ХАБАРИ ДОҒ

Шербачаҳои Хонаобод, куҷоед?

  • Чоршанбе, Март 02 2022

 

Муҳаммадсидиқи Саид, мухлиси ашаддии газетаи мардумӣ ва футбол, мураббии дастаи овозадори Мардакчаҳои СССР ба идора занг зада, гуфт, ки дар интизори азму талоши шербачаҳои деҳаи Хонаободи шаҳри Кӯлоб аст.

   - Пас аз чанд муроҷиатам ба собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, раис дар деҳаи Хонаободи шаҳри Кӯлоб барои бунёди 1 майдончаи муосири варзишӣ ва майдони футбол замин ҷудо карда дод. Деҳаи Хонаобод 3300 нафар аҳолӣ дорад ва дар байни онҳо 12-15 нафар ҷавонмардони асилу сахӣ низ ҳастанд, ки метавонанд дар бунёди майдончаи варзишӣ саҳми худро гузоранд. Алалхусус он замоне, ки ин майдонча ба фарзандони эшон лозиму даркорист. Куҷоед, шербачаҳои Хонаобод, ки майдон аз далер аст!?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter