ХАБАРИ ДОҒ

Тақсимоти ноадолатонаи нафақа: Айб дар «ош» аст ё «мош»?

  • Чоршанбе, Окт 27 2021

Дар шумораи №30 (671)аз 29.07.2021 мо чанде аз саволҳои хонандагони газетаро вобаста ба нафақа ва тақсимоти ноадолатонаи он нашр карда будем. Бо гузашти беш аз 75 рӯзи корӣ аз ҷониби раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва фонди нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек посухе нагирифтем. Ҳол он, ки тибқи Фармони №622 эшон бояд ба матлабу арзу шикоятҳое, ки тавассути матбуот нашр мешаванд, дар муддати 3 рузи корӣ посухҳои мушаххас медоданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки раиси Агентии мазкур ё газета намехонад ё маркази матбуотии дуруст надорад ва ё дидаву дониста махсус посух намедиҳад.

Чаро посух намедиҳад, мо поёнтар хоҳем гуфт, вале ҳоло ба бархе аз саволҳои хонандагони доимии мо, ки нафақахӯранду дар хона нафақахӯрони маъюб низ доранд, тибқи қонунгузории кишвар ва тартиби қабулшуда худамон шахсан ҷавоб мегӯем. Дар ин муддат ҷустем, ёфтем ва омухтем. Ҷавобе, ки ҳатто аксарияти мансабдорони боломақоми Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва фонди нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонт шояд худ намедонанд. Хуб, рррафтем

 

207 сомонӣ – ҳадди ақалли нафақа

Саволи 1. - Агар ҳадди ақалли нафақа аз рӯи сину сол 207 сомониро ташкил диҳад, пас чаро андозаи нафақаҳое, ки аз ҳадди ақалл вобастагӣ доранд, зиёд карда нашуданд? Масалан, нафақаи маъюбони гурӯҳҳои 2, 3-и иҷтимоӣ, яъне собиқаи корӣ надоштаҳо ҳанӯз ҳам ҳамагӣ 108 сомонӣ ва нафақаи маъюбони аз овони кӯдакӣ, ҳоло ҳам 180 сомониро ташкил медиҳад. 

Ҷавоби 1. – Бояд тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» андозаи нафақаи маъюбони гуруҳҳои 2 ва 3-и иҷтимоӣ ба андозаи 60 фоизи хадди ақалли нафақа аз руи сину сол таъин карда шавад, яъне бояд аз 1 сентябри соли 2020 124, 20 сомониро ташкил диҳад ва андозаи нафақаи маъюбони гурӯҳи 2 аз овони кудакӣ бояд 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа 207 сомониро ташкил диҳад.

 

978 сомонӣ - ҳадди ниҳоии нафақа

Саволи 2. - Аз қонунҳои амалкунандаи соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маълум аст, ки ҳадди ақали нафақа аз рӯи сину сол ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи сину сол аз ҷониби Президенти ҶТ муқаррар карда мешавад. Пас бигӯед, ки аз 1.09.2020 ҳадди ақалл ва хадди ниҳоии нафақа аз рӯи сину сол тибқи Фармони Президенти ҶТ №1580 чанд сомонӣ муқаррар карда шудааст?

Ҷавоби 2. – Аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақалли нафақа аз руи сину сол 207 сомонӣ ва ҳадди ниҳоии нафақа 978 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Саволи 3. - Агар аз 01.09.2020 ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи сину сол 978 сомонӣ муқаррар гардида бошад, чаро ҳадди ниҳоӣ аз 01.09.2020 зиёд карда нашуд?

Ҷавоби 3. - Аз 01.09.2020 ҳадди ниҳоии нафақа 978 сомонӣ муқаррар шудааст, яъне нафақагироне, ки новобаста аз он кор мекунанд ё не андозаи нафақаашон бо назардошти маҳдудият 850 сомонӣ буд, бояд 15 фоиз зиёд гардида, 978 сомонӣ муқаррар мешуд.

 

Нафақаи бесаробонӣ ҳам боло рафт

Саволи 4. - Аз 01.09.2020 тибқи Фармони Президенти ҶТ на ҳамаи намудҳои нафақа зиёд карда шуд, аз он ҷумла нафақаи гирандагони нафақаҳои иҷтимоӣ- бесаробонӣ. Ин кор ба дурустӣ анҷом пазируфт ва нафақаи онҳо чанд сомонӣ шуд?

Ҷавоби 4. – Бояд аз 01.09.2020 тибқи қонунҳои амалкунандаи ҳамаи нафақаҳои мавриди зиёдшавӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегирифта, масалан нафақаҳои иҷтимоии бесаробонӣ барои 1 фарзанд 108 сомонӣ (60% нафақаи ҳадди ақалли сину сол), барои 2 фарзанд 162 сомонӣ (90% ҳадди ақалли нафақаи сину сол) ва барои 3 ва зиёда аз он фарзанди ғайриқобили меҳнат 216 сомонӣ (120% ҳадди ақалли нафақаи сину сол) таъин гардидааст, бояд 124, 2 сомонӣ,  186,3 сомонӣ ва 248,4 сомонӣ зиёд шавад.

Хонандагони азиз! Марҳамат, ин барои шумо беҳтарин далел аст барои расидан ба адолати иҷтимоӣ! Газетаро гиреду ба наздиктарин шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва фонди нафақаи шаҳру ноҳияатон рафта, исбот намоед, ки корашон нодуруст аст ва тибқи қонунгузорӣ бояд нафақа бо чунин тартиб тақсим ва муайан карда шавад.

Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!

 Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

 

 Дар ҳамин маврид:

 Дастурамал «қонунист»?

Тавре хонандагони газета мегӯянд, вақте онҳо барои баррасии дубораи нафақа ба шуъбаҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва фонди нафақа дар маҳалҳо муроҷиат мекунанд, ба онҳо мегӯянд, ки нафақаашон аз рӯи Дастурамали нав муайян карда шудааст. Пас аз ҷустучӯи зиёд мо дар бораи ин Дастурамал, аниқтараш «Қоидаҳои ташкили кор оид ба таъйин, индексатсия, бозҳисобӣ ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ» маълумот пайдо намудем, ки соли 2020 дар нашриёти «Аржанг»-и ш.Душанбе ба нашр расидааст. Таҳиягарони ин Дастурамал Давлатзода Дилмурод Ашурбек ва Д.С.Насков, яке аз муовинҳои раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва фонди нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, муҳаррирон Д.Валиев ва С.Анварӣ мебошанд. Ҳамаи ин нафарон аз мансабдорони наву куҳнаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва фонди нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Аз ин бармеояд, ки онҳо тибқи хостаи худ бо нафақаи мардум бозӣ кардаанд?

Яке аз нуктаи муҳимтарин он аст, ки ин Дастурамал, ки нафақаи тамоми нафақахӯрони кишвар, хосса маъюбони гуруҳҳои 1, 2, 3 ва саробониву дигару дигарро муайн кардааст, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ҳол ба қайд гирифта нашудааст!!!

 Яъне, ин «Қоидаҳои ташкили кор оид ба таъйин, индексатсия, бозҳисобӣ ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ» ғайриқонунӣ буда, нафақаи мардум то ба имрӯз аз рӯи Дастурамал ҳукми қонунӣ нагирифта, ҳисоб ва муайян карда шуда истодааст. Магар ин мумкин аст? Шояд ҳамин аст, ки Давлатзода Дилмурод Ашурбек ба редаксияи мо, ки хушбахтона ЯГОН пенсионер надорем, на посух мегӯяд ва на вокуниш ирсол мекунад, чун медонад, ки тамоми кораш дар 1 соли ахир ғайриқонунист!?

Ва боз ҳам 1 суол аз Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, ки созмон ё ниҳодеро намегузорад, бидуни ягон санаду иҷозату ҳуҷҷат фаъолият кунад ё нашр гардад, чӣ гуна нафақаи мардум аз рӯи «Қоидаҳои ташкили кор оид ба таъйин, индексатсия, бозҳисобӣ ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ» муайян карда мешавад, вақте он сабт ва қайди давлативу расмиро надорад!?

 

Шояд ҳамин аст, ки ҳамакнун нафақаи маъюбони гуруҳҳои 1, 2, 3 ва парасторони онҳо, ки пештар ба 3 гуруҳ ҷудо карда мешуд, ҳоло ба 6 гуруҳ тақсим шудаву ба қавле «саг соҳибашро» намеёбад»…

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter