ХАБАРИ ДОҒ

ДУНЯВИЯТ: РАҚОБАТИ ХИРАД ВА ЭЪТИҚОД

  • Чоршанбе, Дек 29 2021

Боби 1. РЕМАРК

Агарчи таърих ҳамчун илми ҷудогона дуним ҳазор сол пеш шакл гирифта бошад, Арнолд Тойнби дар “Маърифат таърих” ном асари бунёдиаш умри сайёраи Заминро беш аз 4 миллиард сол ва ҷомеаи башариро беш аз 40 ҳазор сол муқаррар кардааст. Яъне мо ҳар омӯзаҳое аз таърих дорем, 1 ҳиссаи хурде аз ҳаводиси оламу одам аст.

Табиист, ки мавзӯи таърих вақоеи гузашта ва сарнавишти башарият аст, ки бино ба фаҳмиши юнониҳои бостон раванди “санҷидан”, “донистан” ва “муқаррар намудан”-и далелу ҳодисаҳоро ифода мекард. Бунёдгузори ин илм Ҳеродот бо ҳадафи таълифи “Таърих”-аш бисёр сафар кард ва дар асоси таҳлилу муқоисаи ҳаводиси айём ҳамон асари бунёдиашро манзури хонандагон намуд.

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд...

Гули сари сабади фалсафаи классикии немис Иммануил Кант ақидае дошт, ки тибқи он “ҳадафи ҳар илме ё ҳофиза аст, ё хирад. Ин 2 қобилият бояд инсонҳоро бофаҳму боақлтар кунад. Тақозои завқи ахлоқӣ ҳамин аст: ҳар илмеро, ки вазъи инсонро беҳ накунад, хеле паст баҳо медиҳанд”. Аз ин ҷиҳат, ҳама илмҳоеро бояд наку донист, ки неруи фикрии инсон ва қобилияти ӯро дар маърифати неку бад ва ҳаққу ботил, ҷаҳолату дониш, рӯшаниву торикӣ, дар маҷмӯъ, кулли тақобулҳои зиндагии башарӣ таҳрик дода тавонанд. Шекспири бузург низ ба ин ақида буд, ки “чизе дар олам хубу бад нест, ҳамааш аз он вобаста аст, ки чӣ гуна мо ба олами ашё менигарем...”.

                                 

Боби 2. Андар баёни таърихи ифрот

Чизе, ки ихтилоф ва шиддат миёни хирад ва эътиқод меандозад ва “низоъ” бармеангезад, таассуб ва хурофа аст. 2 мисол аз таърих меорем, то масъала рӯшан шавад:

-Суханони Тертуллиан, яке аз бунёдгузорони насронияро ба ёд меорем, ки айни чунин истибдод аст: “Баъди Исои Масеҳ барои мо ҳеҷ навъи илм зарурат надорад, баъди “Инҷил” таҳқиқоте лозим нест...”.

Ё худ баъди он ки аъроб Искандарияро истило карданд, бузургтарин китобхонаи ин шаҳрро, ки дар ҷаҳон ҳамто надошт, ба коми оташ заданд. Сабаби оташсӯзии китобҳо дар фармон чунин маънидод карда мешуд: “Агар ин китобҳо бо китоби муқаддаси мусалмонон мувофиқат кунанд, пас, зиёдатианд, сӯзонданашон лозим, агар мувофиқат накунанд, боз ҳам  бояд сӯзонида шаванд. Дар ҳар сурат, китобхона бояд нобуд карда шавад”.

Акнун мисоли дигаре аз олами Ғарб. Баъди он ки насрония ҳамчун дини давлатии империяи Рим пазируфта шуд, дар Византия ончунон ҷаҳолат боло гирифт, ки насрониҳои ин кишвар ҳама муҷассамаҳо ва ёдгориҳои хаттии даврони антиқаро, ки ганҷинаи бемисли шоҳкорҳои башарият буданд, несту нобуд карданд. Ҳамин тавр, дин ҳамчун ҷузъи таркибии ҳама навъи фарҳангҳо масъули маънавият аст ва дар танзими муносибатҳое ширкати фаъол дорад, ки расму ойин, тарзи андеша, суннату анъанаҳо ва дигар омилҳои ҷаҳонбиниро фаро мегиранд. Аз ин ҷиҳат, пешрафт ва ё ақибмондагии давлатҳоро низ маҳз омили динӣ муайян мекунад.

Афзоиши шуури динӣ, агар аз тассубу хурофоту тундравиҳо орӣ бошад, ба рушди давлатдорӣ зиён надорад, агар ин ҳолат баръакс бошад, пас, низои бузурги миёни дину давлатро ба вуҷуд меорад. Ин вазъ мардуми 1 кишварро ба 2 гурӯҳи ба ҳам мухолиф қарор медиҳад, ки яке дунявияти муосибатҳои иҷтимоиро мехоҳанд, дигаре – танҳо қавонини  диниро.

 

Боби 3. Андар баёни салафия ва ваҳҳобия

Равияи иртиҷоии салафия, ки то соли 2009 озодона амал мекард, аз қабили ҳамон ҷунбишҳои ифротие буд, ки тавассути амалҳои қабеҳи ғайриахлоқиву зиддиинсонӣ ба ваҳдати ҷомеаи динии кишвар рахнаҳо ворид мекард. Ин гурӯҳ зӯроварӣ дар баёни андеша ва рафтор, таҳқиру тундхӯӣ, намоиши амалҳои зишти ғайриинсониро ба намоиш мегузошт. Аслан салафия аз ҷавонони гумроҳе иборат буд, ки аз муқаддасоти дин – сарчашмаҳои аслии он суъистифода карда, он қисмати ояту ҳадисҳоеро, ки ба мушрикону кофирон дахл доранд, ба мусалмонони соҳибмазҳаб раво медонистанд ва касони ба онҳо норозиро ба куфру ширк ва бидъат ҳукм карда, бад-ин воситаи ҷоҳилона дар ҷомеа тухми низоъ, муноқиша ва зӯроварию қабеҳгуфторӣ мекориданд. Ҳуҷумҳои лафзӣ ба пайравони тасаввуф, беэҳтиромӣ ба солмандон хоси рафторашон буд. Ҳатто тарзи беадабонаи ибодоташон нороҳатии аксариятро ба вуҷуд меовард. Равияи  ваҳҳобия низ бино ба сабаби арҷ нагузоштан ба аслҳои асосии динӣ ваҳдати мардумро зери  суол бурда буд. Ин мисолҳо кофист, ки навъи шуурри номбаршудаи “бадбинонаю ҷиноӣ” дар заминаи эътиқодот дарк карда шавад.

 

Боби 4. Андар баёни инквизитсия ва Аврупо

Таърихи рушди башарият таърихи ба ҳам созгор шудан ва аз ҳам канор гирифтани дину давлатҳост. Ҳоло расм шуда, ки давлатҳои ҷаҳонро ба кишварҳои демократияи куҳна ва нав (ҷаҳони савум) ё рӯ ба инкишоф ҷудо мекунанд. Омили асосии пешрафти кишварҳои навъи аввал, чун таърихан назар афканем, дар он будааст, ки баъди садсолаҳои зулму истибдод, бо назардошти вазъи иҷтимоию таърихиашон ҳокимияти калисоро дар низоми давлатдорӣ аввал маҳдуд ва баъдан тибқи назарияи секулорӣ ҷудо карданд. Дар асрҳои миёнаи Аврупо кор ба дараҷае расида буд, ки ҳатто соҳаи таҳсилот дар дасти ҳуккоми калисову дин қарор дошт. Ҳамагуна озодандешиву кашфиёт ба мабнои улуми таҷорубӣ манъ буд, ҳар нафаре, ки ба кашфи асрори табиат иштиғол меварзид, аз ҷониби инквизитсия ҷазо мегирифт: сарнавишти фоҷиабори Галилей, Коперник ва садҳо касони ба инҳо монанд...

Нахустин иқдоми берун шудан аз асорати калисо дар Ғарб аз даврони Интибоҳ (асри XIV) шурӯъ шуд ва дар аҳди маорифпарварӣ (XVIII) ба авҷи аълои хеш расид. Дар ин масир чандин ғояҳои пешқадами иҷтимоӣ, таълимоту назариёти ҷадид: аз таъсиси макотиб мувофиқи рағбату завқ, шахсияти универсалӣ, дар маркази ҳама анвои ҳунар қарор додани инсон сар карда, то парастиши хирад (ратсионализм) ва ҳимояи ҳуқуқи табиии инсон (Фаронсаи аҳди Маърифат), худшиносии миллӣ дар пояи давлати ягона (Олмони асри XVIII) рӯи кор оварда шуданд.

Дар асрҳои баъдӣ аз тамоми сохторҳои давлатдорӣ идеяи давлати некуаҳволии умум ё давлати иҷтимоӣ бартарӣ пайдо кард, ки намунаи беҳтарини онро мо имрӯзҳо дар мисоли Ҷумҳурии Федеролии Олмон мебинем. Қисмати дувуми моддаи якуми Конститутсияи Тоҷикистон низ сохти кишвардориро давлати иҷтимоӣ эълон кардааст, яъне мо ҳам ба ин шоҳроҳ ворид шудаем.

 

Боби 5. Андар баёни нахустин муллои секулорӣ

Дар таърихи муосири тафаккури сиёсии ислом Шайх Алӣ Абдурозиқ (1888-1966) берун аз марзи зодгоҳи худ – Миср ҳамчун аввалин секулори мусалмон, ки зарурати ҷудо кардани динро  аз давлат муддаӣ шуд, шуҳрати густарда касб кардааст. Ӯ сарфи назар аз ин ки таълимоти диниаш комилан суннатӣ буд, саромади рӯҳониёни исломие гашт, ки ақида доштанд «илмҳои шариат ба умури давлат рабте надоранд ва итоат ба халифа барои мусалмонон вазифаи динӣ нест». Дар авҷи ташаннуҷи сиёсии соли 1925 дар Миср Алӣ Абдурозиқ, ки он замон шуҳрати чандоне надошт, китобаш «Ал-ислом ва усул-ал-ҳукм»-ро интишор дод ва ҳамчун 1 олими дин ва каси пойбанд ба аҳкоми ислом, зарурати хилофат ва ақоиди муддаиёни тарафдори хилофатро рад кард. Ин мавзеъгирии ӯ шӯреро дар Ал-Азҳар барпо сохт ва мунҷар ба додгоҳӣ шудани парвандаи Абдурозиқ гашт.

1-уми сентябри соли 1925 Шӯрои уламои Ал-Азҳар аз рӯи парвандаи ӯ ҳукми худро, ки зери он 25 узви Шӯро бо сарварии ректори вақти донишгоҳ Шайх Муҳаммад Абулфазл имзо карда буданд, эълон кард. Абдурозиқ аз унвони олимӣ маҳрум ва номаш ҳам аз феҳристи олимони Ал-Азҳар хориҷ гардид. Солҳо баъд Абдурозиқ суханонеро, ки ҳини рафтан (таҳти фишори муҳофизакорон) аз ал-Азҳар гуфта буд, ба ёд меорад: «Ман шарораеро, фурӯзон кардам, ки хомӯшношуданист... Ва агар шӯълаи он имрӯз ё фардо фурӯзон нашавад, пас аз 30 сол мубаддал ба 1 оташи сӯзон хоҳад шуд».

Ва чунин ҳам шуд. Идеяи «исломи секулорӣ»-и Алӣ Абдурозиқ, ки барои замони худаш ба навъе «ифротӣ» буд, дар замони мо 1 бахши муҳимми сиёсатшиносии Ховари Миёна ва мамолики арабро ташкил медиҳад.

 

Боби 6. Эпилог ё андар баёни секулоризми миллӣ

Дар таърихи нави Тоҷикистон масоили дунявият ва секулорӣ баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ (1997) тезутунд шуд. Барои тарафдорони давлати дунявӣ дар симои Ҳукумати Тоҷикистон ҷавоби 2 суол аз ҷониби Иттиҳоди мухолифини тоҷик муҳим буд: авалан, оё мухолифин хислати дунявии давлатдории тоҷиконро қабул мекунанд ё не, баъдан, ин иттиҳод ҷонибдории хешро ба давлатдории миллии тоҷикон иброз медорад, ё мисли дигар ҳаракату гурӯҳҳои кишварҳои исломӣ мавҷудияти 1 давлати трансмиллии исломиро мепазирад? Ҷавоби аниқ гирифтан ба ин суолҳо хеле муҳим буд, чунки тақдири ояндаи Тоҷикистон ҳамчун давлати муосири миллӣ аз ҳамин ҷавобҳо бастагӣ дошт. Баррасии ин масоил тӯли 2 сол идома ёфт ва танҳо бо иродаи сиёсии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли худро пайдо кард.

Масъалаи дигаре, ки бевосита ба иртиботи дину давлат дахл мекунад, сиёсӣ сохтани дин аст. Ин мавзӯи хеле дарднок ва ҳассоси ҷомеаи башарист. Донишманде бо исми Муборакпурӣ дар ин маврид мегӯяд: «Таҷриба нишон додааст, ки ҳамин аҳзоби сиёсӣ, вақте ки дар кишварҳои муслимин ба қудрат расиданд, ба мусибатҳо гирифтор шуданд ва бозичаи дасти хавориҷ гаштанд, пас соҳибватанони мусулмон дар азоби сахт гирифтор шуда, ҳатто дар дасти душманон гарав афтиданд, ки онҳоро ҳар тавре хоҳанд, истифода мебаранд ва сарватҳояшонро ғорат мекунанд». 

Таҷрибаи таъсис ва фаъолияти ҳизби динӣ дар Тоҷикистон баъди Созишномаи сулҳ то соли 2015 ин сухани олимро гувоҳӣ медиҳад. Ва низ таҷрибаи талхи беш аз чилсолаи Афғонистон, Сурияву Ироқ, кишварҳои шимоли Африқо, солиёни ахир хеле афзоиш ёфтани нобасомониҳо аз ҷониби ҷунбишҳои экстремистии динӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ исботи ин андеша аст, ки созмонҳои сиёсии динӣ имкону тавони дарёфти роҳи сулҳу субот ва ҳамбастагии умумро надоранд, зеро ин гуна хислат дар табиати дин нест. Дин моҷароҷуӣ ва ҷудо кардани 1 қишри ҷомеаро аз қишри дигараш бо баҳонаи диндори асил будан ё набудан тавассути василаҳои сиёсӣ намепазирад. Масъалаи дунёгароӣ, ки асосаш ҷудо будани дин аз сиёсат ва умури давлатдорист, дар як гуфтори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани дувуми тоҷикони ҷаҳон хеле амиқ шарҳ ёфтааст: «Ислом ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги суннатии мост. Ахлоқи суннатии мо низ динист ва онро ҳеҷ гоҳ наметавон рад кард ё нодида гирифт. Матлаби ҷудо будани дин аз давлат бошад, фақат 1 чиз аст: дин ба корҳои сиёсии давлат ва давлат ба корҳои мазҳабии дин мудохила накунад».

 

Ҳафиз РАҲМОН,

рӯзноманигор ва муҳаққиқ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter