ХАБАРИ ДОҒ

Ҳушдор ба Путин ва шарикони стротегияш

  • Чоршанбе, Сен 22 2021

 

Матлаби мазкур, аккурат, дар арафаи визити Путин В.В. президенти ФР ба Душанбе, ба редаксияи мо расид. Бовар кун, хонанда, гӯиё Худо ин паёмро равон кард, то мо ба президентони собиқи шӯравӣ, кишварҳои узви СПАД (ОДКБ) ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ин ҳушдорро расонем. Бонуе, ки матлабро навиштааст, борҳо меҳмони мо шудаву проблемаро баррасӣ мекард. Вале ба ин дурустӣ касе ба ВВП ва шариконаш ҳушдор надодааст, ки ҳадаф аз бозиҳои пасипардагии НАТО ва Амрико, таслими ногаҳонии Афғонистон ба гурӯҳи террористии Толибон,  десколатсияи зӯроварӣ, таассуб, терроризм маҳз ба Россия ва кишварҳои шарики ӯ дар Осиёи Миёна ебошад. Матлабро бояд ҷиддӣ гирифт. Мо Метавонем! 

Кишварҳои ОМ дар марзи ҳуҷуми терористонанд!

 Иморати Исломии Толибон дар Афғонистон ба пойгоҳи амни гурӯҳҳои мухталифи ифротгароии исломӣ қарор мегирад, чун Ал Қойида, ДИИШ ва соири гурӯҳҳои террористӣ аз нигоҳи идеологӣ бо Толибон фарқ надоранд ва ҳамеша дар солҳои ҷангу ҷиҳод ҳамкори якдигар буданд ва тундравони мазҳабӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва ҷумҳуриҳои худмухтори Русия да суфуфи толибон ҷангидаанд ва орзу доранд дар кишварҳои худ ҳам ҷангу ҷиҳод намоянд ва бахше аз Толибон ҳам ҳамкори онҳоянд.

Толибон Русия равонаанд!

Хушбинии баъзе аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Толибон ҷои нишот нест. Дуруст аст, ки толибон дар кӯтоҳмудат бо кишварҳое, ки дорои режими ғайримазҳабӣ ҳастанд ваъдаву ваъидҳое додаанд, аммо дар дарозмуддат бидуни ҳеҷ тардид  селу селоби Толибон ба сӯи кишварҳои Осиёи Миёна ва хати ҷумҳуриҳои худмухтори мусалмоннишин, ба вежа Ӯзбакистону Туркманистону Қазоқистону Қирғизистон ва ҳатман сӯи Русия ҳаракат хоҳанд кард. Ҳадафи онҳо барҳамзании субот ва ба иғво кашидани ҷумҳуриҳои мусалмоншини Тотористон ва Қафқози Россия аст. Инро ман, нафаре мегӯям, ки худ зодаи Афғонистонам!

Русия марзи худро дар Афғонистон ҳифз кунад

Дар ин маврид агар Федератсияи Русия кишварҳои Осиёи Миёнаро, ки дар ҳавзаи сарҳаду манфиати он вуҷуд дорад ва заминаи рушди ифротгарои дар даруни ин кишварҳо вуҷуд дорад, диққат накунад, бозандаи ин бозии ҷадид дар Русия хоҳад буд. Маскав бозиро пурра ба Толибон бой медиҳад, агар имрӯз таваҷҷӯҳ накунад. Зеро ҳама ҳадафҳо Русияанд!

Афғонистон қиём мекунад!

Ягона роҳи раҳоӣ аз варта, ин пуштигирии бемайлони Аҳмади Масъуд аст, ки чун Садди Чин пеши роҳи лашкари аҷучу маҷуҷи Толиб қомат қиём кардааст. Пас  бояд аз ҳамин ҳоло қиём кард.

  Толибон ормони ҳукумат карданро болои мардуми озодаи Афғонистон, ба вежа забти Панҷшери Тоҷиконро ба қабр мебаранд. Панҷшер маркази муқовимат аст. Таслиме дар қомуси Панҷшер нест. Мо дар муқобили ҳар навъе истибдод ва маҳалгароӣ меистем ва сарнагунаш мекунем. ИншоОллоҳ.

  Зиндагӣ дар зери ҳокимияти торики Толибон барои ҳеҷ қишри ҷомеъа имконпазиру қобили қабул нест. Беҳтар аст, ки ҳамагӣ бо ягона фарзанди қаҳрамони миллӣ, қиёми ҳамагонию муборизаю бозиҳои Покистонро аз ҳар нуқтаи Афғонистон оғоз кунем. Панҷшер танҳо сангари ватандорҳои панҷшерӣ нест. Панҷшер сангари ҳама Афғонистону сарзамини Хуросон аст. Дифоъ аз ватану сатри сарҳадоташ қарзи миллии ҳамаи миллати мост!

Гулчеҳра Наимӣ, 

Тоҷики Панҷшерии сокини Голландия

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter