ХАБАРИ ДОҒ

 

 Ғуломалӣ Асоев, муаллиф ва хонандаи ҳамешагии мо аз ноҳияи Файзобод бо редаксия тамос гирифта, дар бораи чанд матлаби ахири нашршуда дар газетаи СССР ибрози назар кард.

   - Бо дуруд ба СССР-и азиз! Аз тамошои реклама дар ТВ-ҳои тоҷик хаста шудем! Охир, барои чӣ 1 шабакаи махсус дар ТВ барои ҳамин рекламаҳо намекушоянд? То кай сари мардумро бо ҳамин рекламаҳои дурӯғ, бо сулфаҳои зӯракӣ, бо мазу пазу гелу пел гаранг мекунанд? Дигар ин ки аниқдоди СССР-ро дар бораи Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ва пул додан ба писараш хондам. Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода пул дорад ва ба ҳар хонаи каратро азёд кардани писараш метавонад ба ӯ 100 сомонӣ диҳад. Мо чунин имконро надорем.

Дар мавриди таваккал кардан низ мехоҳам назари хешро баён намоям. Бобои Шамсиддини Қудрат дар 1 мақолааш навишта буд, ки ҳамеша таваккал ба Худо кардан лозим. Дар ҷои дигар устод Сайёф ва бародари гиромӣ, Ҷ. Исмоил ҳам навиштаанд, ки мо бояд ҳамеша таваккал ба Худо кунем. Охир, мегӯянд Худо яктост. Пас, вақте Худо якто бошад, барои чӣ ба ӯ таваккал мекардаем? Фикр мекунам Худо яктост ва ба ӯ бовар кардан лозим. Ӯро дӯст доштан лозим, на ин ки таваккал…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter