ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: САВОР ШАВ!

  • Чоршанбе, Авг 25 2021

 

МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», ки масъули фаъолияти корхонаҳои коммуналӣ ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ дар пойтахт аст, кайҳост, ки вазифа ва фишангҳои худро аз даст дода, дар ҳалли проблемаҳои нақлиётӣ бо 2 пой мелангад.

Авохири ҳафтаи гузашта бо сабаби ҷаҳиши нархи маводи сӯхт, хосса гази моеъ, ки то 7,50 сомонӣ шуд, нархи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ низ ба маротиб боло рафт. Пеш аз ҳама нархи роҳкироро таксиҳои шахсии ба қавле 5 сомонӣ бардоштанду роҳкиро дар ин таксиҳо, ки дар воқеъ фаъолияташон дар ҳудуди ш.Душанбе ғайриқонунӣ аст, якуякбора 7 сомонӣ шуд. 

Пас аз таксиҳо нархи роҳкироро микроавтобусҳои сарҳуй-онҳое, ки бидуни хатсайри тасдиқшуда дар самти «Корвон»-«Садбарг», «Корвон»-Қараболо» равуо мекунанд, аз 1,60 сомонӣ то ба 2 сомонӣ қимат карданд. Бархе аз микроавтобусҳои хатсайри дигари пойтахт, амсоли №55 низ нархи роҳкироро аз 1,60 то 2 сомонӣ гарон карданду зери интиқоди шадиди мусофирон қарор гирифтанд. Нархи роҳкиро дар автобусу троллейбусҳои пойтахт феълан бе тағйирот аст, аммо то ҷое мухбирони СССР итиллоъ ёфтанд, масъулони соҳаи нақлиёти истифодаи умуми ш.Душанбе ҳамин ҳоло сари боло бардоштани нархи роҳкиро пофишорӣ доранд! Барои ҷавонони креативи соҳа муҳим варами ҳамён аст, на паст кардани фишори сиёсӣ сари ҳукумати маҳаллӣ...

Мухбирони газетаи мардумии СССР дар оғози ҳафтаи нав тасмим гирифтанд аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахт дар 1 рӯзу 1 вақту 1 соат истифода бурда, вазъи фаъолият, хизматрасонӣ, тозагӣ, нарху наво ва бархӯрди ронандагон бо мусофиронро дар пайи ин тағйиротҳо зери назар бигиранд. Ррррафтееемммм…

Микроавтобуси №2: харҷ зиёду фоида не…

16.08.2021. Соат бо вақти Душанбе 07:30 дақиқа. Ба қавле «час-пики» саҳарӣ. Ба микроавтобуси № 2 нишастам. Аз вақти нишасти ман то охири хатсайр 18 ҷойи нишаст пур буду аз рӯи ҳисоби ман 50 нафари дигар дар ин фосила савор шудаву фаромад. Дар ҷамъ 68 нафар аз 1 самт. 68x1,60 дирам =108 сомону 80 дирам. Ба гуфти ронанда барои 1 тарафи хатсайр 4 литр солярка сарф мешавад. Пас маблағи ба даст омада 108 сомону 80 дирам - 40 сомон пули 4 литр солярка = ба 68 сомону 80 дирам фоида. Хамин тариқ аз 1 даври хатсайр рафту омад 216 сомонӣ ба даст меоранд ва ин 216-8 литр солярка 80 сомон=136 сомонӣ фоидаи ронанда. Ба гуфти ронанда ин суд танҳо саҳару бегоҳ асту дигар вақтҳо фоида аз 40 сомонӣ беш нест. 

Чун дар сӯҳбат бо ронанда маълум шуд, ронандаҳо дар 1 рӯз то 700-800 сомонӣ кор карда, аз ин миқдор 350 сомонӣ барои 35 литр солярка, 200 сомонӣ иҷорапулӣ, 60 сомонӣ ҳаққи «кондуктор», тақрибан 50-60 сомонӣ барои хӯрока сарф мешавад. Ба гуфти ронанда гоҳ 100 сомонӣ, гоҳе 150 сомонӣ ба худаш мемонад. Оиди аз ҳад зиёд бор кардани мусофирон ба ақидаи худи ронанда ба 18 ҷойи нишаст агар гаштугузор намояд, ҳеҷ фоида нест. 

- Нақлиёт усто дорад, солярка ҳам гарон. Гоҳе аз тарафи нозирони роҳ ҷаримаҳои ҳангуфте низ мегирем. Моро ҳам дарк кунед охир, - афзуд ӯ. 

7 сомонӣ-нархи таксии ғайриқонунӣ

16.08.2021. Соат бо вақти Душанбе 07:30 дақиқа. Дар назди истгоҳи бинои ТВ «Сафина» ба таксиҳои ба қавле 5 сомонӣ нишаста, ба самти бинои марказии бонки «Амонатбонк» рафтам. Дар роҳ ба ронанда 10 сомонӣ дароз карда, умед доштам, ки ба ман 3 сомонӣ бақия медиҳад. Аммо 5 сомонӣ дод. Ҳайрон шудам. Пеши худ гуфтам, ки овозаи 7 сомонӣ дурӯғ будааст??? 

Аз ронанда пурсидам: - Ака, чӣ ном дорӣ? Гуфт: Эмомалӣ. Гуфтам: - Чаро ба ман 5 сомонӣ бақия додед, охир роҳкиро гарон шудааст-ку. Ронанда гуфт: 

-Медонам, аммо ман гарон накардаам. Гуфтам, ки аз ман 7 сомонӣ нагирифтед, ҳайрон шудам. Ронанда гуфт, хайр биё 7 сомонӣ гирифтанро аз ту сар кунам?  Гуфтам, ки не, не, не, дар рӯзи Душанбе савоб мешавад. Ҳамин 5 сомонӣ «ай шири модарат ҳалол!» гуфта, аз мошин фаромадам. 

Баъди анҷоми кор аз назди бинои марказии бонки «Амонатбонк» ба таксии дигар нишастаму ба ронанда 5 сомонӣ дароз кардам. Вай сӯмро дида чашмонаш аз косахонаи сараш баромад. Эҳ зуқ-зуқ кардеее. Ана сӯзишворӣ гарон шудааст, ана 5 сомонӣ дигар мувофиқат намекунад. Охир ба «баки» мошин … об резӣ наравад. Қариб, ки гиря мекард. 2 тангаи 1 сомона дода, халос шудаму аз мошин фаромада, зери лаб гуфтам: -Мемурдӣ, ту ҳам  дар рӯзи Душанбе 2 сомонӣ ба ман хайр мекардӣ???

 Троллейбус-роҳат?

16.08.2021. Соат бо вақти Душанбе 07:30 дақиқа. Пас аз 2 дақиқаи интизорӣ дар истгоҳи рӯбарӯи бозори «Саховат» троллейбуси №4 омад. Корти нақлиётиро зада, дохили он шудам. Мусофир новобаста аз соати мазкур хеле кам ба назар менамуд. Салон тозаву озода, кондитсионер ҳам кор мекард. Курсии байнро интихоб карда, баҳузур нишастам. 

3 истгоҳро бароҳат гузаштем, ки дар истгоҳи Маркази миллии ташхис (Диагностика) 2 нозири ширкати «City Dushanbe» даромаданду ба санҷиши кортҳои нақлиётӣ сар карданд. Ман, ки корти имтиёзнок доштам, аз тафтишу санҷиш натарсидам, аммо чанд нафар, ки шояд ба ронанда пули нақд дода, савор шуда буданд, дарҳол аз мошин фаромаданд. Ҳамсояам, ки донишҷӯ буд, «Апа, гӯед, ки ман бо шумоям, вагарна аз троллейбус мефароранд, ба имтиҳон дер мекунам!»-гуфта хоҳиш кард. Ҳамин тавр ҳам кардам, аммо назоратчӣ ба фикрам ба хоҳар будани ҳамсояам бовар накард чи, ки гуфт: «Дар истгоҳи даркорӣ ҳарду баробар фароед!». Мо ҳам аз тарси сиёсати ин нозири ҷавон «албатта»-гӯён фаромадем…ва дар берун фикр кардем, «чаро бо 1 корт бояд ҳатман дар 1 истгоҳ фаромад???», вале троллейбус аллакай рафта буд.

Таксӣ барои пулдорҳост?

16.08.2021. Соат ба вақти Душанбе 07:30 дақиқа. Қабл аз хона баромадан ба ширкати «Рахш таксӣ» занг зада мошин фармоиш додам. Баъди 10 дақиқа таксӣ расида омад. Ба ронанда гуфтам, ки маро ба «Шарқи Озод» расонед. Вай барномаи ҳисоби роҳкироро аз телефонаш фаъол карду ба роҳ баромадем. Ҳангоми дар роҳ будан, ронанда гуфт, ки Шумо аввалину охирин мусофире ҳастед, ки имрӯз бурда истодаам. Бо тааҷҷуб нигоҳ кардам. Ронанда бо ҳасрат гуфт: мошинро супорида ба муҳоҷират меравам. Бо гарон шудани сӯзишворӣ корамон рӯз то рӯз душвор шуда истодаасту ба ҷойи фоида зарар мебинем..

- Мисол мошини шахсӣ бошад, сари ҳар 1 мусофир, ки тавассути ширкат ба мо равон мегардад, 1% аз маблағи хизмат аз они ширкат мешавад. Хулоса, маблағи ҷамъшуда дар 1 рӯз 300 сомониро ташкил дода, 16-20 литр бензин сарф мегардад. Қаблан то 200 сомонӣ даромади соф мегирифтем, аммо ҳоло 100 сомонӣ ба даст меояду халос. Ронандаҳои ширкат ҳамагӣ талаб доранд, ки нархи роҳкироро бардоранд, яъне километражро аз 10 ба 15 сомонӣ расонанд, - гуфт ронанда.

- Магар гаронии нархи хизматрасонӣ ва роҳкиро ба мардуми оддӣ зулм намешавад?- пурсидам ман.

  - Мардуми камбағал таксӣ савор намешаванд, таксӣ барои пулдорҳост!- бо ханда посух дод ронанда. 

Роҳкирои мани «бойдухтар» аз кӯчаи Нагорний то «Шарқи Озод» 21 сомонӣ шуд…

Нақлиёти бе танзими пойтахт

Рейд-назорати мухбирони газетаи мардумии СССР дар нақлиёти ҷамъиятии ш.Душанбе боз ҳам давом дорад. Мо тасмим гирифтем ин соҳаи муҳими пойтахтро ҷиддан зери назорат бигирем, зеро воқеан ҳам яке аз соҳаҳоест, ки бо гузашти солҳои зиёд ва саъю талош мушкилоташ ҳалли худро намеёбад.    Масъалаи тозагии нақлиёт, сару либоси ронандаву кондукторҳо, хосса фаъолияти онҳо, ки аслану усулан ғайриқонунист, нархи танзимнашавандаи роҳкиро, садҳо микроавтобусҳои ғайриқонунӣ фаъолият мекарда, иваз намудани хатсайрҳо ва ба қавле ҳуҷумҳои «рейдерӣ» аз ҷониби 1 тоифа мансабдорон ба хатсайрҳои серодам, риоя нашудани меъёри саворшавӣ, нигоҳ надоштани интервал зимни ҳаракат, фаъолияти нуқтаҳои назоратӣ дар истгоҳҳои аввалу охир, ҳаракат аз рӯи реҷа, истифодаи ниқоб ва маҳлулҳои антисептикӣ….ва даҳҳо мушкилоти дигар солҳои зиёд ба танзим намедароянд. 

Вазъият дар соҳаи нақлиёти истифодаи умуми ш.Душанбе имрӯз доштани моҳӣ дар оби лойро мемонад, ки барои бархе фоидаовар аст. МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», ки масъули фаъолияти корхонаҳои коммуналӣ ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ дар пойтахт аст, кайҳост, ки вазифа ва фишангҳои худро аз даст дода, дар ҳалли проблемаҳои нақлиётӣ бо 2 пой мелангад. Пас месазад сари барҳам додани ин корхона ва дар идома тамоми системаи имрӯзаи кӯҳнашудаи нақлиёти истифодаи умуми ш.Душанбе сареҳатан тасмим гирифт. Агар мо хоҳем, ки хизматрасонӣ дар ин самт пурра иваз ва замонавӣ бошад, пас бояд аз системаи шахшуда даст кашем! Мо пайгири мавзуъем! Мо Метавонем!!!

Ҷ.Ҳусейнова, 

И.Собирӣ,

Б. Ҳалимова, 

О.Достиева,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter