ХАБАРИ ДОҒ

Аз арча то туҳфаи солинавӣ

  • Чоршанбе, Дек 29 2021

Тули соли 2021, ки ба поён мерасад, пайваста аз мушкилоти мардум, ободию ноободии ноҳияҳои дуру наздик гуфтем ва аз гарониҳои пайдарҳами бозорҳо шикоятҳоро шунидему нигоштем. Инак ба охири сол расидем ва барои соли ҷадид рӯзҳое ба шумор мондааст. Дар охири ин сол новобаста аз гарониҳо ва рӯзгори сангини мардум аз шодию тадорукоти соли навӣ низ мегӯем.  Мо Метавонем!

Арчаи №1

Имсол дар чандин гушаҳои шаҳр рамзи соли навӣ-арча гузошта шудааст. Аз ҷумла зеботарин ва калонтарини он дар майдони марказии пойтахт майдони «Дӯстӣ» қомат афрохт.  Тавре дар маркази матбуоти шаҳрдорӣ ба мухбири СССР хабар доданд, имсол аз дигар солҳо дида ороиши арчаи №1-и ҷумҳурӣ ғайриоддӣ аст. Баландии арча расо 30 метр буда, он рамзист, зеро имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн гирифт. Арчаи мазкур ягон бозича надорад, баръакс он бо технологияи рушанӣ-диодӣ оро дода шуда, шабонгаҳ бо садҳо ранг ҷилва медиҳад.

 

Арчаи №2 ва ғ.

Дар назди бинои Сирки давлатӣ низ аз аввали моҳи декабр арчагузорӣ ва ороиши солинавиро оғоз намуда, рӯзи 05.12.2021 арчаи баланду зебое гузоштанд, ки бо чароғакҳои рангоранг оро дода шудааст.

Дар боғи «Дустии халқҳо» ва назди бозори «Корвон» низ арчаҳои зебои идона гузошта шуда, ба ин маҳал шукуҳи тозае медиҳанд. Алалхусус имсол бо сохтани тавақуфгоҳи калону замонавӣ дар нази бозори «Корвон», ки ба тамом навсозӣ шуда истодааст, арчаи калону зебое гузоштаанду атрофаш бо расмҳои Бобои барфию соли 2022 оро дода шудаанд. 

Дар гардиши хиёбони С.Шерозӣ ба самти маҳаллаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон (Профсоюз) низ 1 шаҳрчаи зебои идона бо арча гузошта шуда, ба кас шодию фараҳ мебахшад.

 

Туҳфа барои атфоли пулдор

Тавре маъмул аст дар арафаи ҷашни Соли Нав барои шод гардонидани кӯдакон тӯҳфаҳои солинавӣ оморда мешаванд. Ба маркази савдои бузурги «АШАН» даромадем, нархҳо бо тахфиф, баробар ба нархи бозор асту халос, нархи гаронтаре нависонда хат мезананду тахфиф гуфта, ба нархи маъмулиаш мефурӯшанд, ки ин ҳама «дурӯғи солинавист». Ин бозии тиҷоратиро шояд на ҳама дарк кунад, вале дар асл ҳеҷ тахфифе дар ин гипермаркет дида намешуд, нархи тӯҳфаҳои солинавӣ аз 38 сомонӣ оғоз шуда, то 240 сомонӣ мерасад.

Дар супермаркети «Пайкар» низ нархи тӯҳфаҳо аз 40 сомонӣ оғоз шуда, то 280 сомонӣ мерасид. Тавре аз нарху навои гипермаркету супермаркетҳо маълум гашт ин нарху наво фақат барои кудакони мардуми дорову сарватманд дастрас мебошад.

 

Туҳфа барои ва ғайраҳо

Дар бозорҳои «Саховат»-у, «Деҳқон» бошад туҳфаҳо аз 10 сомонӣ сар шуда, то ба 40 сомонӣ мерасанд. Тӯҳфаи 40 сомона аз шоколаду кандҳои арзон иборат буда, теъдоди конфетҳо бештар ба назар мерасанд.

Дар сӯҳбат бо харидорон маълум гашт, бештари мардуми коргару деҳқону савдогар ба он ақидаанд, ки агар 5-6 фарзанд ё набера дошта бошӣ, беҳтараш яку якбора ба таври чакана аз ин конфету шоколадҳо зиёд гирифта, дар қуттиҳои солинавӣ ҷой диҳӣ, арзонтар меафтад. Ба ҳар ҳол кӯдакон, ки бениёз аз фаҳми туҳфаи гарону арзон ҳастанд, ба ҳама гуна тӯҳфа шод мешаванд.

Соли Наватон муборак, бачаҳои камбағал ва бойбаччаҳо. Дидед, СССР камбизоатонро дар сафи 1 ҷо дод?! Мо Метавонем!

Баҳори Шарифхон,

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter