ХАБАРИ ДОҒ

 

1200 ҷавони кӯлобӣ иҷозат мехоҳанд, ки ихтиёран вориди Афғонистон шудаву паҳлӯи Аҳмади Масъуд саф зананд. Тоҷикони Афғонистон, шумо чаро мегурезед? Баргардед ва паҳлӯи Шербаччаи Панҷшер бошед. Аврупову Амрико ватани шумо нест!

1. Кӯлоб бо Панҷшер аст...

17.08.2021. Ҳамагӣ 2 рӯз баъди суқути Кобул, ягона ҷабҳае, ки ба муқобили Толибон хест – Панҷшер бо фарзанди далеру шуҷоаш Аҳмад Масъуд гардид.  Ва дар ҳоле, ки абарқудратҳои даъвии истиқлолияту демократияи кишварҳои олам мекарда, аз тарси Толибон лаб фурӯ баставу ба даҳонашон об гирифтаанд, 20.08.2021, 5 рӯз пеш муроҷиатномаи дастаҷамъонаи гурӯҳи 1200 нафараи ҷавонони кӯлобӣ ба Пешвои миллати Тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсан барои ман хушбинкунанда буд. Дар муроҷиатномаи худ, ҷавонони Кӯлоб аз сарвари мамлакат дархост намудаанд, ки барои пайваст шудани онҳо ба ҳаммиллати худ - Аҳмад Масъуди Панҷшерӣ иҷозат диҳад. Инҳо ҳамон нафарон ва ё аҳлу пайвандони он нафароне ҳастанд, ки дар барқарорсозии ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон нақши калидии худро гузошта, чанде пеш ҳангоми дасисаи ҳамсоягони қирғизамон ба Исфара рафтанд ва дар паҳлӯи ҷавонмардони Воруху Чоркӯҳ саф кашиданд. Аҳсан ба ин ҷавонмардон! То ингуна Тоҷикони боғурур ҳастанд, душмане сӯи Тоҷик чашм ало кардан набитвонад ва агар метавонад, инҳо кӯраш мекунанд. Мо Метавонем!

Дар чунин як марҳилаи ҳассос на ҳар кас дилу гурдаи пайвастан бо Аҳмад Масъуди панҷшериро дорад. 

2. Шурӯъи муқовимат

Аҳмади Масъуд ягона нафарест, ки ба дифоъи Давлати Тоҷикон қомат алам кард. Зеро Толиби ҷоҳил куҷову Кобул куҷо? Ҳақ ба ҷониби устод Алимуҳаммади Муродӣ аст, ки дар алоқамандӣ ба ин мавзӯъ мефармояд:

Ҳар подабон ба даъвии пайғамбарӣ бихост,

Тахти каёну тоҷи шаҳон бар гадо расид!!!

Бори аввал 27 сентябри соли 1996 Толибон бидуни ҷанг Кобулро ишғол намуданд ва Аморати исломии Афғонистонро таъсис доданд. Дар ҳудуде, ки таҳти тасарруфи Толибон қарор дошт, онҳо қонуни шариатро ба тартиби ба худашон манфиатовар ҷорӣ карданд. Он вақт низ мухолифини асливу усулии режими Толибон Эътилофи Шимолӣ буд, ки дар таркиби қавмии он асосан тоҷикон бо раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳонуддини Раббонӣ, ӯзбекҳо бо раҳбарии генерал Абдурашид Дӯстум ҷамъ омаданд. Имрӯз Дӯстуму Гулбиддину Ато низ дум хода кардаанд. Вале Шербаччаи Панҷшер бок надорад ва ба ҷанги фашистони паштун омода аст!

Аҳмади Масъуд кист?

Миллаташ Тоҷик. Соли 1989 дар Тахор таваллуд шудааст. Падараш Аҳмадшоҳи Масъуд-қаҳрамони халқи Тоҷик дар Афғонистон. Аҳмад дар Эрон мактаби миёнаро хатм карда, сипас шомили Академияи низомии Шоҳигарии Англия мешавад. Солҳои 2012-2015 факултаи пажӯҳиши ҳарбиро хатм карда, соли 2016 магистратураи Донишгоҳи сиёсии Лондонро ба поин мерасонад. 

Аз соли 2016 ба ватан баргашта, бунёди Масъуд (Massoud Foundation)-ро сарварӣ мекунад. Аз моҳи марти соли 2019 расман ба сиёсати бузург шомил мешавад. Бо забони англисӣ роҳат ҳарф мезанад ва мақола менависад.

15.08.2021, ки Ашрафи бешарафи Ғанӣ кишварро ба Толибон гузошта, бо 160 млн доллари нақд (бидуни сурат-ҳисобҳояш дар Бонкҳои Аврупо ва Амрико) фирор кард, «Муқовимати Панҷшер»-ро таъсис ва роҳбарӣ намуд. Тамоми пешниҳодоти пуливу молии Толибонро рад кард ва дар наздиктарин фурсат 3 шаҳрро аз Толибон, ки Афғонистонро чун немисҳо Полшаву Чехияро дар соли 1939-40, ғасб мекарданд, озод сохт. Толибон акнун дар симои Масъуди ҷавон, ҳамчун фашистони Гитлерӣ дар овони шӯравӣ, ба муқобилияти сахту ҳатман шикастпадидашон, дучор шудаанд. Мо бо туем, Шербаччаи Панҷшер! Ва Мо Метавонем!

3.Муқовимати аввалӣ

Аҳмадшоҳи Масъуд дар садри ин муқовимат қарор дошт. Ӯ соли 1953-и милодӣ дар шимоли Кобул, дар деҳаи Ҷангалаки дараи Панҷшер, дар оилаи тоҷик таваллуд шудааст. Вай дар литсейи "Истиқлол" -и Кобул таҳсил карда, соли 1973 ба факултаи муҳандисии шаҳрвандӣ ва меъмории Донишкадаи политехникии Кобул дохил шуд, аммо пас аз табаддулоти шоҳзода Довуд дар соли 1973 ба Пешовари Покистон муҳоҷират кард ва дар он ҷо ба мухолифони исломӣ, ки таҳти раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ қарор доштанд, пайваст. 

Имрӯз, ки бар асари хиёнатҳои дохиливу берунӣ аз 34 вилояти Афғонистон 33 вилояташ ба дасти қавми бадсиришти Толиб гузаштаву танҳо макони Шерони тоҷик Панҷшери нозанин боқӣ мондааст, фашизми паштунӣ бо қувваи бузург ва муҳимоти ҷангӣ онро дар иҳота гирифтаву қасди тасарруф дорад, ки ҳич гоҳ ба ин ҳадафи нопок намерасанд. Зеро ин Армияи 300 ҳазорнафараи муфтхӯри ЧМО, Кобули фасодзада ва Ғании каламуш нест. 

Ин ҷоро Панҷшери Тоҷикон мегӯянд! Дарае, ки Армияи Советӣ дар тӯли 12 сол бо танку тӯпу муҳимоти пешрафтатарини ҷангӣ натонист 1 метр ворид гардад. Водие, ки Аҳмади Масъуд дар такя ба арвоҳи падари раҳматияш-Шери Панҷшер онро ҳифз хоҳад кард. Сарзамине, ки агар иҷозат шавад, 1 млн кӯлобӣ бар ҳифозаташ рафтаву Толибро хокбадаҳан хоҳанд кард. Мо Метавонем!

 

Нуралӣ Хоркашев

Махсус барои СССР

 

 

ФАТҲНОМА

Вақте имрӯз мардуми розиву норозӣ бо нону намак душмани дирӯзаро истиқбол гирифт.

Вақте артиши сесадҳазора бо охирин ва навтарин техникаи аср сангарро ба душман гузошт.

Вақте президент, моршалу генералҳо фирор карданд.

Вақте абарқудратҳои дунё баъди бист соли мубориза таслим шуданд.

Садое баланд шуд:

Ман – розӣ не!

Ман – зиди ҳама!

Ман – мухолифи ҳама!

Садои якка.

Садои як шере аз Панҷшер.

Дар ҷангномаҳо омадааст:

«Ҳунари ҷанг дар сад набард ширкат кардан ва сад бор ғолиб омадан нест. Ҳунар душманро бидуни ҳарбу зарб шикаст додан аст»

Аҳмад Масъудро бо пирӯзӣ табрик мегӯям.

Муҳорибаи ӯ бо ҷанги тӯлонӣ тамом мешавад, бо сулҳ ё шаҳодат (он рӯз мабод!) ӯ аллакай пирӯз аст.

Ғалаба муборак!

Додоҷони Атовулло

Журналист, Олмон

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter