Турсунзода: барқ нест, симчӯб ҳам…

  • Чоршанбе, Сен 29 2021

    Зариф Алиев хонандаи ҳамешагии газетаи мардумии СССР, сокини ш.Турсунзода, ки ҳоло муқими ш.Маскав аст, занг зада (тел:+925434-03-77) гуфт, ки дар деҳаи Шодиёна, ки оилааш зиндагӣ мекунанд, мушкилоти барқ ҷой дорад.   

    - Маҳаллаи нав, ки дар деҳаи Шодиёнаи ҷамоати «Регар»-и  ш.Турсунзода ҷойгир аст, аз набудани барқ танқисӣ мекашанд. Сабабаш ин ки ин маҳалла симчӯб надорад. Мардум аз дарахтон симчӯб омода кардаанд, аммо онҳо ба шамоли сахт тоб наоварда, меафтанду боз 1 ҳафтаи дигар бебарқ мемонанд.  Моҳи декабри соли 2018 раиси маҳалла ва муовинаш Амирқул Нормуродов ва Амриддин Фозилов  9500 сомонӣ аз мардум ҷамъ карда, ваъда доданд, ки симчӯбҳои бетонӣ меорем, аммо то ҳол дараки симчӯб нест.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase