемаи Афғонҳост. Суол ин аст, ки Кобули расмӣ бо Тоҷикону ӯзбекону қирғизу лақайу туркманҳои Шимол чӣ мекунад?

Боби 5. Гурезаҳои сиёсӣ

Аксарияти ин халқиятҳо, ки барчидем, соли 1920-25 аз Бухорои Шарқӣ ба Афғонистон фирор кардаанд. Касе агар рафтааст, медонад, ки навоҳии наздимарзии Афғонистону Тоҷикистон усулан бо лақайу туркману ӯзбекҳои Армияи собиқи Иброҳимбек лабрезанд. Тоҷикон аслан кӯлобиву балҷувониҳоянд, аз лашкари Давлатмандбий ва бешатаршон аз сарбозони Эшон-бала. Ва маҳз ана ҳамин ҷангиён буданд, ки тӯли 100 сол бо паштунҳо муқовимат мекарданд. Онҳо тӯли ин ҳама сол умдатан статуси шаҳрвандӣ надоранд. Ба забони дигар ана ҳаминҳоро оҳиста-оҳиста мехоҳанд бозгашта ба ОМ партоянд ва роҳи ягонаи интиқоли ишонро низ бо ду дасти адаб худ сохтаем: Пулу мосту кӯпрукҳои бузург…

Боби 6. Пули гурезагард

Борҳо гуфтаам, агар ин пулҳо лозим мебуданд, СССР дар 2 моҳ 10  месохт! Шӯравӣ ҳатто дар даврони ҷанг бо Афғонистон ин пулҳоро насохт. Зеро дар Маскав нек медонистанд, ки оқибати чунин мостҳо «турб» аст. Вале дар даврони истиқлолият мо ба доми фиреби НАТО афтода, ин мостҳоро сохтем.  Фирори афсарони афғон тавассути ин пулҳо аввали кор аст. Ин ишора ба мардуми мулкӣ буд, 347 қирғизтабор беҳуда аввалин шуда наомаданд. Муаллифи проектҳо медонанд, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон конфликт аст. Ва гуфти мардуми шимоли худамон, мо «мурда-мурда» қирғизҳоро қабул мекунем. Баъдан садҳо ҳазор фирорӣ мегузаранд. Ва Тоҷикистон тибқи конвенсияҳои байнулмилалие, ки имзо кардааст, онҳоро пеш карда на-ме-та-во-над!

Боби 7. Таркиш!!!

Ягона роҳи раҳоӣ аз варта ин кафондан, таркондан, пурра нест кардан ва бастани кӯпрукҳоест, ки тибқи лоиҳаи НАТО сохтаем!!! Ин амал басо хубтару арзонтар аз он аст, ки 100-200 ҳазор гурезаи муҷоҳид, мутаассиб, мардуме, ки намедонанд қонуну қоида чист, маскуни шаҳракҳои саҳроии кишвари мо мешаванду бидуни терроризму экстремизм дар сар ҳавову ҳаваси дигаре надоранд. Ва барои онҳо фарқ надорад, бо кӣ ва ё чӣ дар оянда ҷиҳод хоҳанд кард. Бояд дуруст биандешем, мостҳои фаровони нолозим ва хатарзо ба мо лозиманд ва ё амнияту оромии ҳамешагӣ.

Худи Амрико дар Мексика ва Аврупои таърифӣ дар Шенген кайҳост симтӯру симхору деворҳои бузурги чинӣ месозанд, то ана ҳамин фирориҳо сӯи давлатҳошон нараванд. Пас мо кӣ ва чиро интизорем? 1 бор-ку шаттаи ин «муҷоҳидин»-ро хӯрдаем…

М.Мубориз, махсус барои СССР

PS: Вақте матлаб омода мешуд, хабар расид, ки 82 тан аз аъзои раёсати ҳукумати 1 улусволии ҳамсоякишвар пурра, дар мошинҳои Ҳаммеру Ҷипу Квадратсиклҳои гаронарзиштарин (тӯҳфаи Амрико), марзи моро убур карда, аз Толибон гурехтаанд. Нафаре, ки инҳоро дида буд, ба СССР 1 чизи беҳад нишонрас гуфт: «Ман дар чашми онҳо ягон зарра меҳр, шафқат, муҳаббат ба ватанашон надидам!!!»…

Мардум, масъулин, аъзои Шӯрои амнияти ҶТ, раисҳо, ки аз Афғонистон гурехтанд, фавҷи бузурги мардумро интизор бошед! Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter