ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Хизмат кардан намехоҳӣ? Аз Армия метарсӣ, ки «де-де» мекунанд? Аз бехи гарми очат хестанӣ нестӣ? Ба ту фарқ надорад, ки мард дар окоп мард мешавад ё дар бехи печка? Пас метавонӣ 25 ҳазору 200 сомонӣ пардохта, «кругом марш домой!»…равӣ. Вале бидон, то хизмат накунӣ, пеши шербачаҳои Тоҷик, то рӯзи ахири умр, сарзеру лавкашол мемонӣ…

 Ҳафтаи гузашта Ҳукумати ҶТ нархи пардохт барои хизмати сарбозиро дар кишвар муайян ва тасдиқ кард. Ҳамакнун, касоне, ки намехоҳанд дар Артиш ва Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ хизмат намоянд, метавонанд бо пардохти 420 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда 60 сомонӣ) 25 ҳазору 200 сомонӣ аз хизмат озод шаванд. Бо назардошти тағйироту иловаҳои ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» воридшуда, акнун ҳар 1 нафари хоҳишманд, ки намехоҳад дар артиш 2 сол хизмат кунад, бо пардохти 25200 сомонӣ аз хизмат озод гардида, танҳо 1 моҳ дар ҷамъомадҳои ҳарбӣ тамрин мегузаронаду халос.

 Барои ба даст овардани маълумоти бештар мо тасмим гирифтем ба маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ муроҷиат намуда, барои хонандагони газета иттиллои бештар омода созем.  

Маблағ пурра пардохт мешавад!

   25 ҳазору 200 сомонӣ-маблағи барои хизмати сарбозӣ муайяншударо бояд ба суратҳисоби Вазорати мудофиаи ҶТ, ки дар бонки давлатии «Амонатбонк» фаъол аст, пурра пардохт намуд. Ин маблағ пас аз омӯзиши коршиносони вазоратҳои молия ва мудофиаи мамлакат бо назардошти харҷи давлат барои 1 сарбоз дар тӯли 2 соли хизмат ва саҳм дар таъсиси марказҳои тамринӣ барои оянда муайян карда шудааст. 

  Расиди маблағи пардохташударо дар тӯли 5 рӯзи корӣ бояд ба комиссариати ҳарбии маҳалли иқомат бурда супорид. Агар шумо дер кардеду дар муддати ин 5 рӯз натавонистед расидро бурда ба комиссариати ҳарбӣ супоред, он гоҳ шуморо ба рӯйхати сарбозони дар сафарбарии ҳарбӣ иштирок мекарда ворид намекунанд. 

   Барои ширкат дар ҷамъомадҳои ҳарбии 1 моҳа бояд ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист, алалхусус комиссияҳои даъват муроҷиат кард. 

Донишҷӯӣ? Хизмат мекунӣ! 

 Тибқи тағйироти нав донишҷӯён низ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд. Ба донишҷӯёни бакалавр ва мутахассисони ҷавон то охири соли таҳсил имкон дода шуда, он донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олияшон кафедраҳои ҳарбӣ мавҷуд аст, барои гирифтани рутбаи лейтенанти хурд бояд 1 сол ҳатман хизмат намоянд. 

 Агар дар мактаби олӣ кафедраи ҳарбӣ вуҷуд надорад, пас донишҷӯ пас аз хатми донишгоҳ бояд 1 сол дар артиш хизмат намуда, соҳиби рутбаи сержант гардад. 

 Ба магистрантон, аспирантҳо ва докторантҳо имтиёз дода намешавад ва онҳо баробари ҳама ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Аммо дар вақти даъвати ҳарбӣ давраи таҳсил (курс) ва маблағи барои таҳсил пардохт карда шудаашон нигоҳ дошта мешавад.    

Яккаписарон ва ҷинояткорон озоданд

  Дар сурати барои гузаронидани хизмати ҳарбӣ ношоям будани сарбози оянда ё марги ӯ, маблағи барои хизмати ҳарбӣ гузаронидашуда тибқи қонунгузорӣ баргардонида мешавад. Инчунин, қонунгузорӣ дигар ҳолатҳоро низ ба назар гирифтааст, масалан, агар шахс ҷиноят содир намуда, бо ҳукми суд гунаҳкор эътироф шуда бошад, он гоҳ наметавонад дар сафи артиш хизмат намояд. Шахсоне, ки доғи судӣ доранд, ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда намешаванд. Яккаписарони оила низ аз хизмати ҳарбӣ озоданд. 

Гуд бай Облава???

Гуфта мешавад, ҳамакнун ҷавонони тарсу, пулдор ва эркабаччаҳо имконият доранд, дигар на бо роҳи ришваи ниҳонӣ, ки пардохти маблағи расмӣ аз хизмати сарбозӣ озод шаванд. Ин амр бештар барои садд гузоштан аз маъракаи обрӯрези Облава рӯи кор омадааст ва мо умед дорем, бо супурдани маблағи ҳаққи хизмати алетрнативӣ шармшикантарин маъракаи танҳо барои кишвари мо хос-Облава низ барои абад ба коми таърих меравад…

 

Минуи Ромин, 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter