ХАБАРИ ДОҒ

Либоси мактабӣ: маҷбурӣ ё ихтиёран … маҷбурӣ???

  • Чоршанбе, Авг 25 2021

 

 

Имрӯзҳо 1 кори ривоҷ ёфта дар макотиби миёна ин аст, ки бе расиди корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ, хонандагони синфи 1-ро ба мактаб қабул на-ме-ку-нанд. Яъне волидон бояд ҳатман расиди либосҳои мактабиро аз макони либосдӯзӣ дошта бошанд. Дар акси ҳол ҳуҷҷатҳои фарзандашонро директори муассиса қабул намекунад. Дар навбати худ роҳбарони муассисаи миёна волидонро маҷбур мекунанд, ки ба ман расиди фалон корхонаро биёр, мақсад ба писарат аз ҷойи фармудаам либос гир! 

Маҷбур кардани волидон, ки рафта аз ҳамон (?) сехи дӯзандагӣ ба писарат либос гирифта, расидашро биёр баъд қабулаш мекунем, магар хилофи Қонунҳои Конститутсионӣ амал кардан нест? Ҳуқуқу озодиҳои инсонро давлат эътироф мекунад, ҳамчунин риоя ва ҳифз. Зимнан мардум бояд либоси ватанӣ ё хориҷиро ихтиёран интихоб кунанд, ки ҳуқуқашон поймол нашавад. 

   Корхонаҳои либосдӯзии мо бо роҳи иҷборӣ пеш нахоҳанд рафт. Агар раванд ҳам тӯлонӣ неъ. Барои харидани мизоҷон фақат 2 корро метавон иҷро кард. 

1. Либосро бо сифати аъло баровардан. 

2. Бо нархи дастрас ва на маҷбурӣ фурӯхтан. 

Агар масъулони мо ҳамин 2 корро хуб иҷро кунанд, бовар кунед, на танҳо мо балки давлатҳои хориҷа низ мизоҷи маҳсулоти дастони дӯзандагони тоҷик мешаванд. А, агар маҷбуран ба мардум бор карданӣ бошем, донед, ки ҳам дили онҳоро аз истеҳсолкунандаи дохилӣ сард мекунед ва ҳам ҳуқуқи шаҳрвандии одамонро поймол. Зеро дар моддаи 5-и Конститутсия омадааст:

Инсон, ҳуқуқ  ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. 

 Ба фурӯши иҷборӣ хотима бахшед!

   Дар ҳамин ҳол котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар Эҳсон Хушвахтзода ба мухбири СССР гуфт, ки ба сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо таъкид шудааст, ки ба хариду фурӯши либоси мактабӣ дар мактабҳо хотима бахшанд… Ин ҷо зери коса чӣ нимкосаест, ки пас аз дастури вазорат низ вазъ тағйир намеёбад?

   Мо тасмим гирифтем, ба ярмаркаву сехҳои дӯзандагӣ ва инчунин ба бозорҳои калони пойтахт рафта, нарху наво, сифати либосҳои мактабӣ, пойафзол, қаламу ручкаву дафтарро санҷида, аниқу дақиқ карда ба хонандагони СССР пешниҳод гардонем.  Ррррафтем!

Нарх дар бозору ярмаркаҳо 

   Ярмаркаи шаҳрӣ дар боғи «Куруши Кабир». Саҳни ин макон тозаву озода. Ором, яъне фосилаи иҷтимоӣ риоят мешавад. Ба дӯконе даромада, курта-кофтаи духтаронаро пурсидам, ки ба синфҳои 4-6 мувофиқ буд. Истеҳсоли ватанӣ. Нархаш дастрас. Аз 55 то 90 сомонӣ. Сифаташ миёна. Ҷӯроб-колготкӣ аз 18 сомонӣ сар мешавад. Либоси духтарона, ки моли Бишкек буд, арзишаш аз 180 сомонӣ боло. Сифат ба нархаш мувофиқ. 

   Ба дигар дӯкон даромадам. Шими мардона барои синфҳои 5-8 аз 80 то 100 сомонӣ нарх дошт. Куртаи сафед ва юбкаи духтаронаеро қапида, аз фурӯшанда пурсидам, ки ин истеҳсоли куҷост ва нархаш чанд? Гуфт, ки истеҳсоли ватанист, фирмаи «Гулистон», нархаш аз 50 сомонӣ сар мешавад. Сифаташ хуб. Дар ин ярмарка нархи сумка барои хонандагон аз 65 сомонӣ то 160 сомонӣ дакка мехӯрд. Дафтару қаламу албом аз 50 дирам боло арзиш дошт. 

   Ба дӯкони пойафзолфурӯшӣ даромадам. Пойафзолеро гирифта, нарх пурсидам. Фурӯшанда гуфт, ки истеҳсоли худамон ва нархаш 60  сомонӣ. Бовар кунед, аз ҷиҳати сифат ва зебоӣ ҳатто Туркияро гузашт. Беҳад хуб. Нархаш ҳам дастрас. Чаро чунин сифтати хуби истеҳсоли кишвари худамонро харидорӣ карда, соҳибкори ватаниро дастгирӣ накунем?? Худиҳоро ҳам бояд дид. Офарин!  

   Зане худро Марям муаррифӣ карда, ба мухбири СССР гуфт: - Ман аз роҳи дур ба духтарчаам либосгирӣ омадам. Либосҳои арзон, сифаташ хуб. Фақат мехоҳам, ки бештар либосҳои истеҳсоли ватаниро дар ярмаркаҳо тарғиб кунанд. 

    Ба ҶДММ «ИИ Нассоҷии тоҷик» ярмаркаи доимамалкунандаи фурӯши либоси ягонаи мактабӣ омадам. Одам зиёд. Дар ин макон қариб, ки нархи сумкаву қаламу дафтар ва дигар ашёи хониш аз ярмаркаи боғи «Куруши Кабир» фарқ намекард. Ба ғайр аз либоса. Нархи пойафзоли хитоӣ (?) аз 110 сомонӣ боло буд. Шиму костюми 297 сомонӣ арзиш дорад. Арзиши куртаи сафеди духтарона 63 сомонист. 

Зидди маҳсулоти ватанӣ нестем, аммо…

Мушкилии №1 ин аст, ки масъулин ҳуқуқу ОЗОДИҲОи шаҳрванд ва хонандагонро поймол карда истодаанд. Агар сифат ва нархи либоса ба табъи мардум мувофиқ ояд, ҳатман маҳсулоти ватаниро харидорӣ хоҳанд кард на берунаро. Барои ҳамин ба ҷойи мардумро ба 1 кор маҷбур кардан, аввал сифати маҳсулотамонро хуб кунем, омма худаш давон-давон рафта либос мегиранд. 

Ва аз ҳама муҳим: рақобат ва он ҳам рақобати солим метавонад саноати сабуки моро аз варта раҳонад, на амру дастурҳои ихтиёран маҷбурии чиновникҳои манфиатдор. Мо Метавонем!

Исматулло Собирӣ, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter