ХАБАРИ ДОҒ

«Журналистони ҳақоратчӣ»

  • Чоршанбе, Дек 29 2021

 

 

 

 

  • Ҳар 2 вожа дар қавсайн аст, зеро ин мардум ба журналистика ва журналистика ба инҳо ҳич алоқамандие надорад!

 

Сӯҳбат сари блогеру ба ном «фаъолони шабакаҳои иҷтимоист», ки дар долонҳои баланди ҳукумат ва парлумон фикр доранд, даҳонашонро баста намешавад. Мешавад, мешавад. Ещё как мешавад!!! Агар гӯши суханшунаве бошаду ҷумлагӣ мунтазири фармон аз БОЛО набиншинем. Мо Метавонем!

 

Кори ин ба ном «журналистони гражданӣ» ба ҳадде расидааст, ки аз очаву зану кӯдаки ҳамдигарро душном додан, то бар хешу табори зинаҳои баланди давлатӣ ҳақорату таҳқир мефиристанд. Дигар чизе муқаддас барои ин тоифа намондааст. Зеро фикр доранд (ва дуруст ҳам фикр мекунанд), ки Тоҷикистон шаҳри бе дарвоза аст. Чунки дар муҳимтарин ниҳодҳои электронӣ, интернетӣ, хидматгузории алоқа афроде нишастаанд, ки ба гуфтаи Ашӯр Сафари зиндаёд, аз ин ҳама баҳсу муноқишаву талошу пархош «пашорашон намебарад!». Инҳо ҳама дар фикри ҷамъ кардани сармояанд, ки дар андешаи амнияти миллӣ ва давлатӣ буда бошанд.

 

Фарзи мисол, шахсан ман чанд нафареро медонам, ки мансаби баланд надоранд, курсӣ надоранд, ҳатто хона надоранд, вале позитсияи шаҳрвандӣ доранд. Мисли Нуралӣ Хоркашев, Абдуқодири Абдуқаҳҳор, Саъдии Маҳдӣ, Далер Мерганов, Нури Наср. Ахирӣ муқими Амрикост ва аввалӣ муқими ягон ҷо!!! Зеро хона ва ҳатто прописка надорад. Аммо аз манофеи давлату миллат бо ҷону дил ҳимоят мекунад. Мехоҳед феҳристи журналистони соҳибмансабро барчинам, ки тӯли 30 сол ҳаргиз аз манофеи ҳукумати марказӣ дифоъ накардаанду ҳамеша курсиҳоро иваз мекунанд миёни ҳам??? Саҳифа камӣ мекунад! Вале ба кӣ мегӯй?

 

Дар 1 матлаб гуфтам, ки бо ҳақорату дашноми баргаштамаънӣ бо «фаъолони ҳақоратгар» ҳарб бурда намешавад. Вале Амониддин ном 1 дӯсти виртуалиям аз ш. Санкт-Петербург ба ман навишт, ки «Ако мешавад! Ва бо ин ҳақоратчиҳо танҳо бояд бо дашном посух гуфт, ки гуфтаанд «Бардор ба оҳан оҳани тофтаро»». Ин бародар шояд ҳақ бошад. Зеро дар шароити кунунӣ, мутаассуф, 1 горе-чиновнике нест, ки ҳақоратчиҳоро ба суд диҳад (новобаста дар куҷои олам буданашон мешавад навиштаашонро тарҷума ба забони давлати ҳамон кишвари маскунашон карду ба додгоҳ кашид). Зеро таври маълум забони тоҷикӣ забони интернет нест ва тарҷума намешавад!

 

Борҳо бонги изтироб задем, ки Тоҷикиро бояд расман ба забони зиндаи интернет ворид кунем. Сарфу наҳв, грамматикаи забони давлатии мо, 30 сол аст, ки дар Интернет мавқеи расмӣ надорад. Ва ин 2-3 алифбои Ариал tj, Академи tj, Палатино Линотайп tj. бофтаи кадом миллатпарасте беш нест. То грамматикаи мо дар Интернет ва Ворд расман вуҷуд надорад, забони мо забони мурда аст. Фарзи мисол, аз сатр ба сатр барои он хато мегузарад дар газетаи мо, ки тоҷикӣ расман ба феҳристи забонҳои роиҷи интернетӣ ворид карда нашудааст. Вале «ба кӣ мегӯй!»-гуфти бобои Одина Ҳошим.

 

Медонед, ман чандин блогерҳои русиро мехонам. Вале дар ягонтои онҳо бо фаҳшо, дашном, секси лафзонӣ дучор наомадаам. Блогҳо профессионалӣ ва самтиянд. Футболдонон дар бораи футбол менависанду гуштигирон роҷеъ ба гӯштӣ, сиёсатмадорон дар бораи сиёсат, технократҳо дар бораи давлатдорӣ. Вале дар мо чунин нест. Камазисте аз даруни мошинаш миллатро ҳақорат медиҳаду гаранге аз камингоҳи ланданиву русияш миллатро ва оқиватане аз камингоҳи аврупоияш давлатро…

 

Ҳол он ки роҳу равишҳои расман бастани даҳони ин баддаҳанон вуҷуд дорад. Дар тамомии олами мутараққӣ чунин мекунанд.

 

Фарзи мисол, ҳабси «блогер»- Руслан Бобиев ва депорти мӯштзӯр Чоршанбе Чоршанбиевро дар Россия бигирем. Онҳо коре карданд, ки ба қонунгузор зидд буд, дар 1 рӯз дастгир, ҳабс ва ихроҷ шуданд. О, мана мешудааст-ку?

 

Демократия ин нест, ки ҳар чизе ба даҳонат омаду сари камхирадат фикр ва забони лаънатзадаат хойид, бояд рӯи сафҳа бирезӣ. Дар Аврупо ва Амрико барои таҳқир, дашном, дахолат ба зиндагонии маҳрамона суд мекунанд. Ин аст, ки тартибу қонун ҷорист ва касе оромиши касеро халалдор карда наметавонад.

 

Ҳафтаи пор Хуршеди Атовулло бонги изтироб зад, ки даҳони интернет-баддаҳанон баста шавад. Айни ҳамин моҷароро чандин сол аст, ки СССР меангорад. Вале гӯше дар сатҳи болову поини давлат нест, ки ҳушдори моро  шунавад.

 

Фарзи мисол, даҳони ин бедаҳанонро дар Россия бастанд. Ва осонакаку бо роҳи «демократӣ». Думаи Давлатӣ қонун қабул кард, ки тибқи он, ҳар нафаре дар интернет, сайтҳои иҷтимоӣ, твиттеру  инстаграмм беш аз 1000 хонанда ё худ «друг» дорад, бояд расман чун расона ба қайд гирифта шавад. Тамом вассалом!

 

Расона, ки шудӣ, нафаре, фейке, фейсе, анониме Фалонӣ ибни Фалонро дар комментҳоят дашном дод, каппачаи ту сӯхт, гуфтан гир! Штраф мешавӣ. Идома ёфт моҷаро, боз ҷарима ва ахиран дар назди қонун ҷавобгӯй!!!

 

Вале дар мо чӣ? Газетае, ки 1000 адад тираж дорад, мабодо касеро таҳқир намуд, дар назди қонун посух мегӯяд. Вале сакалтуе, ки саҳифа боз кардаву 2-3 ҳазор «друзя» дорад, барои ягон комменти саҳифаи фардияш посухгӯ нест! Ҳоло роҷеъ ба саҳифаҳое, ки 20-30000 «друзя» доранд чизе намегӯем.

 

 Ва аз ҳама охир, мо, ки худ дар саргаҳи озодии баёну ошкорбаёнӣ қарор дорему дар ҳар шумораи СССР даҳҳо матолиби танқидӣ нашр мекунем, тарафгири сензура нестем. Худо накунад!!! Аз сензура ҳазар…

 

Ман танҳо зидди онҳоеам, ки паси комп нишаставу заҳру зуқуму қаҳру ғазаби хешро сари дигарон мерезанд, шахсиятҳо, фардҳо, давлат, миллат, ватанро таҳқир мекунанду ба моҷарову ҷангу ҷадалҳо кашидан мехоҳанд. Дар тамомии кишварҳои пешрафтатарини олам низ бо ингунаҳо ҳарб мекунанд. Боз мисол мехоҳед? Марҳамат:

 

-Ҳабси Роман Протосевичи блогери белорус дар осмон аз ҷониби Лукашенкои «автократ» ва ҳабси Ҷулиан Ассанж аз ҷониби Амрикои «демократӣ» дар Лондон…

 

Парадокс? Оре! Вале факт!!!

 

Парлумони мо, ҳукумати мо, дастгоҳи идеологии мо агар намехоҳанд, ки моҷарои баҳори араб дар мо такрор шавад, бояд ба ин проблема таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд.

 

Аз мо 1 гуфтан буд, ки гуптем. Мо метавонем!

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter