ХАБАРИ ДОҒ

“Ҷаҳоннамо” ё тарғибнамо?

  • Чоршанбе, Дек 29 2021

 

Ҳар боре, ки шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо»-ро тамошо мекунам, табъам хира мешавад. Агар 1 соат барои ахбори ҷаҳону корҳои ободонӣ ва созандагии кишварҳои дунё ҷудо шуда бошад, аз ин 1 соат 30 дақиқааш бо тарғиби дорую эълонҳои бемаъно мегузарад. Охир шарт нест дар ин шабакаи хабарӣ дар 1 рӯз садҳо маротиба тарғиби табобати чиниро намоиш диҳанд. Оё ғайр аз табобати чинӣ дар кишварамон ягон навигарии дигар нест? Ё ин ки мази “Пардифен”-ро пайваста намоиш медиҳанд, ки дигар тамоми дорухонаҳои кишвар аз ин маз пур шудааст.

Оиди тарғиби марказҳои табобати чинӣ гуфтаниам, ки ошноҳои зиёдам бо бемориҳои гуногун ба онҳо муроҷиат карданду маблағи зиёд сарф намуданд, вале ба дардашон даво наёфтанд. Ин маркази табобати чиние, ки шабакаи хабарии «Ҷаҳонннамо» вазифаи аслӣ ва номии худро як су гузошта тарғиб мекунад, фиребе беш набуда, фақат барои ба даст овардани маблағи ҳангуфт равона шудааст. Табобати чинӣ ин табобати фиреби мардум мебошад.

Аз ин рӯ шабакаи «Ҷаҳоннамо»-ро зарур аст, ки тарғибу ташвиқи беҳудаи чунин марказҳоро бас карда, ба ҷойи он вазифаи ҷонии худ ахбори Тоҷикистону ҷаҳон ва навгониҳои онро ба намоиш гузорад.

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter