ХАБАРИ ДОҒ

 

Ё чаро иштирокдорони набардҳои барқароркунии сохти конститутсионӣ аз имтиёзҳои давлатӣ маҳруманд?

 

Файзулло Нуруллоев, 1 нафар хонандаи доимии мо аз шаҳри Исфара, иштирокчии набардҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар кишвар, ҳафтаи гузашта ба идора занг зада, дар бораи имтиёзҳои давлатӣ ва бархӯрдор набудани идддае аз онҳо изҳори нигаронӣ намуд. Файзулло Нуруллоев аз масъулини бархе аз вазорату кумитаҳо тақозо кард, ки дар бораи таъйинот ва ҷудо шудану нашудани имтиёзҳои давлатӣ ба ширкаткунандагони набардҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар солҳои 1992-1997 посух ва ё шарҳу эзоҳ диҳанд. Оё ин нафарон имтиёз доранд? Агар ҳа, пас кадом ва агар не пас чаро?

 

Дар қонун нест, дар амал нест!

Воқеан ҳам ин проблема, яъне аз имтиёзҳои давлатӣ маҳрум будани чунин нафарон, ки бо заҳмати эшон имрӯз мо дар кишвари ободу орому зебо ва шукуфо зиндагӣ дорем, борҳо дар саҳифаҳои газетаи мардумии СССР матраҳ шуда буд. Вале ниҳоде дар ин маврид на вокуниш кард ва на посух гуфт, зеро тавре мо огаҳӣ ёфтем, масъалаи имтиёзҳои давлатӣ ва ҷудо намудани нафақа ба иштирокчиёни набардҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Қонунгузории ҷории кишвар инъикос наёфтааст. Яъне дар қонун нест, пас дар амал ҳам нест!

Ин посухро ба мо ҳам дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҳам дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва низ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доданд. Ягона имтиёзе, ки қисмате аз ин шахсон доранд ин роҳкирои ройгон дар нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе асту халос ва он ҳам соли 1993 бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст. Ҳоло чунин шӯро нест…

 

Автобусу троллейбуси бепул

Тибқи рӯйхати МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», ки ба редаксия дастрас гардид, чунин шахсон ба рӯйхати шахсони имтиёздорро зимни истифодаи нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе шомил мешаванд. Мо ин рӯйхатро чанде пеш нашр карда будем ва тасмим гирифтем бори дигар онро рӯи чоп оварем.

-Кӯдакони ятим ва бепарастор, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, (қисми 3 моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 2 январи соли 2018 №1489)

-Кӯдакони то синни 5 сола бе ҷудо кардани ҷои алоҳида бепул ва хурдсолони синнишон аз 5 то 12 сола бо пардохти 50 фоизи арзиши чипта (моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» аз 29 ноябри соли 2000, №22).

-Ветеранҳо (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» аз 7 апрели соли 1995, № 4759)

-Шахсоне, ки сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон гардидаанд (сархати банди 2, моддаи 33 - боби 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 феврали соли 2017, №378-5).

-Маъюбон (моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» аз 29 декабри соли 2010, №75).

-Шахсоне, ки нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои таъин намудани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 июни соли 2007, №353).

-Шахсоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил зарар дидаанд. Сархати 6 моддаи 8 боби 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» аз 22 феврали соли 2007, №284). 

-Узви Маҷлиси Миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон (сархати 1 моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 августи соли 2001, №43).

-Вакили Маҷлиси вакилони халқ дар ҳудуди Маҷлиси вакилони халқи дахлдор (моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» аз 13 декабри соли 1996 №324).

-Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 6 моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 02.2017 - № 1389, аз 30 майи соли 2017 №1441).

-Прокурорҳо ва муфаттишон (сархати 9 моддаи 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 майи соли 2017 №1410).

-Хизматчиёни ҳарбӣ (кисми моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» аз 2 январи соли 2018 №1479)

-Кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008, №362).

-Шасоне, ки баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои (низоъ) мусаллаҳона иштирок намудаанд (Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки иштирок дар ҳаракатҳои мусаллаҳ (низоъ) оид ба ҳифзи сохти конститутсионӣ ва дар натиҷаи ин низоъҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар дидаанд, инчунин бесаробон мондани аъзои оилаи шахсони зикргардида аз 29 июни соли 1993, №312).

-Кормандони милитсия (қисми 25 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» аз 17 майи соли 2014, №41).

-Шахсони мансабдори мақомоти гумрук (банди 1 моддаи 496 боби 60 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004).

Тавре мебинед тамоми кормандони мақомоти қудратӣ, депутату мансабдору муфаттишон имтиёз доранду муаллиму духтур не…

 

Пешниҳод аз ҷониби кист?

Газетаи мардумии СССР имрӯз ягона рӯзномаест, ки аз таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва қисмату рӯзгори иштирокдорони набардҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ менависад. Аксари иштирокчиёни набардҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ мухлис ва хонандагони ашаддии газетаи мо ҳастанд. Дар байнашон ҳастанд нафароне, ки дар ҷангҳои солҳои 1991-1997 маъюбу маслуқ гардида аз дасту пой маҳруманд, вале на имтиёз доранд, на кӯмакпулӣ ва на доруи ройгон мегиранд. Онҳо мисли ҷанговарони башардӯст ва нафароне, ки дар фалокати атомии Чернобил зарар дидаанд, ҳар сол ройгон дар Харангону Варзоб истироҳат намекунанд, дар иду айём касе на онҳоро ёд мекунаду на хотираашонро гиромӣ медорад ва тавре ба назар мерасад, онҳо куллан ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд. Вале чунин набояд бошад!

Маълум аст, ки нафақаву имтиёз ва дигар бардорбардориҳои ҷанговарони башардӯст ва зарардидагони фалокати Чернобил аз давраи советӣ ва қонунгузории советӣ нусха шуда, ба таври автоматӣ ба қонунгузории имрӯзи мо гузаштааст, аммо чаро ба хотири ҷанговарону қаҳрамонони Ватан, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҷон кандаанд, наметавонем ба чанд моддаву боб тағийроту иловаҳо ворид намуда, ин ҷавонмардони патриотро лоақал бо нафақа таъмин намоем?

        Посух якест: Мутаассуф дар парлумони мо 4-5 депутате нест, ки қобилияти фикрронӣ, идеясозӣ, пешбарии ғояҳои ватандӯстӣ дошта бошанд. Аксарият ба таври ура-патриотизм қонунҳоро аз дигар давлатҳо копӣ карда, ба овоз мемонанду кори хирс тамом! Ҳол он ки агар ҳамин барқарорсозони ҳукумати констиутсионӣ намебуданду Худое накарда, исломистони Нурӣ пирӯз мешуданд, ҳоло парлумон неву Луи Ҷирга ва ё Шӯрои ҷиҳод медоштем…

           Хушбахтона ҳоло низ ҳастанд намояндагоне, ки дар фикри халқу ватананд ва зимнан аз номи ҳазорҳо нафар иштирокдорони набардҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ аз Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон, ки узви Парлумони кишвар аст, хоҳиш менамоем, ин мавзуро дар парлумони мамлакат матраҳ намояд. Зеро ин афрод, ба вежа онҳое, ки маъюб шудаанд, хонаводаҳои сардори оиларо аз даст додаанд, ҳатман бояд аз нафақа ва имтиёзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор бошанд. Ин ҷо гап сари имтиёз нест, гап сари амалҳои таҳрикдиҳандаи патриотизм барои насли нави дигар аст.

Имрӯз мо ба қадри қаҳрамонҳои қурбониамон нарасем, пагоҳ ин ватанро кӣ ҳифз мекунад? Суоли матраҳ аст, ба палатаи поинии парлумони кишвар…

 

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter