ХАБАРИ ДОҒ

 

Барои навишти ин матлаб маро мактуби зер такон дод. Воқеан ҳам, номаи муҳоҷири россиявии мо номаи дод аст, бонги изтироб аст, ҳушдор аст. Ва то Ҳукумат дар сатҳи болотарин, Вазорати меҳнату муҳоҷирату нафақот ва маориф сари он кор накунанд, таҳқири миллат қатъ намегардад. Барои ин кам коре мебояд кард, вале агар кардан хоҳем(анд). Воқеан ҳам дар бораи вазорати муҳоҷират…Бояд 1 чунин вазоратхонаи вежае таъсис дод! Зеро қудрате, ки нисф беши даромади буҷҷаро таҳия мекунад, яъне муҳоҷирони кор, чаро вазоратхонаи алоҳида ва дар симои он корфармову корҷӯву корёбу пуштибон надошта бошанд? Фарзи мисол ҷои вазорати кишоварзиву кумитаи амволу антимонополия ва дигару дигар, ки на буданашон маълум асту на набудашон, бигзор вазорати муҳоҷират бошад ва ин вазоратхона мутахассис омода кунад ва раванди муҳоҷиратро 100% таҳти контрол бигирад. Имрӯз бигиред, то фардо нагиранд онҳоро аз мо. Киро? Муҳоҷиринро. Бовар кунед мегиранд. Агар нагирифта бошанд. Амониддин Қодиров, муҳоҷири Санкт-Петербургии мо, моҳе қабл бонги изтироб зад, ки «Ака, дар Россия аз муҳоҷирон барои мо бомбаи атомӣ омода карда истодаанд!». Сари ун ҳушдор бармегардем. Вале ин мактуб, ки моро таҳрик дод, дигар аст…

«Ассалому алайкум акаи Сайёф. Хаста набош. Рӯзҳои охир дар шабакаҳои ичтимоъӣ мавзуъи ҳамватанони мо дар Русия ва ҷойгоҳи онҳову навъи бархурди мардуми рус ба онҳо сару садои зиёд ба бор овардааст.  Мутаассифона, моҳҳои охир қонуншиканиву ҷинояткории ҳамватанони мо ин ҷо афзудааст. Гуфтаниҳо зиёд... Хуб мебуд, ки мардум қабл аз ин ҷо омадан ва ё сафарбар намудани фарзандонашон омода бишаванд. Лоақалл забон бидонанд! Дар Русия ҳама ҳамватанони мо Джамшуду Равшан ва гастарбайтер нестанд, ки дар азоб бошанд. Онҳое ин ҷо мушкил бо қонун доранд, асосан афроди бесаводу бетарбият мебошанд. Маҳз ҳаминҳо даст ба ҷиноёт мезананд, ки обуруи ҳамаи моро хатчадор мекунад. Аз ту эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки перомуни ин мавзуъи доғ ва мушкил матлабе омода бикун. Таъсири ҳарфи ту дигар аст. Худо нигаҳбонат бод, бародари арҷманд.

Ёсини Султон Сафарзода

Ш. Москва»

            Усулан ҳама мушкилро ин бародари гиром, ки хидмататон арз кунам, солҳое қабл миёну ману ӯ ҳамдигарнофаҳмиҳо вуҷуд доштанд, ба пуррагӣ барчидааст. Пас, чӣ бояд кард? Борҳо гуфтаву боз мегӯям:

-Ба Россия мутахассис бояд равон кард, на гастербайтер! Муҳоҷират дар даврони мо айни савоб аст ва кишварҳое бузург чун Чину Ҳинд, Филиппин ва Амрико… давлати худро рӯи муҳоҷират барпо кардаанд. Вале чаро чиноиву ҳинду дар хориҷ аз кишварашон таҳқиру табъиз намешаваду Тоҷик мешавад? Дур намеравем, чаро қирғизу ӯзбек неву Тоҷик Ҷамшуду Ровшан гардид? Зеро муҳоҷири тоҷик аввал, ки пуштибон надорад, дар симои вазоратхонаи кишвардорияш ва 2 ин, ки худи  (мо)-онҳо гунаҳкор(ем)анд.

Ёсини Султон ЯГОНА нафаре шуд, ки ғалати миллӣ, хатои миллӣ ва Иллати миллатро фош ба ман навишт. Аз мост, ки бар мост! Мо бесаводонро равонаи Россия мекунем, афродеро, ки «мая твая не понимаш»-ро ҳам намедонанд ва аз миллати рус, боз мо, талаб дорем, ки миллати моро иззат гузорад? «С какой стати» урус бояд моро ҳурмат кунад, вақте мо қонуну қоидаашро намедонем, фарҳангашро қабул накардаем ва забонашро намефаҳмем?!

Тоҷикбача (ҳммм тоҷикмардаку тоҷимӯсафедак низ) ба Москва фаромада, гулдухтари русро бо «мини-юбка» бинад, оби даҳонаш (ва на танҳо) мешорад. Фикр дорем(анд), ки бонуи рус ҳама фоҳишаанду бо онҳо чӣ коре хоҳем метавон кард. Фикр надорем? Ещё как дорем!

«Культурный шок» медонед чист? Ана ҳамин аст. Вақте аз Тоҷикистон ба Амрико меравед, ҳатман курсҳои махсуси «культурная терапия», «культурный шок» мегузаред. Хидмататон арз кунам, ки элитаи Тоҷик Амрико меравад ва маҷбур аст, ин курсҳоро гузарад. Вагарна рафта гаранг мемонӣ. Аз таҷруба мегӯям. Бо ин ҳама дастурҳо, шахсан ман, СМ тоҷиконеро дидаам, ки баъди ин қадар семинар-омӯзишҳо хонуми амрикоии нимабараҳнаро дида, даҳон мазза медоданд.

Эй мардум. Нимабараҳнагӣ нишони фаҳшои аврупо-амрикоиёну русҳо нест. Ин фарҳанги либоспӯшишон аст ва агар таваҷҷӯҳ кардаед, мардҳои худашон аслан ба пушокаи бонувон таваҷҷӯҳ намекунанд. А, муҳоҷири мо чӣ фикр мекунад? Мардони онҳо ҳизанд… Яъне 1 юбкаи 2 духтари рус барои миллати мо иллат мегардад. Ва ин ҳоло чизе буд, ки саридастӣ рӯяш тамаркуз кардем.

Одоб, муошарат, иззат, фарҳанги эҳтиром дар он ҷо тамоман дигар аст. Дуруст аст, ки мисли Тоҷик ба 1 тӯй 500 кас намеояду дуруст аст, ки то охири умр урус тани танҳо мезияд ва ҷавони урус ба солхӯрдаи рус дар автобус ҷо намедиҳад.  Вале ин ба маъние нест, ки урус, амрикоӣ, аврупоӣ…ваҳдати миллӣ надорад. Қандата хӯру 1 русро таҳқир кун. Автобус, метро, самолёт, давлат, республика, дума, президент, Армия сари по мешавад. Намуна мехоҳед? Ҷанги Украинаро мисол орам, ё худ медонед?

     Муҳтарам Ширин Амонзода-вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Саидзода Раҳим Ҳамро-вазири тозатаъини маориф ва илм, М. Зокирзода-раиси Парлумон, Абдулло Раҳмонзода-раиси кумитаи ҷавонон БОЯД дар навбати аввал ба моҷаро наздик оянд ва нагузоранд, ки 1 муҳоҷири бе савод, бе тарбият, бе фарҳанг, бе касаба ва бе гузашти курси «культурный шок», ба муҳоҷирати кор равад.

Забонро намедонӣ? Билет нест?

ПТУ, колеҷи ҳунарӣ нахондаӣ, билет нест!!!

Сахт гирифтам? Бояд сахт гирифт, вақте сухан сари имиҷи миллат аст:

Адаб шарт аст, агар фарзанд шӯх аст,

Саги девонаро дору кулӯх аст!!!

Бовар кун хонанда, дар сурати роҳандозӣ кардани ин усул ҳам дар Тоҷикистон ҳазорон ҷои кори нав таъсис меёбад ва низ садҳо ҳазор ҷавону навраси болиғилм ва соҳибтахассус ба Россия меравад ва дар 2-3 сол нақши Ровшану Джамшуд ба хизонаи таърих. Ва Ёсини Султон Сафарзода, ба суолоти хеш посух меёбад.

Дар аҷабам, ки чаро то ҳанӯз ин корро Давлати Тоҷикон накардааст?

Ҳаргиз сарам зи косаи зону бурун нашуд,

Ин ҷо ба зери коса бувад, нимкосае???

Мо Метавонем!

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter