ХАБАРИ ДОҒ

«Тоҷиксодиротбонк»: пасандозамро баргардонед!

  • Чоршанбе, Март 09 2022

 

Файзиддин Юсуфзода хонандаи ҳамешагии газета, омӯзгори муассисаи таълимии №45-и н. Шаҳритус ба идораи газетаи мардумии СССР занг зада (тел: 934050137), гила аз бонки «Тоҷикисодиротбонк» кард.

   - Ман соли 2015 ба «Тоҷиксодиротбонк»-и ноҳия 7700 сомонӣ пасандоз гузоштам. Соли 2019 3 бонки ноҳияҳо, яъне ноҳияҳои Н. Хусрав, Шаҳритусу Қубодиёнро ба н.Қубодиён мутамарказ карданд. Пас аз муфлис шудан бо 1 дастури бонкӣ фармон доданд, ки маблағҳои хурд оҷилан пардохт карда шаванд. Инак ман тӯли 2 сол аст, ки дар 1 ҳафта 3 маротиба 20 сомонӣ роҳкиро карда, ба Қубодиён мераваму меоям.

Аз мушоҳидаҳоям мебинам, ки мардум бо роҳи «таға»-бозӣ маблағҳояшонро мегиранд. Аҷиб дар он аст, ки мардуми бе «таға» додашро ба кӣ гуяд!? Ман соҳиби 5 фарзандам, 4 фарзандам хонандаи мактаб мебошанд, модарам нафақахӯр, ҳамсарам хонашин ва маоши ман 1050 сомонӣ аст. Ман чи тавр  зиндагиамро бо ин маош пеш барам?  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter