ХАБАРИ ДОҒ

Пешгирӣ аз террори журналисти шинохта

  • Чоршанбе, Фев 23 2022

Дар тӯли 2 моҳи ахир ин барои бори 2 аст, ки фанатҳои исломгарой ба ҷони Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Талбаков) суиқасд карданианд. Бори аввал 1 зодаи н. Файзобод (ҳамшаҳрии Кабирӣ) дастгир шуд, ки хеле ҷавон ва ҳамон қадар фанату камхирад будааст. Бори 2, ки ҳамагӣ 2 рӯз пеш ба вуқуъ пайваст, 1 сокини ҷавони Душанбешаҳр мехост Абдуқодирро ба он дунё равон кунад…

        

Роҷеъ ба ҷилавгирӣ аз террори якуми хеш, журналисти саршинос хамӯшӣ баргузид. Ҳарчанд он моҷаро бояд расонаӣ мешуд. Вале Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар сӯҳбат бо СССР гуфт, «ба хотири халал нарасонидан ба парвандаи тафтиш» хомӯш мешинад. Маълум буд, ки журналист бо он ифротӣ во хӯрдааст ва ба гуфте «аз гуноҳаш ҳам гузаштааст»…Аммо хабаргузориҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, ки аз пашша фил месозанд, ин моҷароро надиданд…

            14.02.2022. Роҷеъ ба таҳдиди 2, ки гуфта мешавад, ифротии ҷавоне каштали журналисти дар сину сол баробар бар падарашро гирифтаву кашмакаш ҳам кардааст, баъди он расонаӣ шуд, ки Абдуқодир аз телефони боварии ВКД шикоят карда, онро сусткор номид.

Вале дар асл, маълум шуд, ки милисаҳои зираки мо амдан журналистро ба кашолкории хеш даргир кардаанд, то ӯ дар саҳифааш инро нависад ва ҷинояткор бепарво гашта ба дом уфтад.

14.02.2022. Соат ба вақти Душанбе нимашаб. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Чанде ба баъд А. Абдуқаҳҳор аз кормандони милисаи Сино 2-и пойтахт ва шахсан аз Сайфулло Ҳабибов изҳори сипос намуд, ки фанатро дар наздиктарин фурсат, баъди гашти ӯ аз зери камераи 8-ум (дар ҳар камера ӯро мақомот «роҳбаладӣ» мекард), дастгир кардаанд.

Маълум шуд, ки мақомот барои 100% мутмаин шудан, ки он ифротӣ ҳамин аст, ӯро аз назар гузаронида, бо акси бардошта аз камераи аввал, ки фанат сару фуки худро бо «вандамкаи сурх» пинҳон мекард, омӯхта, мутмаин гаштаанд, ки ҷинояткор ҳамин аст. Брависсмо, милисаи пойтахт!!!

 

Бо акси Домулло Абдурахими Казокони!!!

 Домулло Абдураҳим ва Домулло Абдуқодир

Абдуқодири Абдуқаҳҳор мегӯяд, ун фанати ҷавон ба ин хотир, ки ахирӣ бо Домулло Абдураҳими Қазоқонӣ сари иззат аз гузаштагони Тоҷик баҳс карда буд, ба ҷонаш қасд кардааст. Абдуқодир афзуд, ки дар навори видеоии ютубияш Абдураҳими Қазоқонӣ дар 16 дақиқа миллати Тоҷикро ҳакорат медод ва гузаштагони моро нафрату лаънат. Бар тибқи гуфтаи журналист, ин домулло ҷои баҳс бо ӯ, ахириро зардуштӣ, кофир хондаву таҳдиди террор ҳам кардааст, ки мақомот бояд мӯйро аз хамир ҷудо созанд.

Журналист дар баҳсаш бо ин домулло мегуфт, «О, шумо ва шумобаринҳоро ягон араб маҷбур намекунад, ки ба гузаштаатон нафрат хонед. Чаро чунин мекунед? Магар ягон араб даврони ҷоҳилияташро баду сақат мегӯяд? Ягон ӯзбеку қирғизу қазоқ мегӯяд? Неъ. Пас чаро мо бояд бигӯем???».

Хуллас, ин 1 баҳси мағзист, ки гумон меравад, мағзи муллои қазоқонӣ намерасад ба дарки он ва фикр дорад, ки гузаштаашро тарафгир шуд, кофир мегардад. Фарзияи пучу бемағз, ки дархӯрди каллаҳои чунин муллоҳост.

 Абдуқодир наметарсад!!!

15.02.2022. Баъди ин таҳдидҳо журналисти тоҷик боз ҳам пофишорона дар мавқеи худ баромад карда, собит сохт, ки аз таҳдиду таҳқири ин камхирадон наметарсад. Ӯ душманони камхирадашро бо шумули домуллои қазоқониву муридони фирефтааш ба гурӯҳи 50-хислатае ворид карда менависад:

50 ХИСЛАТИ РАЗИЛАИ ИНСОН

Худованд дар рӯи замин зимни офариниш тавозунро хуб риоя намудааст. Барои мисол: Инсон - шайтон, рӯз-шаб оқил-ҷоҳил, тар-хушк, некӣ-бадӣ ва ғайра. Агар инсонхои вораставу комил дорои 50 хислати ҳамида бошанд, хатман инсонҳои нокомилу ҷоҳил дорои 50 хислати разила мебошанд. Агар бовар надоред хонеду ҳисоб кунед:

Ҷоҳил, сияҳдил, ғофил, тангдил, бахил, коҳил, қотил, муфтхӯр, пурхӯр, мағрур, ҳарромхӯр, манфур, судхӯр, ҳиллагар, буҳтонгар, шумхабар, ғоратгар, кинавар, таънагар, пархошгар, хиёнаткор, ҷинояткор, одамбезор, дилозор, зинокор, ситамкор, риёкор, тамаъкор, бадгумон, беамон, беодоб, бенасаб, беномус, бешараф, нохалаф, беобру, дурӯғгӯ, тарсу, дуруя, бетарбия, майзада, бехудо, нохалаф хабаркаш, нотавонбин, мунофиқ, фосиқ, ғайбатчӣ, туҳматчӣ, бангӣ. Дар кадом паллаи тарозу ё дар кадом ҷабҳа будан ба мову шумо вобастагӣ дорад. Бошад, ки мову шумо аз ин хислатҳо орӣ бошем.

 Нест бод терроризм!

Бо ҳамин шиор даҳҳо тан аз журналистони Тоҷик бар ҳимояти ҳамтои худ бархестанд. Вале во аҷабо, ки миёни онҳо 1 корманди Радиои Озодӣ, ВВС, журналистони грантхӯри ОБСЕ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ набуд. Ҳатто Бомдодкоме, ки сахт овоз барорӣ аз он мешнавӣ, хомӯш монд.

 АРАБЗАДАГӢ

Саъдии Маҳдӣ журналисти Тоҷик дар ин бастагӣ навишт, ки

-Сабаби асосии ба Абдуқодир таҳдид намудани фанатикбачаи гирёнчак арабзадагии баъзе муллоҳои мост. О, шумо кадом паямбари аҷамро эътироф намудед?! Ҳама паямбарони Бани Исроилро қабул доред, вале тоҷику форс паямбар надоштааст, мегӯед. Куруши Кабирро «Таврот» паямбар мегӯяд, аммо арабзадаҳои мо не. Ҳазор сол шуд Зардуҳуштро сиёҳ кардаанд ва мекунанд. Анушервони Одил (қавли паямбар, ки арабзадаҳо инкораш мекунанд) ва Буҳургҷамҳири ҳакимро дашном медиҳанд, ки Шоҳмот - шатранҷро кушод ва дар баробараш Нардро сохт. Арабзадаҳо ин 2 бозии тоҷикро ҳаром мегӯянд, аммо шамшербозии арабро раво медонанд. Қиёси Абуҳанифаро низ инкор мекунанд ин салафимаобон.

Бобоҳои пешазисломии мо магар гунаҳкоранд, ки пеш аз ислом зода шудаанд? Ҳеҷ миллате ба гузаштаи худ санг наандохтааст, ки ин арабзадагони тоҷик меандозанд. Номи тоҷикиро инкор мекунанд ва ба ҷояш Абдулло (Абдулло номи пешазисломист!) мемонанд! Маънои номи Манижаро ҷодугар гуфта, ба Соҳираи арабӣ ивазаш мекунанд.

Ҳеҷ кас баргашта Зардуштӣ шуданӣ нест. Аммо надониста, ба ҷадди худ санг задан ин нохалафист. Дар Қуръон «Собиин» (ситорапарастон) неку тавсиф шудааст. Бобоҳои мо яктопараст буданд. Қиблаи Собиин ҳамин Офтоб буд. МИТРО меҳрпарастӣ асоси астрономӣ дорад, зеро Замин дар гирди Офтоб давр мезанад. Яъне Замин дар 365 рӯзу 5 соату 48 дақиқа 1 маротиба дар гирди Офтоб тавоф мекунад. Ин ниҳоят дини қадим аст. Зардуш баъд пайдо шуд. Наврӯз ибтидои ин тавоф аз дини митроӣ мондааст, яъне пеш аз Зардушт.

 Такфири навбатӣ

 Нафаре бо фейки Абулқосим Қосимиён бошад, боз ҳам тоҷикпарастонро такфир зада менависад:

-Дин аз рӯзи аввалин Паёмбар офарида шуданаш буд. Аз Ҳазрати Одам алайҳиссалом. Зардушт бисёр нагӯед, асрори дини Зардуштиро ҳозир агар як ба як мақолаҳо нависанд, кам нестанд. Дини Ислом покизатарин дин аст ва ҳақтарин дин аст ва комилтарин дин аст. Шумо дар шинохташ ақлкутоҳед…

  Барои чӣ муллои тоҷикро бад мебинам?

 

Сафват Бурҳонов, журналисти шинохташудаи муқими Одесса бошад, дар зимн менависад: 

Ҳич тоҷики баақл мулло намешавад. Баақл медонад, ки муллоӣ масъулият дорад, ҷавобгарӣ дорад. Гуҷое 1 бемағзи нокораест, ки ҳич чи аз дасташ дар зиндагӣ намеояд, мулло мешавад. Ва ин нокораи бемағз ҳазор сол бештар ба тоҷик хиёнат мекунад. Сари тоҷикро мехурад. Пеши роҳи тоҷикро медорад.

Оё боре андеша кардаед, ки чаро Хоразмию Пури Синоҳо 1 омаданду дурахшиданду гум шуданд? Чаро онҳо академияҳо насохтанд? Чаро шогирдон парвариш накарданд? Бо он донишҳое, ки онҳо он рӯзгор доштанд, агар муллои хар намедоштем, имрӯз мо Япония мебудем. Имрӯз мо пешрафтатарин мардум мебудем.

Ин харҳои бадбахт, азбаски тавони мағзашон (он поруро мағз гуфтан шавад агар) ба фаҳмидани донишҳои Хоразмиҳою Пури Синоҳо намерасид, онҳоро кофир хонданд. "Маҳкамаҳои шаръӣ" меоростанд, то ягон "куфр" дар навистаи бузургон ёбанд, сангсорашон кунанд. Ин палидакҳо, медонед кадом рӯз вопасин бор Пури Синоро "маҳкамаи шаръӣ" карданд? Аккурат, дар рӯзи револютсияи кабири Ленинӣ! Дар майдони Бухоро рӯзе куфри Пури Синоро "исбот" мекарданд, ки дар Петербург револютсия шуд. Беҳтарин мағзҳои тоҷикро лайлиюмаҷнуннавис карданд инҳо. Инҳо мағзи тоҷикро ахта мекарданд ва мекунанд. То тоҷик инро нафаҳмад, бечорагии инҳоро ба рӯяшон накашад, ҳаргиз пешрав нахоҳад шуд. Медонед чаро? Бинед, фарзандони беҳтарин донишмандони имрӯзи моро "мулобача" кардаанд. 1 ба гирду гӯшаатон нигаред, мебинед. Барои ҳамин аз Нилс Бори тоҷик Оге Бор намебарояд.

Ниг.ба акс: Марде, ки дар тарафи чап аст, Нилс Бор, яке аз нобиғаҳои физикаи назариявӣ аз Дания мебошад. Соли 1922 сазовори ҷоизаи Нобел дар илми физика гардид. Ҷавонтар аз ӯ писараш Оге Бор аст, ки дар тахта масоили физикиро ҳал мекунад. Ӯ ҳам соли 1975 барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика шуд. Писарбачае, ки ба онҳо тақлид кардан мехоҳад, набераи ӯ Томас Бор аст. Айни замон профессори Донишгоҳи техникии Дания мебошад. Илм ва меҳру мухаббат ба он доимо инкишоф меёбад. Байни бобою писару набера фарқ намекунад!

 

Таснифи М.Мубориз

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter