ХАБАРИ ДОҒ

Вақте наҳзатиён нобиғаро мекуштанд...

  • Чоршанбе, Июл 28 2021

 

 

Имрӯз, Иттиҳоди Аврупо саркардаи террористони наҳзатиро дар оғӯши гарм гирифтааст. Пас ИА ва Бруссел шояд ба ин матлаби мо, ки дар бораи қатли 1 нобиға, 1 интеллигент, 1 олим, 1 табиби Синонафас қисса мекунад, посух мегӯяд?  Мо мунтазири ҷавоби сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, хонум Мэриллин Йосефсонем...

 1. Таваллуд ва тарбияти нобиға

Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ 21 июли соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Устод аз хурдӣ орзӯи табибиро дошт. Мехост ба мардуми хизмат намояд. Ӯ соли 1948 ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, с 1954  сарбаландона хатм намуд. Вай аз вазифаи ординатор то ба мартабаи ректори ҳамин боргоҳи илму хирад адои вазифа намуд. 

Юсуф Исҳоқӣ соли 1958 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таҷрибаи истифода бурдани заҳри гурза барои қатъ кардани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳии баъзе бемориҳои гӯшу гулую бинӣ» ҳимоя намуд. 

Устод солҳои 1960 - 1964 сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявии №4, ҳамзамон дотсенти кафедраи оториноларингология буд. Баъдан устод барои давом додани кори илмии худ солҳои 1964 - 1968 дар вазифаҳои докторант, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии гӯшу гулу ва бинии шаҳри Москва  фаъолият карда, соли 1968 дар мавзӯи «Кистаи роҳҳои болои нафас» - рисолаи докториро дифоъ кард. 

Олими бузурги тоҷик-Юсуф Исҳоқӣ ҳамчун вакил дар Анҷумани VI оториноларингологҳо дар шаҳри Еревани Арманистон иштирок намуда, аъзои садорати Ҷамъияти умумииттифоқии оториноларингологҳо интихоб гашт. Соли 1970 ба унвони илмии профессор ноил гашта, ҳамзамон бо медали «Барои меҳнати шараф» мукофотонда шуд.  

 2. Аз омӯзгорӣ то ректорӣ

Соли 1973 Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино таъйин гардида, дар фосилаи умри бобаракати хеш зиёда аз 300 асари илмӣ, мақолаҳо, монографияҳо нашр кардааст, ки нишона аз доираи васеи ҷараёни тадқиқот ва корҳои илмиву таълимӣ ва амалии устод буд.  Юсуф Исҳоқӣ нахустин академики илми тибби тоҷик, муаллифи бисёр таълифоти илмӣ, аз ҷумла 10 монография, 11 тавсияи методӣ аст. Китоби “Оторинолорингология” - и ӯ китоби рӯйимизии тамоми табибони ин соҳа мебошад. 

 3. Ҷарроҳи номии СССР ва Америка

Ҷарроҳи номвари тоҷик-Юсуф Исҳоқӣ аз соли 1974 узви садорати Ҷамъияти алоқаи дӯстӣ ва мадании РСС Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ, узви Шӯрои ректорони мактабҳои олии тиббӣ дар назди Вазорати тандурустии СССР ва муҳаррири маҷаллаи «Тандурустии Тоҷикистон» буд. Ӯ соли 1975 ҳамчун роҳбари намояндагони ЛОР СССР ба Булғория сафар кардааст ва бо медали тиллоии Ҷамъияти дӯстии «Булғория -СССР» мукофотонида шудааст.  

Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ соли 1977 ҳамчун вакили табибони соҳаи оториноларингологияи ИҶШС дар шаҳри Небраскаи иёлати Кентукии ИМА дар Конфронси илмии байналмилалӣ иштирок намуда, дар он ҷо ҷарроҳии намунавӣ гузаронда, ба унвони шаҳрванди фахрии шаҳри Небраскаи Америка сазовор гардидааст. 

Барои хизматҳои шоиста Юсуф Исҳоқӣ бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ленин, соли 1973 бо медали «Дусадсолагии Институти тиббии якуми шаҳри Маскав ба номи И. М. Сеченов», соли 1979 дар соҳаи илм ва техника бо мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии СССР» сарфароз гардонида  шудааст. Соли 1989 хизматҳои ин олими тавоноро дар соҳаҳои таълим, тарбия ва илм ба инобат гирифта, ба Юсуф Исҳоқӣ  унвони давлатии «Арбоби хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон» дода шудааст.

  4. Террори Фахри Тоҷикистон

 Агар ба зиндагиномаи  ин олими сарсупурдаи тибби ватанӣ-Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ назар афканед, бешубҳа ин шахсият боиси ифтихор ва намунаи нотакрори халқи тоҷик аст.  Устод аз ҷумлаи он нобиғагони давр, яке аз шоҳсутунҳои тибби мусоири тоҷик,  маъруфтарин дар миёни олимони соҳа, роҳбари дилсӯзу ободгар ба ҳисоб мерафт. Вале 100 афсӯс, ки ин олими тавонои тоҷик Юсуф Исҳоқӣ дар айни камолоти эҷодӣ аз тарафи хунхорони наҳзатӣ ваҳшиёна ба қатл расонида шуд. 

06.05.1996. Гурӯҳи яроқдори ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом бо роҳбарии Раҳмон Сангинов (Раҳмонгитлер), Пираков Диловар Шохович  ва дигар нафарони шахсияташон номаълуми ташкилоти террористии наҳзатӣ дар назди шаҳраки табибони шаҳри Душанбе  Юсуф Исҳоқро бо ҳамроҳии Минҳоҷ Ғуломов, ноиби ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.И.Сино ва ронандаи мошини хизматии донишгоҳи мазкур-Виктор Худяковро бо истифода аз яроки оташфишон ба катл расониданд. 

Куштори ваҳшиёнаи шахсияти барҷаста ва чеҳраи тобони илми тибби тоҷик-Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ аз дасти ин хунхорони наҳзатӣ фоҷеаи бузургтарини тибби тоҷик ва фоҷеаи миллат буд. Юсуф Исҳоқӣ, ки ҳамчун ситораи дурахшон дар илми тиб ҷилвагар буд, идея ва ақидаҳои ифротии саркардагону аъзои ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломро маҳкум менамуд ва аз нигоҳи ҷаҳонбинии илмӣ барои пешрафти ҷомеаи муосир талош меварзид, ноҷавонмардона аз байни мо рабуда шуд ва бо ин амали нангинашон хунхорони наҳзатӣ теша ба решаи миллати хеш заданд. 

 Хотима: Зиндаву ҷовид монд...

 Баҳри абадӣ нигоҳ доштани номи неки ин абармарди тоҷик, профессор Юсуф Исҳоқӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи ӯ гузошта шудааст. 

Хотираи неки устод Юсуф Исҳоқӣ бо зиндагиномаи намунавӣ ва хизматҳои шоёнаш ҳамеша дар дилу дидаи мардуми кишвар боқӣ хоҳад монд. Ёди устоди азиз гиромӣ бод!

 

Мазиёев Мамадназар, 

сармуҳарри рӯзномаи “Ворисони Сино”

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter