ХАБАРИ ДОҒ

Аз Гарсеваз то мулло Абдулло

  • Чоршанбе, Сен 01 2021

 

 

21.08.2021. Сипос бар Фейсбук, ки матолиби навиштаро бознашр ва хотиррас мекунад. Рӯзи шанбеи гузашта ин мақоларо хондаву фикр кардем, ки нуран ало нур мебуд, агар парлумон ва ҳукумат низ онро бори дигар мехонданд. Ба вежа дар арафаи таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки ҳазорон-ҳазор ордену медал мегиранду қаҳрамонҳои фавтида, шаҳидони роҳи озодӣ, ҷоннисорони роҳи амнияту ободиву оромии ватан фаромӯш шудаанд; Ба қадри мурдаҳо бояд расид, то зиндаҳо фардо барои мову шумо ҷон фидо кунанд. Мо Метавонем!!!

Саросар ҳама тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!!!

(Шоҳнома. Даъвати Гарсеваз бар зидди Рустам)

Оре, ин байти дӯстдоштаи мо, ки баҷову беҷо корбаст менамоем, шиори Гарсеваз, Душмани №1 барои Эрон, қотили Сиёвуш ва манфуртарин чеҳраи Шоҳномаи Фирдавсӣ барои мо-Тоҷикон аст. Вале бузургии Фирдавсиро бин, хонанда, ки чигуна пафоси кишварпарастии 1 низомии тарафи муқобилро месарояд.

Зеро Душман агар мардона несту заъифу бечораҳол аст, қаҳрамонии миллати ғолибро зери суол мекашад. Чандин сол муқаддам, ки маъракаи пастзаниҳои Миллати Шарифи Тоҷик дар Русия дар авҷ буд, 1 генерали руси ҳамсабақи петербургиям, гуфт дар бораи қаҳрамонии сарбози рус дар Тоҷикистон 1 кинофилм таҳия карданиям. Ҳамкорӣ мекунӣ? Гуфтам вақт надорам, вале 1 маслаҳатат медиҳам:

 «Зинҳор мисли дигар сенариянависони камзавқу шовинисти ҳаммиллатат Тоҷикро дар филмат паст назан, ки обрӯи қаҳрамонҳоят мерезанд». Он филм рӯи кор омад ва чеҳраи марди Тоҷик, ҳамчун ҷанганда, ориф, файласуф, ҷасур ва мардона тасвир ёфт. Ҳам обрӯи қаҳрамони рус боло рафту ҳам имиҷи Тоҷик коҳиш наёфт. Хонандаи закӣ пай бурд, ки дар бораи кадом филм сухан меравад: Мо Метавонем!

Мушкили миллати рус аст, ки душманро бо ҳар роҳу восита паст мезананд ва таҳқир мекунад. Ёд доред, киноҳои советиро, ки 1 бобои Ғулом 100 немисро бо 1 халачӯб «хенди хох» мегуфту ҳама аз тарс даст мебардошт? Дирӯз онҳо Тоҷиконро таҳқир мекарданду имрӯз украиниҳоро паст мезананд. Вале ин проблемаи худи русҳост. Мушкили миллии мо ин аст, ки мо на танҳо аскари дигарро аз ҳад беш боло бардоштаву сарбози Тоҷикро паст мезанем, ки Армияи худро аслан қадршиносӣ намекунем. Сухан сари имтиёзоти сарбозон аст.

Фаромӯшии 26 қаҳрамонписари камаровӣ

Ба гунаи мисол, 26 шоҳбаччаи камаровӣ, ки қурбони террористони зархариди мулло Абдуллову Алии Бедакӣ шудаанд, чӣ қадрдонӣ аз давлату ҳукумат, вазорати мудофиа ва Горди президентӣ диданд? Аслан номашонро дар тӯли 4 сол (ҳамакнун 11 сол-муаллиф!) аз хотираи миллат шустем! Ба ҷуз газетаи СССР касеву чизе нест, ки инҳоро ёд орад. Мо ҳатто ба падару модари ин далерон, ки барои оромии хоби ману ту, хонандаи ин сутур, ҷонашонро қурбон карда буданд, имтиёзе надодем. Ҳарчанд нек дар хотир дорем, ки ҳамагӣ 23 сол қабл, дар даврони советӣ имтиёзе бо номи «Модари солдат» буд. Воқеан ҳам, абсурди вазъ ин аст, ки давлати шӯравӣ несту чунин модарон агар мондаанд, ҳанӯзам аз ин лгот бархӯрдоранд. Вале модарони қаҳрамони овони Истиқлолият фаромӯш шудаанд. Зеро қонун нест!!!…

 Мурдаҳо ва зиндаҳо

Имтиёзро барои мурдаҳо ва ё модарони сарбозони фавтида намедиҳанд. Имтиёзро давлат барои ҳифозати худ медиҳад! Зеро ҳар нафаре, ки фардо бо даъвати Ватан ба фронт рафт, мутмаин аст, ки номаш аз хотираи миллат зудуда намегардад ва модару падар, хоҳару бародар ва ҳатман зану кӯдакашро то абад давлату ҳукумате, ки ӯ барояш ҷон нисор карданист, ҳимояти иҷтимоъ ва қонунӣ хоҳанд кард!!! Ин мантиқи содаву саҳли лготҳои сарбозист. 

Ва ин мушкилро бояд парлумони кишвар ҳатман ҳал кунад. Зеро агар давлати мо ба сарбози шуҷоъ имтиёз намедиҳад, пас гурӯҳҳои табаҳкор ин лготро доданиянд: 

-Онҳо барои ҷавонони камхонда шаҳодат ва биҳишти адн ваъда мекунанд...

Саидиброҳими Назар, яке аз пешвоёни ҲНИТ дар соли 1998, вақте 30% ҳукуматро ба онҳо ҳадя карда буданд, то аз ҷанг даст кашанд, дар толори хурди ГЖК пресс-конфронс медод, ки пурсидамаш, «Барои онҳое, ки шахсан бар Шумо бовар кардаву шахсан аз паси Шумо рафтаву фавтидаанд, магар имтиёзе қоил мешавед?». Гуфт: Онҳо Биҳишт рафтаанд. 

Гуфтамаш, аввал ин ки номаълум аст куҷо рафтаанд, вале агар Биҳишт рафта ҳам бошанд, он имтиёзро ба онҳо Худо додааст, на Шумо. Шумо конкрет гӯед, ки ба хонаи ҳамон фавтидаҳо боре гузар кардаву дасти атфоли ятимашонро доштаву ба зану модарашон тасаллият кардаед?… 

Шок шуд! Асабӣ шуд! Гуфт, ҳоло ҳам аз провокатсия намондед-а???

Инро барои он мегуфт, ки инчунин фикр аслан ба сараш ҳам наомада буд, ки ақаллан хонаи фирефтаҳош раваду ақаллан дуое дар ҳаққашон кунад. Инро барои он менависам, ки ҷавонон эҳтиёт кунанд, дигарбора ба доми «биҳиштваъдагони фаромӯшӣ» наафтанд... Зимнан, хонандаи ин сутур, Биҳишт имтиёзи Худост барои муъминин, яъне аҳли имон. Думболаи ин ваъдабозон, ки ҳарчанд ба мо командировочнийҳои ҷаннат медиҳанду маълум нест, ки худашон куҷо меафтанд, нарав!!!

Давлат имтиёз диҳад! Пул ёбад!!!

Вале дар ин баробар, Давлати дунявии мо бояд имтиёзҳои назаррас барои қаҳрамонҳои Армияи худ диҳад. Маблағро бояд ёфт. Зеро агар ба гунаи мисол, модарони ҳамон 26 сарбози камаровӣ пули барқро надоданд ва ё фарзандонашон бе пул дар мактабҳои президентӣ ва литсейҳои давлатӣ хонданд, ягон хишт аз боми осмон канда шудаву бар сари ягон генерали мо намеафтад. 

Вале агар ин генералҳо дар фикри сарбоз бошанду аз ҳукумат ва парлумон қотеъона талаби имтиёз барои солдати қаҳрамон кунанд, солдате ёфт мешавад, ки дар рӯзи мабодо, ҳамон хишти аз сақфи осмон уфтодаро бо синааш сипар кунад. Зеро ба ин генералу ин давлату ин ҳукумат бовар дорад:

-Бовар дорад, ки номаш сабт, хотираш шод ва модару зану кӯдакаш соҳиблгот мегардад.

…То ин дам, агар касе аз аъзои ҳукумат, парлумон ва генералитет ин мушкилро дарк накардааст, бояд донад, ки ин проблеми инфиродии ӯст, ки кайҳо онро бар мушкили миллӣ табдил додааст: 

-Ба Афғонистон нигаред ва моҷаро бештар ошкор мешавад!!!

Мо Метавонем!

 

Муҳаммади Мубориз,

21.08.2014 

Махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter