ХАБАРИ ДОҒ

 

 Шаҳнозаи Раҳмат хонандаи деринаи газетаи СССР аз н. Вахш занг зада (тел 480050550), нигаронӣ аз обунаи мҷбурӣ ба хонандагонӣ синфи 1-2 кард.

-Ба аҳли эҷодкорони СССР дуруд! Ман ва дигар волидайне, ки фарзандонашон, дар синфи 1-ум мехонанд, мо танҳо 1 савол дорем ба Вазорати маориф ва илми ҶТ, ки барои хонандаи синфи 1 обунаи маҷбурӣ чӣ лозим!? Хондан як сӯ, ӯ «а»-ро аз «б» фарқ карда наметавонад. Чаро масъулини маорифи шаҳру ноҳияҳо маҷбур мекунанд, ки ба ҳаргуна газетаҳои кӯдакона обуна шаванд? Ҳатто нақшабандӣ мекунанд. Ҳой таъсисдиҳандаҳои газету маҷала ва рӯзномаҳо, оё шумо шарм намекунед, ки хароҷоти шуморо маҷбуран бояд талабагон пардохт кунанд!? Агар шумо хабару мавзуъи ҷолиб, яъне (эксклюзив)-ро чоп кунед, хонанда худаш омада, харидорӣ мекунад. Аҷиби дигараш дар он аст, ки дар аксар шаҳру навоҳӣ волидайни хонандагон аз камбуди молӣ сӯҳбат карда, дар баробари маблағи либоси ягона, пули китоб шиква мекунанд. Ба хонандаи синфи 2-юм китобчаи имлои забони тоҷикиро бо арзиши 5 сомонӣ фурухта мешавад. Барои хонандаи синфи 2 китоби имло чӣ лозим!? Имло барои онҳое бояд фурӯхта шавад, ки онҳо ба таъбу нашр кор мекунанд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter