ХАБАРИ ДОҒ

Кӯлоб: аз гулдонҳои сарироҳӣ то 900 иншооти ҷашнӣ

  • Чоршанбе, Сен 22 2021

 

- Салом ба СССР-и дардошно! Аввалан, ки ҷашни Истиқлоли Меҳанро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР низ ҷашни 14-солагии газетаро муборакбод мегӯям. Бигузор ҳамеша қаламатон сабзу бурро бошад!

Ҳафтаи гузашта бо даъвати дӯстон ман ба тамошои ш.Кӯлоб рафтам. Шаҳри Кӯлоб, ки таърихи беш аз 2700 сола дорад, бе ягон муболиға шаҳри маъданиву таърихисту мардумонаш меҳмоннавоз. Солҳои охир бо ибтикор ва ташаббуси ҷавонмардони саховатпешаи тоҷик дар ин шаҳр муосиртарин боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бунёд ёфта, ба макони хушбоду ҳаво мубаддал гаштаанд. 3 рӯзе, ки меҳмони Кӯлобшаҳр будам, хуб дар боғҳои фароғатии он сайругашт намуда, аз меҳмоннавозии мардумаш лаззат бурдам. Агар гӯям, ки дар ягон кӯчаву паскӯчаи ин шаҳр партов намебинед, хато нест-шаҳр поку тамизу озода бо тамоми маънояш. Офарин, Кӯлобиҳо!

 Аммо новобаста аз ин ҳама зебоӣ, маро 2 чиз ҳайрон сохт. 

1. Ку ҳамон 900 иншооти ҷашние, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва матбуоти даврӣ эълон шуда буд? Ман ба ҷуз чанд иншооти 2-3 сол қабл қомат афрохта, дигар ягон бинои нав, маркази хизматрасонии ба тозагӣ бунёдёфта ё коргоҳу корхонаи нави саноатӣ надидам! Агар воқеан 900 иншооти ҷашнӣ бунёд меёфт ҳоло Кӯлоб аз Ню-Йорк ҳам мегузашт. Ба назар мерасад, ки масъулони шаҳр ба хотири омори ҷашнӣ ҳар 1 дарахти шинонидаву гулдони мондаро низ иншооти ҷашнӣ ҳисоб кардаанд.

2. Дар даромадгоҳи шаҳр дар 2 тарафи роҳ «клумба»-гулдонҳои бетонии холӣ гузошта шудааст. Ман нафаҳмидам, ки ин гулдонҳо барои кӣ ва барои чианд. Гузоштани клумба-гулдонҳо пас аз ҳар 20-30 метр чӣ маъно дорад? Барои ҳушдори ронандаҳои серғайрат, ки суръати ҳаракатро зиёд накунанд ё барои баръакс афзудани ҳолати садамавӣ-Худоё накарда ба ин клумба занӣ ҳам дабдалаи мошин мебарояду ҳам худат ҷон ба ҷонофарин месупорӣ. Ва ахиран дар ин гулдонҳо чаро 1 дона гул нест?

Ба назари ман ин гулдонҳои бемаънои бетонӣ бояд аз роҳи даромадгоҳи ш.Кӯлоб оҷилан гирифта шаванд, зеро ҳусни шаҳрро коста мегардонанд.

Ромини Амин, СССР, 

Душанбе-Кӯлоб-Душанбе 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter