ХАБАРИ ДОҒ

Хонандаи гиромӣ, Кютинен Даниил Ивановичро мешиносӣ? Агар ҳа, пас ин матлабро хон! Агар не, ҳатман хон!!!

…Саъдии Маҳдӣ, журналисти патриот ва серкори Фейсбук, Блокро булак тарҷума кардааст. Ба касе блок монд дар сайти иҷтимоии Ормонҳои миллияш, менависад, ки фулонӣ барои беадабӣ булак гардид!

Блок чист? Садгузорӣ, марзбандӣ, инзивоъи кулл. Дар ҷанг мавқееро гӯянд, ки душмани эҳтимолиро комилан ҳама роҳашро мебастанд, то аз ташнагиву гуруснагӣ зану мард, кӯдаку калонсол…фавтад. Яъне аз ҳуқуқ бар ҳаёт булак мекарданд, онҳоро. Инро бо забони дигар, қатли омм, генотсид низ мегӯянд. 

Булак, блок ё худ блокадаро Чингиз мекард, Темури Ланг мекард. Охирон бор дар асри ХХ Гитлер кард. Вале оё он охирон буд?...

Баргардем сари блокада. 80 сол пеш, Ленингради советӣ дар блокадаи 900-рӯза қарор гирифт. Дар ин блокада 16.747 нафар дар ҷанг, беш аз 600.000 аз гуруснагӣ фавтид, 33.782 кас захм бардошт. Вале аз ҳама ҷинояти сангини ин блокада он шуд, ки одам аз гуруснагӣ одам мехӯрд…

Кютинен Д.И. нафаре, ки дар акс мебинед, дар ана ҳамин блокадаи одамхӯр шудани инсонҳо, нонвой буд, ба таъбире дасташ дар равған. Ӯ ба мардуми блокадник дар Ленинград хлеб мепухт. 

03.02.1942, ин ОДАМ, бо ҳарфи бузург,  дар ҷои кор фавтид. Аз гуруснагӣ. Дар сари танӯри нон!!! Зеро ӯ нафси худро БЛОК монда буд. Виждонаш, эмонаш набардошт, ки ҳаққи мардумро хӯрад. Нон пӯхта, дар сари чагдони нонвоӣ аз гуруснагӣ мурд…

Ҳозир поквиждонӣ, бенафсӣ, виждондорӣ, ҳилм, ҳаё, шарм, эмон… масхараанд. Барои ман, ту, ӯ, вай, мо-мусалмонҳо масхара аст;

-Э садқаи одамгарӣ шавад, 1 умр раис буду зану бачу качаш баъди сараш гуруснаву ташна дар кӯча монд!!!

Мешунавем дар бораи нафаре, ки умрашро ба хизмати ватан бахшида аст.

-Э, маро садқаи вазифа кунад, солҳо кор кардаву 1 магазин насохтам барои худ!

Ин иддаои одамонест, ки поквиждонона кор кардаву имрӯз пушаймонанд, ки ҳини раёсат надуздиданд, фасод накарданд, ришва нахӯрданд, яъне уқбои худро насӯхтанд.

Ва ин ҳама меъёр шудааст. Меъёри зиндагонии рӯзмарраи мо. Оини зиндагонимон гаштааст:

-Раис будӣ, ҳастӣ, мондӣ…бояд бо ҳар роҳу восита фикри зану фарзандатро мекардӣ! На фикри миллат, давлат, ватан, инсонҳоро. Нафаре аз фасод чизе ёфт, бологузар аст. Поквиждон паси дар. Магар чунин нест? Ҳаст! Ва инро ту, хонандаи ин сутур, оре маҳз туе, ки фикр дорӣ, ман туро назар надорам, беҳтар аз ман медонӣ.

Дар ҷамъияти имрӯзаи мо, Шараф мараз гардидааст! Виждон масхара!! Патриот калаварам…

1 нафари басо пулдор, вақте гуфтамаш, фулон миқдори ҷавонони фалон маҳалла ҷамъ шуда, барои ҳифзи марзу бум ба Исфара рафтаниянд, хандиду гуфт:

-Калаварам-дия! Мурданд, кӣ зану кӯдакашонро нигоҳ мекунад???

Имрӯз низ, ки вазъ дар Панҷшер ҳалокатбор аст, танҳо камбағалу камбизоатонанд, ки мехоҳанд раванду аз манофеи Тоҷик пуштигир шаванд ва аксарияти мо дар сӯҳбатҳои чортаниву панҷтанӣ аз ин виқори ишон чун аз каллаваризм ёд мекунем.

Зи ғайрат гар яке мардонагӣ кард,

Ту гӯӣ ҷоҳиле девонагӣ кард?

Магӯ ҷоҳил, ки ҷои ҳайрат аст ин,

Ки беҳ аз оқили беғайрат аст ин!

Имрӯз, вақте мебинам, Тоҷикони аз Афғонистон фирорӣ, ватанро бар беадаб биспурда, дар Аврупову Амрикову Душанбе ресторанҳоро ғасб карда, даъвои ватандорӣ мекунанд; вақте мебинам, Аҳмади Масъуд, хатмуттаҳсили Донишгоҳи олии ҳарбии Англия, ки дар ун кишвар хонаву дар дораду бар ҳифзи Ватан тани танҳо қомат алам кардааст, маро ҳамон раҳматии Кютинен Даниил Иванович пеши назар меояд-Намои Виждондорӣ, Шарафмандӣ, Эмондорӣ ва Мусалмонӣ…

Кӣ гуфт Кютинен мусалмон набуд? Агар мусалмонӣ ҳамин аст, ки Толиби паштуни фошист дорад, пас дар дунё кофаре нест!

… Толибон ҳатто Блокадаи гитлериро зинда карданд! Ба шеваи дурушттар, золимтар, хунхоратар эҳё карданд. Онҳо аҳолии Панҷшерро комилан блок монда, зану кӯдакон, ҷавонону пирон, мусалмононро аз гуруснагӣ мекушанд, чун зӯрашон ба ҷанг бо ҷавонмардони Тоҷики Панҷшер намерасад. Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ хомӯш аст. Ҷамоаи ҷаҳонӣ чӣ, ки журналистикаи русзабони мо ҳатто хомӯш аст!

Ягона нафаре, ки зидди ин Блоку ин блокадаи фашистии паштунӣ овоз баланд мекунад, Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои Тоҷикон ва Президенти ҶТ аст. Соате мерасад, ки ин садои ягона ҳамсадо дармеёбад, вале он гаҳ абарқудратон, шарикони стротегӣ, ҳамсоягон магар хиҷолатзада намешаванд? Суоли матраҳ аст, албатта…

…Дар суди Нюрнберг фашистони гитлерӣ барои генотсиди башарият,  минҷумла блокадаи Ленинград, ки 632.253 одамро аз гуруснагӣ кушт, посух гуфтанд. Делои Кютинен Даниил Иванович ба вежагие дар ин протсесҳо матраҳ шуда, миси фашизми аврупоӣ баромад.

 Вале ба назар мерасад, ки ҷамоаи ҷаҳонӣ, дар ҳамин шабу рӯзҳо, мусалмон, Тоҷик, ӯзбек, ҳазора, туркман ва дар ҷамъ афғонро одам ҳисоб намекунад, ки ба блокадаи Панҷшер аз байни ангуштон менигарад…

Аз Блокадаи Ленинград расо 80 сол гузашт (8 сентябри 1941 — 27 январи 1944), Блокадаи Панҷшер 24 рӯз давом дорад. Тоҷику рус ориёинажоданд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо шумули Амрикову Аврупову Покистон бояд ин нуктаи басе муҳимро дарк кунанд:

-Мо аз дилхоҳ блокада пирӯз бадар меоем ва миёни блокгузорро булак мекунем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter