ХАБАРИ ДОҒ

 

    Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, олими фиқҳ, пуштибони мазҳаби Ҳанафӣ ва чеҳраи саршинос занг задаву гуфт, дар шумораи ахирӣ Қонун дар бораи авфро хонда, хеле хурсанд шудам:

Дорам умеди отифате аз ҷаноби дӯст,

Кардам ҷиноятеву умедам ба афви ӯст!!!

Ҳофизи бузургвор бо ин байт аз афвҳо, мардони уфув, бахшанда ва дар кулл, ба забони имрӯза, амнистияҳо истиқбол мекунад. Бовар кунед, Амнистия барои даҳҳо ҳазор зиндонӣ, чӣ ҷинояткори ашаддӣ бошанду чӣ тасодуфӣ, ки бар асари тасодуфу тасодумҳо ҳукм гирифтаанд ва чӣ бегуноҳу бо гуноҳ, муждаи озодист. Ман аз амнистияи навбатӣ истиқбол мекунам. Худо душмани касро зиндонӣ накунад. Дар 3 шумораи ахир пайиҳам шумо дар бораи афв навиштаед, ки ин бори дигар аз газетаи мардумӣ будани СССР гувоҳӣ медиҳад. Шумо дар фикри зиндониён ҳам ҳастед, ки ҳалолатон бод!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter