ХАБАРИ ДОҒ

«Рояли сафед»: Душанбе, Варзоб, Мкртчян, Магомаев ва 20 миллион тамошобин

  • Чоршанбе, Март 09 2022

 

Пас аз баромадани филми «Бандии Қафқоз» («Кавказская пленница») коргардони шинохтаи тоҷик Муқаддас Маҳмудов нияти ба навор гирифтани 1 филми мусиқӣ-мазҳакавиро намуда, дар ҷустуҷӯи ҳамчунин 1 сенария шуд. Айнан ҳамон сол – 1967 кинодраматурги соҳибкасб Тимур Зулфиқоров ба киностудияи «Тоҷикфилм» сенарияеро бо номи «Рояли сафед» («Белый рояль») меорад. Сужаи филм осону мазҳакавӣ буд: - дар ҷустуҷӯи рояли сафед аз Маскав ба Душанбе санъатшинос Алла Арсенева омада, бо оҳангсози машҳур Юсуф Аҳмадов (Фрунзик Мкртчяни номӣ) ва оҳангсози дигари ҷавон Шодӣ ошно шуда, мафтуни суруду садои сароянда Лола мегардад. Пас аз чанд воқеоти шавқовар роялро пайдо намуда, ба Маскав ба Осорхонаи асбобҳои мусиқӣ мебаранд.  

Фрунзики тоҷик

Сенарияро хонда, Муқаддас Маҳмудов дарҳол бо оҳангсози шинохта Александр Затсепин суҳбат карду ӯ дар фурсати кутоҳ ба филми нав оҳанг баст. Ҷустуҷӯи актёрон низ зиёд тӯл накашид, ба нақши асосӣ Аҳмадов  (он же) Фрунзик Мкртчянро даъват кард, ки танҳо намоиш додани симояш аллакай ба лаб табассум меоварду ба тоҷикон хеле монанд буд. Нақши Алларо ситораи вақти Театри Таганкаи Маскав-Нина Шатская, нақши Лоларо бошад ситораи балети саҳнаи тоҷик Сталина Азаматова бозиданд. Ба нақшҳои на он қадар калон актёри рус Алексей Смирнов, актёри туркман Акмурод Бяшимов ва актёри ӯзбек Майрам Яқубова даъват шуда буданд.

Муслим Магомаев ва консерти барпонашуда дар Душанбе

Танҳо қаҳрамони нақши оҳангсози ҷавон Шодӣ номаълум монда буд, Муқаддас Маҳмудов орзу дошт, ки ин нақшро Муслим Магомаев, сарояндаи шинохтаи СССР иҷро намояд, зеро дар филм Шодӣ ҳам суруд мехонад, ҳам роял менавозад. Муслим Магомаев ва коргардони ӯ ба шаҳри Душанбе пас аз гастроли Ӯзбекистон омада буданд. Муслим Магомаев дар кинотеатри ба номи Ҷомӣ консерт дошт, вале ин консерт бо сабаби он, ки Муслим ва коргардони ӯ пас аз роҳ хаста шуда, маст буданд, дар меҳмонхона хобашон мебарад, баргузор намешавад. Мардум 40 дақиқа дар театр баромади Муслимро интизор шуданд, вале консерт баргузор нашуд. Дар ёдам ҳаст, ки он замон ман ва дигар духтарони наврасу ҷавон аз баргузор нашудани консерти ситораи санъати СССР, Муслим Магомаев дар Душанбе ва надидани ӯ нороҳат шуда, хуб гириста будем.

Сиёсати ҳизбӣ

Муслим Магомаев ба киностудияи «Тоҷикфилм» омада, бо коргардон Муқаддас Маҳмудов ва директор Обид Ҳамидов вохӯрд, вале аъзои ҳизб ба хотири барпо нашудани консерт, бо иллати мастияш, ба Муслим иҷозат надоданд, ки дар филми «Рояли сафед» нақш бозад. Он замон сиёсат чунин буд!!! Муқаддас Маҳмудов бо Магомаев суҳбат карда, ба қарор омад, ки сурудҳои филмро ҳатман Муслим мехонад. Александр Затсепин маслиҳат медиҳад, ки барои иҷрои нақши Шодӣ Руслан Аҳмадовро интихоб намоянд. Руслан (ронандаи Шурик бо нидои «Да будь проклять тот день, когда я сел за баранкой этого пылесоса») аллакай дар филми «Бандии Қафқоз» нақш бозида, шинохта шуда буд.  

 

«Карйераи» ман

Филми «Рояли сафед»-ро дар кӯчаҳои Душанбе, дараи Варзоб ва павилёнҳои киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор мегирифтанд. Он замон модари ман дар ин киностудия кор мекард, ӯ мудири шуъбаи кадр буду ман вақтамро дар павилёнҳои «Тоҷикфилм» мегузаронидам. Маро сар аз директор то фаррош ҳама мешинохтанд.

Рӯзе ҳангоми бозӣ садои мусиқии форамро шунида, ман ба яке аз павилёнҳо сар халондам. Онҷо тӯйи арӯсии Лола ва Шодиро ба навор мегирифтанд. Даромада дар паси коргардон рӯи сандалие нишаста, ба наврасоне, ки рақс мекарданд бо ҳавас чашм андохтам. Баногоҳ овози Муқаддас Маҳмудов баланд шуд, вай гуфт, ки дар рақс 1 духтарча намерасад. Гуфтанд, ки бемор шуда, наомадааст. Яке ӯ маро дид, ки дар пасаш нишастаам ва гуфт: «Лида, туро Худо расонд! Тез либосашро иваз кунеду ба саҳна бароред!».

Ба ман либоси зебо пӯшониданд, 1 соат руйю мӯямро оро дода, ба саҳна бароварданду ман рақсидам. Замоне, ки ман дар рақс будаму ин саҳнаро ба навор мегирифтанд, модарам маро хуб мекобад. Яке аз ронандаҳо мегӯяд, ки ман ба павилёни филми «Рояли сафед» даромадаам. Модарам рост ба павилён омада, ба Муқаддас Маҳмудов гуфт-«Ягон хел съемка нест, ягон хел филм нест!». Ҳамин тавр карйераи кинои ман хотима ёфт, вале ишқи кино дар дилам барои ҳамешагӣ монд.

Ёдашон ба хайр!

Аксарияти шахсиятҳои, ки филми «Рояли сафед»-ро сохтанд, имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, Фрунзик Мкртчян, Сталина Азаматова, Руслан Аҳмадов, Алексей Смирнов, Акмурод Бяшимов, Нина Шатская, Майрам Яқубова, соли 1991 Муқадас Маҳмудов низ аз олам чашм пӯшид. Танҳо Устод, Мастер ва Файласуфи замон Тимур Зулфиқоров, муаллифи сенария, дар қайди ҳаётанд ва умрашон дароз бод.

Дар оғоз Филми «Рояли сафед»-ро барои набудани идея, сужаи бомаъно бисёр танқид карданд, вале ин филмро дар кинотеатрҳои СССР беш аз 20 миллион нафар тамошо карданд. Ин албатта муваффақият буд.

Лидия Исамова,

Киношинос ва журналист,

Аз СССР: Боре устод Зулфиқоров, ба сардабири газетаи мардумии СССР,  қисса кард, ки дар кӯчаҳои Душанбе Ҷаббор Расулов-котиби аввали партияи Коммунистиро дидам, ки шиква кардаву гуфтанд, «Тимур-ако, о, чаро дар филматон таксистҳои пойтахти РСС Тоҷикистонро бо Смирнови маъруф дар харҳо тасаввур кардаед? Леонид Брежнев ин филмро дида, ба ман занг заданду гуфтанд, ба Душанбе таксиҳои замонавӣ равон кунед. Ман гуфтам, Леонид Илич, ин саҳна барои ханда буду бас. Мо таксӣ дорем!!!»

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter