ХАБАРИ ДОҒ

Ҳамаи ҷабр ба мардуми бечора

  • Ҷумъа, Март 18 2022

Моҳистон Ҳақбердиева мухлиси ҳамешагии СССР ба идораи гзетаи мардумии СССР дар вилояти Хатлон занг зада (тел 555532078), гила аз поён рафтани қурби асъор ва беинсофӣ аз кормандони ҳамаи бонкҳо кард!

Дар муноқишаҳои байни 2 давлати Русия ва Украина чандин 1000 фавтида 1000-ҳо захмӣ шуданд. Худованд нигаҳобон бошад ҳамаи бандагонашро. Гилаи ман дар он аст, ки 2 писарам барои беҳбудӣ шудани оила дар муҳоҷират кор мекунанд. То сар задани муноқишаҳо, 1000 рубли русӣ баробар ба 145 сомонӣ буд. Ҳамолӣ фарзандам ба ман 30.000 рубли русӣ равон кард, масъулини бонк мегуянд, ки мо маблағи русӣ надорем ва дар ивази рубли русӣ маблағи сомонӣ медиҳем. Инак 1000 рубли русӣ 96.26 сомонӣ мешавад. Маҷбур шудаму гирифтам. Аммо дар худи бонк хариди 1000 рубли русӣ 130 сомонӣ, фурӯш 138 сомонӣ. Магар ин аз рӯйи инсофу мусалмонист!? «Гур сузаду дег ҷӯшад»!? Дар ҳама ҳолат бечораи кабағал саргардон аст. Умедворам, ки ҳукумати ҷумҳурӣ сари ин масъали корбарӣ мекунад!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter