ХАБАРИ ДОҒ

Гӯшт намехӯраму обуна мешавам!

  • Чоршанбе, Дек 29 2021

 

Ҳаким Ғуломов, муаллиф ва хонандаи ҳамешагии СССР аз н.Дӯстӣ ба идораи ҳафтанома занг зада (тел: 93 529 52 66), оиди маъракаи обунашавӣ ба газетаву журналҳо изҳори назар намуд.

   - 1 моҳ зиёд шуд, ки дар тамоми газетаҳо эълон мекунанд, ки ба газетаи мо барои соли 2022 обуна шавед. Бо ҷону дил обуна мешудам, вале онро ҳар ҳафта чи тавр дастрас мекунам? Агар мисли давраи Шӯравӣ хаткашон мешуду хона ба хона меовард, беҳтарин кор мешуд. Ман 2-3 моҳ аз хӯроки гӯштӣ даст мекашидаму ба 2-3 газета обуна мешудам. Вале афсус мактубу газетаҳо то маркази ноҳия мерасанду халос. Барои аз маркази ноҳия рафта гирифтани он 20-40 сомонӣ роҳкиро кардан лозим. Ин тавр нархи газета давоми 1 сол то 500-600 сомонӣ мебарояд. Доир ба ҳамин мушкилот дар шумораҳои гузашта фикру мулоҳизаҳо буд, вале то ҳол роҳи ҳал наёфтаанд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter