ХАБАРИ ДОҒ

ТУ-154 чаро ва чӣ хел афтид?

  • Чоршанбе, Дек 29 2021

24 сол пеш мудҳиштарин садамаи ҳавоӣ дар Дубай ба вуқуъ пайваст, ки бар асари он элитаи бизнес ва сарватмандтарин чеҳраҳои Хуҷанд ФАВТИДАНД. То ҳанӯз ин муаммо пурра накшода мондааст...

Чӣ тавр Петров зинда монд?

15.12.1997.Ҳавопаймои Хуҷанд-Шарҷа (ТУ-154), дар 13 километрии аэропорти Шарҷа, дар баландии 600 метр дучори ҳавои турбулентӣ шуда, баъди чанд даврзанӣ барои нишастан поин гашт, вале бо суръати 370 км/соат ба замин бархӯрд. Дар натиҷа, 85 нафар-77 мусофир ва 8 узви экипаж ҳалок шуданд ва танҳо 1 нафар-штурмани ҳавопаймо Сергей Петров, ки дар лаҳзаи ба замин бархӯрдани ҳавопаймо аз кабина ба берун парида буд, зинда монд.

 ТУ-154 дар рейси 3183 бо 9 экипаж 77 мусофири ширкати "Хуҷандтурист”-ро ба Дубай мебурд. Аксари фавтидаҳо соҳибкорон-бизнесменҳои бозорҳои Хуҷанду Чкаловск ва марказҳои савдои “Авесто”-ву “Помир” буданд. Яке барои тамошо мерафт, дувумӣ барои хариди мол, савумӣ барои истиқболи соли нави мелодии 1998 дар Дубай, чаҳорумӣ...

 Аз шахсиятҳои маъруфи он даврон - Темурҷон Раҳимбоев-сардори собиқи пулиси вил.Ленинобод бо ҳамсараш-Хосият Маликхоҷаева, Аъзам Неъматов-муовини раиси идораи андози вилоят, Абдураҳмон Алиев-сардори авиакомпанияи Суғд, проректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, табиби маризиҳои меъда Абдусалом Баракаев бо ҳамсараш, футболбоз Ориф Бобохонови 32-сола (соҳиби 3 фарзанд), Баҳодурхоҷа Самадов-муовини раиси н.Исфара, 3 корманди "Хуҷандтурист”-Ҳайдарҷон Усмонов, Абдувосит Шукуров ва Муҳсинҷон Юсуфов,  летчикҳо Абдумалик Олимов ва Сергей Зверев ва 4 узви оилаи Мирзомансур Ҳоҷиев-худи ӯ, ҳамсараш Райҳон, писари 12-солааш Мирзомасрур ва духтари 4-солааш Мунира фавтиданд.

Хонаводаи ҳалокшудагон ин хабари шумро чанд соат пас аз барномаи “Вести”-и ТВ Россия шунида, шок гаштанд. Яке барои падару модар мегирист, дигаре барои бобову бибӣ... Петрови зиндамондаро бошад ба Тоҷикистон оварданд ва чанд ҳафта пас аз муолиҷа Россия рафт. Тибқи баъзе сарчашмаҳои хабарӣ, ӯ ҳоло дар Украина зиндагӣ дорад.

 

Митинги ёдбуд барои... рейси 3183

Дар Тоҷикистон дар пайи ин фоҷиа 1 рӯз (17 декабр) ва дар Хуҷанд 3 рӯз (17, 18 ва 19 декабр) мотам эълон шуда, 1 ҳайъати ҳукуматӣ барои таҳқиқ ба АМА рафтанд. Рӯзи 18 декабр вақте ҷасадҳоро оварданд, дар майдони назди театри К.Хуҷандӣ митинги ёдбуд бо ширкати раҳбарони аввали вилоят барпо гардида, гурӯҳе аз наздикони онҳо дар пеши масҷиди Шайх Муслиҳиддин ҷамъ шуданд.

Бино ба натиҷаҳои таҳқиқоти идораи ҳавопаймоии АМА, ки бо ширкати намояндагони ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон” анҷом дода шуд, сабаби аслии суқути ҳавопаймо нофаҳмӣ байни диспетчерҳои фурудгоҳ ва штурмани ҳавопаймои Тоҷикистон будааст. Вазорати молияи вақт барои кӯмак ба хонадони фавтидаҳо 400.000 рубли Тоҷикӣ ҷудо намуд.

 

Рӯйхати мусофирони ТУ-154:

1.    Юсуфов Мӯҳсин
2. Шукуров Абдувосит
3. Айшин Рустам
4. Убайдуллоев Асатулло
5. Дадабаева Моҳирахон
6. Ҳайдаров Абдувалӣ
7. Маҳбубова Омина
8. Шарифов Асрор
9. Саидов Абдуллоҷон
10. Акрамов Равшан
11. Ҳомидов Султон
12. Золотих Наталя
13. Зоҳидов Шарофиддин
14. Кабирова Нигина
15. Бобохонов Ориф
16. Раҳимбоев Темурҷон
17. Маликхоҷаева Хосият
18. Сафарова Замира
19. Қосимов Муродҷон
20. Сангинов Мирзоҳаким
21. Умаров Илҳом
22. Ҳусайнов Мӯмин
23. Ғафуров Ҳафиз
24. Свойкина Людмила
25. Кривченко Зинаида
26. Кривченко Ярина
27. Эшонхоҷаева Мунаввара
28. Содиқов Ҷамшед
29. Маъруфов Абдулло
30. Усмонов Ҳайдарҷон
31. Черномурова Оксана
32. Қосимов Муллоҷон
33. Маъсумов Иброҳим
34. Мавлонова Маҳфуза
35. Ҷӯраева Гулҷаҳон
36. Ибрагимов Барот
37. Ҳасанова Соҷида
38. Негматов Азам
39. Хоҷиев Ҷамшед
40. Маликов Абдуҳомид
41. Ашӯров Баҳодур
42. Солказанова Олга
43. Негматов Шӯҳрат
44. Файзиев Сайдулло
45. Юнусова Муҳаббат
46. Ҳомидова Матлуба
47. Ҷӯраев Анвар
48. Мӯҳсинов Қаҳҳор
49. Маҳмудова Бароат
50. Саидова Саноат
51. Носиров Мақсуд
52. Ҷалолова Ҳидоят
53. Самадов Баҳодурхоҷа
54. Исоева Мухбира
55. Саидова Зебӣ
56. Аминов Тошмамад
57. Хоҷиев М.
58. Пулатова Райҳон
59. Хоҷиев Мирзомансур
60. Хоҷиева Мунира
61. Мамадова Мушарраф
62. Тоҳирова Норхон
63. Шафиева Турғунтош
64. Юсуфова Латифа
65. Дадобоев Бақо
66. Каримов Абдурабӣ
67. Калонов Адҳам
68. Ахмедова Саноат
69. Аҳроров Ҳамзахон
70. Баракаев Абдусалом
71. Баракаева Малика
72. Сафарзода М.
73. Ҳошимова М.
74. Ҳусейнов М.
75. Алимов Д.
76. Муқимов Маъруф
77. Ҳоҷибоева Санавбар

 

Экипаж:
1. Абдумалик Олимов (летчик),
2. Сергей Зверев (летчик),
3. Абдураҳмон Алиев (летчик),
4. Филлипов Владимир (командири хатсайр),
5. Сергей Петров (штурман, зинда монд),
6. Елена Рассказова (стюардесса),
7. Татьяна Кадырова (стюардесса),
8. Сергей Сафронов (авиатехник),
9. Ғаффорова Шоҳида (менеҷер).

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter