ХАБАРИ ДОҒ

 

 Файзулло Нуруллоев, муаллиф ва хонандаи ҳамешагии мо аз ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфара ба идора занг зада (тел: 927199787), дар бораи имтиёзҳои давлатӣ ба иштирокчиёни набардҳои барқароркунии сохти конститутсионӣ пурсон шуд.

   - Аввалан сипоси самимӣ ба тамоми кормандони Газетаи мардумии СССР барои нашри матлабҳо дар бораи иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997. СССР ягона газета мебошад, ки аз ин нафарон пайваста ёд мекунад. Ман низ яке аз чунин шахсон мебошам  ва барои пойдории сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон азиз хизмат кардаам.

 Ман бисёр мехостам, ки вазирону мансабдорони кишвар, ки дар самти таъйинот ва ҷудо намудани имтиёзҳои давлатӣ сарукор доранд, тавассути газетаи мардумӣ дар бораи имтиёзҳои давлатӣ ба чунин нафарон мисли ман, яъне иштирокчиёни набардҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ шарҳу эзоҳ медоданд. Ман медонам, ки чунин имтиёз нест ва бигузор дар ин бора ҳам посух диҳанд, ки чаро мо, ки дар саргаҳи бунёди сохти конститутсионии кишвари азизамон истодаем, аз имтиёзҳои давлатӣ маҳрумем? Чаро «афганец» ва «чернобилец»-ҳо, ки барои СССР-и набуда ҷангидаанд, имтиёз доранду мо, ки ватани худро барқарор крадаем, на?!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter