ХАБАРИ ДОҒ

Нақшаи бунёдкорӣ 100% иҷро шуд!!!

  • Чоршанбе, Сен 08 2021

 

 

(Сӯҳбати ихтисосӣ бо раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси Миллӣ, муҳтарам Қурбон Ҳакимзода)

    - Муҳтарам, Қурбон Ҳакимзода, сароғоз Шуморо ба муносибати шарафёб гардидан ба мукофоти давлатӣ - медали ҷашнии "30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" самимона шодбош мегӯем. 

    - Сипос аз таваҷҷӯҳатон. Ин ҷоиза ба ман не, ба тамомии мардуми шарифи Хатлони бостонист, ки тӯли ин ҳама солҳои омодагӣ ба ҷашнвораи тақдирсоз, 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, паҳлӯи ҳукумати вилоят буданд ва шаборӯз заҳмат мекашиданд.

   - Хуш омадед ба меҳмонии газетаи мардумии СССР!

   - Хуш бошед.

   - Муҳтарам раис, чун дар арафаи ҷашни тақдирсози миллат 30 солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, нахуст иҷозат диҳед Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми меҳнатқарини вилояти Хатлонро бо ин ҷашни фархунда табрик намоем. Саҳми мардуми шарифи вилояти Хатлон дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз, албатта, қобили таҳсин аст ва дар ин бора газетаи мардумии СССР пайваста навиштаву боз ҳам хоҳад навишт. 

   Ҳоло, ки дар остонаи Рӯзи Истиқлоли миллӣ қарор дорем, мехостем бипурсем, ки оё вилояти Хатлон аз ӯҳдаи он ҳамаи нақшаву ниятҳое, ки 3 сол пеш дар назди худ гузошта буд, тавонист барояд?

   - Сипоси зиёд аз таваҷчӯҳ ва табрикотатон! Миллати тоҷик-ворисони ориёиҳо баъди 1000 соли бедавлатӣ, баъди шикасти империяи бузурги тоҷикон-Сомониён тавонист соҳибдавлат гардида, истиқлолияти комил ба даст оварад. Пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар натиҷаи сиёсати оқилонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфт.

   Бояд гуфт, ки мувофиқи нақшаи корҳои ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят бунёду азнавсозии 7667  бинову иншооти  таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда буд. То 01.08.2021 беш аз 7680 иншоот-аз нақша бештар ба истифода дода шуда, дар натиҷа зиёда аз 10 000 ҷойи нави кории доимӣ ва қариб 25 ҳазор ҷойи кори мавсимӣ фароҳам омад. Шумораи иншооти соҳаи маориф 722 адад (аз ҷумла 315 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 73 муассисаи томактабӣ, 264 синфхонаи иловагӣ, 70 бинои иловагӣ), муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 890 адад (аз ҷумла 52 беморхона, 77 маркази саломатӣ, 303 бунгоҳи тиббӣ, 37 таваллудхона) афзуда, инчунин 93 китобхона, 34 қасри фарҳангӣ, 31 боғи фарҳангӣ, 59 гулгашт, 113 толори варзишӣ, 320 майдончаи варзишӣ, 80 меҳмонхона, 61 дукони ҳунармандӣ, 20 фермаи чорвопарварӣ, 20 фермаи парандапарварӣ, 31 сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, 233 гармхона, 1251 маркази хизматрасонӣ ва савдо, садҳо адад ҳаммому сартарошхона ва кошонаи ҳусн бунёд гардид.  

Лозим ба ёдоварист, ки дар бунёд ва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ саҳми роҳбарони гурӯҳҳои кории вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Кӯшониён, Дӯстӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва аҳолӣ назаррас мебошад. 

Агар гӯем, ки нақшаву ҳадафҳои дар назди худ гузоштаро 100% иҷро кардем, хато намешавад, вале бо ин қаноат кардан лозим нест, зеро ҳанӯз ҳам проблемаҳо ҷой доранду бояд ҷиддан кор кард.

 650 корхонаи нави саноатӣ

    - Дар замони шӯравӣ калонтарин корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноатии кишвар маҳз дар вилояти Хатлон қарор доштанду агар гӯем, ки бархе аз шаҳрҳои хурду бузурги давлати абарқудрати СССР-ро бо маҳсулоти хушсифат таъмин мекарданд, хато намешавад. Бо гузашти 30 сол вазъи соҳаи саноат дар Хатлон чӣ гуна аст?

    - Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи 4-уми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ дар вилоят корҳои муайяне ба сомон расиданд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон 511 корхона ва коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла 119 коргоҳи дузандагӣ, 24 корхонаи коркарди меваю сабзавот, 76 сехи истеҳсоли нону қаннодӣ, 22 корхонаи коркарди шир, 117 коргоҳи хиштбарорӣ, 32 корхонаи дӯхти либоси мактабӣ, 3 коргоҳи қолин ва 9 корхонаи атласу адрасбофӣ таъсис ёфт. Мувофиқи маълумоти шаҳру ноҳияҳо, корҳои сохтмонӣ боз дар 36 иншооти дигар бо назардошти 1800 ҷойи кори нав идома доранд. 

  Айни замон, теъдоди корхонаҳои саноатии вилоят наздик ба 650 ададро ташкил дода, дар корхонаҳои саноатию истеҳсолии вилоят беш аз 90 намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Филизот, маъдан ва металлургия

 - Имрӯз дар вилояти Хатлон бештар аз ҳама чӣ истеҳсол мешавад?

   - Бояд зикр кард, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ наздик ба 5 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 483,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба афзоиши тавлидоти маҳсулоти саноатии вилоят истеҳсоли филизот, чӯбу тахта, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ, нафту газ, маҳсулоти кимиёвию фарматсевтӣ, ғайрифилизии маъданӣ, маснуоти резинӣ ва пластмассӣ, металлургӣ ва ғайра мусоидат намуд.  Тӯли ин муддат, истеҳсоли 9 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла коркарди меваи хушк, дастпӯшаки корӣ, дастпӯшаки тиббӣ, криолит, хокаи ҷомашӯӣ, гаҷ, газоблок (хиштҳои газӣ), андоваи сохтмонӣ (ротбанд), тахтасанг, полиэтилен ва дигар маҳсулоте, ки дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол намегардид, ба роҳ монда шуд.

    Ҳамзамон, бояд таъкид сохт, ки дар маҷмуъ, истеҳсоли маҳсулоти коркарди вилоят ба маблағи 438,9 миллион сомонӣ ва ё 24,4% афзуд. Корхонаҳои нассоҷӣ бошанд, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ин давра ба маблағи 522,0 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 48,7 дарсад ва ё 170,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

    Дар корхонаҳои саноатии вилоят 12844,6 тонна гӯшти чорво, 3788,5 тонна гӯшти мурғ ва 322 тонна ҳасибу ҳасибчаҳои гӯштӣ, 613 тонна маҳсулоти шири холис, 8403 тонна равғани растанӣ ба даст омада, консерва-10288 ҳазор қуттии шартӣ, коркарди намаки ошӣ-6687 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ- 53419,8 тонна, маҳсулоти қаннодӣ-843,9 тонна, обҳои ташнашикан-26306,5 декалитр, маҳсулоти макаронӣ-137 тонна ва нахи пахта-5903,2 тонна истеҳсол шудааст.

Пахта бурданду шакар оварданд

 - Аз маҳсулоти истеҳсолшудаи хатлонӣ бештар чӣ содирот шуду чӣ воридот?

  - Ба хориҷи кишвар, асосан қувваи барқ, нахи пахта, калобаи ресандагӣ, семент ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуда, ба вилоят асосан сӯзишворӣ, гази моеъ, шакар ва нуриҳои маъданӣ ворид гардид.  Дар умум, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиарду 970,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 483 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Меваю сабзавоти хатлонӣ то Туркия рафт

 - Хатлон вилояти аграрӣ низ ба ҳисоб меравад. Ба соҳаи кишоварзӣ ва рушди он Шумо имрӯз чӣ гуна баҳо медиҳед?

   - Бале, дуруст гуфтед, вилояти Хатлон калонтарин минтақаи аргосаноатии мамлакат ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки ба ҳолати то 01.09.2021 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 133,9 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронда шуда, иҷрои нақша 102,8 % таъмин гардид. Кишти гузарондашудаи такрорӣ асосан 78,6 ҳазор гектар ғалладонагӣ ва ҷуворимакка барои дон, 10,5 ҳазор гектар шолӣ, 9,5 ҳазор гектар мош, 8,9 ҳазор  гектар лубиёгӣ, 2,6 ҳазор гектар зироатҳои техникӣ, 18,0 ҳазор гектар сабзавот, 6,2 ҳазор гектар полизӣ, 4,1 ҳазор гектар картошка  ва 24,4 ҳазор гектар зироатҳои хӯроки чорворо ташкил медиҳад.

     Тайи 7 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят ба маблағи 10,6 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ тавлид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 737,9 миллион сомонӣ ё ки 7,5 дарсад беш аст. Ин комёбиҳо туфайли заҳмати шабонарӯзӣ ва фидокоронаи кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Данғара, Фархор ва Дӯстӣ, ки дар ин ҷода саҳми бештар гузоштаанд, ба даст омаданд. 

   - Кишоварзони Хатлон усулан бозорҳои пойтахтро бо маҳсулоти полезӣ пур мекунанд. Вале чаро нархи маҳсулоти ватанӣ имсол хеле боло рафт?

   - Дуруст аст, ки вилояти Хатлон аз таъминкунандаи усулии пойтахт ва шаҳру навоҳии калонтарини минтақаи ҷануби ҶТ ба шумор мераванд. Онҳо ҳосили хуб ба даст оварданд. Аммо нархро ҳукумат танзим карда наметавонад, зеро дар кишвари мо бозор озод аст. Поину болоравии нархномаҳо ба дигар авомил, фарзи мисол, калавишҳои асъори хориҷӣ, пасту болошавии нархи маводи сӯхт ва ғ. ва ҳ бастагӣ дорад.

 - Дар ҷамъ истеҳсолоти полезии ватанӣ ва содироти он ба хориҷ аз кишвар  афзуд, ё баракс, кам шуд?

  - Боиси қаноатмандист, ки ҳамарӯза кишоварзони вилоят дар баробари бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин ба хориҷи  кишвар ҳазорҳо тонна меваю сабзавот мебароранд. Ба ҳолати то 24.08. 2021 аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 93468,9 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуда, иҷрои дурнамо 98,4% таъмин гардид. Аз ин миқдор 88389,8 тонна сабзавот бо шумули 88253,3 тонна пиёз, 288,7 тонна полезӣ, мевагӣ ва лимон 3230,11 тонна, 774,5 тонна ангур ва 785,8 тонна дигар намуди маҳсулотро ташкил медиҳад. 

Ба хориҷи кишвар 85,7 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардида, 94 % нақша таъмин шуд. Маҳсулот, асосан, ба Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Ӯзбекистон ва Покистон меравад. 

  Яъне дар ҳама самтҳо Хатлон зина ба зина, қадам ба қадам, сол то сол ба рушд ноил шуда истодааст.

$24 миллион сармояи Тоҷик дар Ӯзбекистон

   - Тавре мо огаҳӣ ёфтем, соҳибкорони тоҷик, алалхусус хатлонӣ дар вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон чанд лоиҳаҳои бузургро сармоягузорӣ мекунанд. Ин амал дар ҳақиқат 1 таҳаввулоти назаррас дар муносиботи 2 кишвари дӯсту ҳамсоя аст. Хуб, ҳоло мегуфтед, ки ин лоиҳаҳо чӣ лоиҳаанд ва барои он чӣ миқдор маблағ ҷудо шудааст? 

   - Бо ташаббуси президентҳои 2 кишвар дар солҳои охир муносибатҳои чандинасраи дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек дар марҳилаи нав густариш меёбанд. 

   Айни замон дар вилояти Сурхондарё 25 корхона бо иштироки соҳибкорони тоҷик фаъолият мекунад. Сармоягузорони тоҷик барои татбиқи 14 лоиҳа дар солҳои 2019-2020 ба лоиҳаҳои хориҷӣ 10,1 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд. Дар солҳои 2021-2022, соҳибкорони тоҷикистонӣ дар Сурхондарё барои татбиқи 4 лоиҳаи гуногун 24 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ хоҳанд кард. 

Соли гузашта гардиши савдои хориҷии Сурхондарё бо Ҷумҳурии Тоҷикистон 21,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба 2 соли пеш 128% афзудааст. Содирот аз вилояти Сурхондарё ба маблағи 13 миллион доллар ва воридот ба маблағи 8,5 миллион доллар сурат гирифтааст.

     Дар доираи Форуми соҳибкорони Сурхондарё ва Хатлон, инчунин раисони шаҳру ноҳияҳои 2 вилоят аз ҷумла Бохтар, Кӯлоб, Кушониён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Қубодиён, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Норак, Ёвон, Данғара, Хуросон, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳру ноҳияҳои Термез, Олтинсой, Узун, Кумкурган, Шеробод, Музробод, Сариосиё, Ҷаркурган, Шӯрчӣ, Деҳнав, Бандихон, Ангор, Бойсун, Қизириқ, инчунин минтақаҳои озоди иқтисодӣ, донишгоҳои давлатӣ ва палатаҳои савдои 2 вилоят мулоқоту вохӯриҳо гузаронида, дар бораи тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ меморандумҳо ба имзо расиданд. Чуноне ки Шумо таъкид доштед, ин дар ҳақиқат дар муносиботи 2 кишвар таҳаввулоти назаррасро ба вуҷуд овард. 

   - Оё ин иқдом фирори сармоя аз вилоят нест?

   - На, баракс, ин иқдомест, ки ба таҳкими ҳамкорӣ, дӯстӣ, рафоқат ва муҳимтар аз ин афзоиши харидуфурӯши молу коло миёни 2 вилояти бузурги 2 ҳамсоякишвар оварда мерасонад. Тавре газетаи шумо менависад, «Мо Метавонем!»

Марз ором аст!!!

   - Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро вазъи Афғонистон ба ташвиш овардааст. Пӯшида нест, ки марзи аз ҳама тӯлониро маҳз вилояти зертобеи Шумо бо Афғонистон дорад. Хабару гузоришоте, ки аз хатти марз, убури он, фирори гурезаҳо мерасанд, воқеан нигаронкунандаанд. Бигӯед, марз дар чӣ ҳол аст?

  - Дуруст қайд кардед, ки марзҳои вилояти мо бо ин кишвари ҷангзада аз ҳама тӯлониянд, вале мутмаинан марз ором аст ва вазъ таҳти контроли пурраи сарҳадбонони мо қарор дорад. 

Дар шабу рӯзҳои аввали нооромиҳо аз ҷониби Афғонистон ба тарафи мо гурезаҳои зиёд мегузашт. Вале имрӯз марз аз он сӯи Омӯ таҳти контрол қарор гирифтаасту мардум камтар мегурезад. 

   - Шумо бо гурезаҳои афғонистонӣ албатта во хӯрдед…

   - Бале! Ва дар зимн як чиро бояд таъкид кунам: надонам чаро, вале дар чашмони онҳо ман ягон эҳсоси ватандорӣ, эҳсоси ғарибгардиданҳо, эҳсоси беватанмонданро надидам. Ба онҳо гӯиё фарқе надошт, бо ватанашон чӣ ҳодисае рух медиҳад…

   Ва онҳоро дида, ман вохӯрии ҳамагӣ чанд рӯз пештараамро бо ҷавонмардони ш. Кӯлоб ёд овардам, ки мехостанд ба марзи Исфара ихтиёрӣ рафтаву хоку буми кишварашонро ҳифз кунанд. Дар чашмони ин ҷавонмардон, оташи ифтихори ватандорӣ, оташи шараф, оташи номус медуррахшид ва онҳо тайёр буданд, бо нахустин даъвати Сарвари кишвар ба дилхоҳ нуқтаи доғ рафтаву барои Ватан ҷон нисор кунанд!

   Бовар кунед, то чунин ҷавонмардон ҳастанд, ягон душман марзи моро убур кардан набитвонад. Сарвати асосии давлати мо, қудрати низомиву ҳарбии мо, ракетаву бомбаи ҳастайии Тоҷикистон ана ҳамин фарзандони баномусу бошарафу патриоташ ҳастанд. Бо онҳо мо аз 300 солагии Истиқлолият ҳам ҷашн мегирему аз 3000 солагии он низ!

Соҳибватан будан ифтихор аст!

   - Раиси муҳтарам! Дар фарҷоми суҳбат ба Шумо барои фароҳам овардани имконияти суҳбат изҳори сипос намуда, ба сокинони шарафманду сарбаланд ва бунёдкори вилояти Хатлон муваффақият орзумандем. 

  - Ман низ аз минбари баланди газетаи мардумии СССР истифода бурда, мехоҳам тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азизро ба ин санаи таърихӣ-30-юмин солгарди Истиқлоли Меҳан таҳният бигӯям. Соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне Ватан ва Истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад. Ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатиро ба тамоми сокинони кишвар сидқан шодбош гуфта, ба мардуми азизамон саломатии бардавом, саодатмандӣ, офият, рӯзгори нек ва барои диёри арҷмандамон пояндагӣ, пешрафту шукуфоиро таманно дорам. Ҷашн муборак, ҳамватанони азиз!

 

Сӯҳбаторо Ҷ.Ҳусейнова, СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter